Санаи 20 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки директори «Маркази илмӣ – тадқиқотии Пешвои миллат»-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.С. ва ҳайати шахсӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбарияти раёсат ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки дар атрофи сиёсати сулҳофаронаи сарвари давлатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни дигар низ дар мавзуъҳои «Нақши Ваҳдати миллӣ дар шукуфоии Ватан» ва «Ваҳдати миллӣ – падидаи нодири мактаби давлатдории Пешвои миллат» ибрози андеша намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз ин рӯйдоди бузурги таърихӣ сурат гирифта, бо тамошои дастаҷамъонаи навори мавзӯӣ анҷом ёфт.

Маркази матбуоти Агентӣ