6 - майи соли 2026 дар ҳошияи «Моҳвораи ҷавонон» ва инчунин, дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ барои солиҳои 2025 - 2026» дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ тариқи маҷозӣ Конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва амалияи муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.

 Дар кори Конфронс кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, дар рафти он тарафҳо доир ба заминаҳои ҳуқуқии сиёсати зиддикоррупсионӣ ду кишвар ва роҳҳои амалисозии он, муқовимат ба коррупсия ва чораҳои пешгирикунандаи ин падида, инчунин дигар масъалаҳои ҷолиби диққат табодули таҷриба намуданд.

 Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии ҳарду кишвар заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ