13 ва 14 майи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Истиқлол, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва Гимназияи шаҳрии №13-и шаҳри Хуҷанд як қатор сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳо намояндагони Агентӣ доир ба мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳаҳои мухталиф, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот бо дарҷи мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи тафтишотӣ баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур намуданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони саҳаи мазкур мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ