Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабиниҳо аз ҷониби кормандони мақомот қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи дастаҷамъона буда, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар коҳиши сатҳи коррупсия саҳми худро гузорад. Аз ин рӯ, ба иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаъолона мусоидат намоянд.
Ғайр аз ин, зимни баргузории вохӯриҳо ба иштирокчиён моҳияти тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, таҳдиду хатарҳои терроризм, эктремизм ва дигар ҷиноятҳо фаҳмонида шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муносибати тоқатнопазир нисбат ба зуҳуротҳои экстремизм ва терроризм тарбия намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ