Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон санаи 18 июни соли 2025 дар толори ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа бо сокинони деҳаҳои Анҷин, Дирҷид, Савир ва Пастарес суҳбату вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки намояндаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, раиси Ҷамоати деҳот ва фаъолони деҳаҳо баргузор гардида, дар рафти он доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти маблағи он, тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин самт, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи васеи таблиғотӣ доир карда шуда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои марбута ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.
Вохӯрӣ дар сатҳи баланд сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ