Моҳи июни соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия ва кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳот ва фаъолони ноҳия семинар машварат ташкил ва бургузор карда шуд.
Дар чорабинии доиргардида кормандони Агентӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи меъёр ва қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи истифодаи он, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ба ҳозирин маводҳои иттилоотии соҳавиро пешкаш намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддиколрурсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ