17 сентябри соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон ҷаноби Газӣ Шбайкт сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ директори Агентӣ ташрифи аввалини Г. Шбайктро ба мақомот хайрамақдам гуфта, дар корҳои эшон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон комёбиҳо таманно намуданд. Сипас ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар доираи «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» муколамаи судманд анҷом дода, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста раванди эъломиякунонии дороиҳои шахсони мансабдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Дар идома, ҷаноби Г. Шбайкт аз сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дастоварҳои Агентӣ дар ин самт изҳори таҳсин намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкории худро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои муҳим боз ҳам тақвият медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои густариши фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Маркази матбуоти Агентӣ