Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон   02.06.2022

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон” имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

-“Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023;

-Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон;

- Харитаи роҳ оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон;

Дар маҷмӯъ дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нав Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2022 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни форум баъди муаррифии имкониятҳои сармоягузорию тиҷаоратии Тоҷикистон байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ба хотири таҳкиму тавсеи ҳамкориҳо ва дарёфти шарикони нав мулоқоту вохуриҳо доир шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти кори Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар маҷмуъ 75 санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Маблағи созишномаҳои имзошуда дар маҷмуъ 570 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкории минбаъдаи соҳисбкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминии аввалия ба Узбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.

Дар форум инчунин ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи умумии 258 миллион доллари америкоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо дарназардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ татбиқ карда мешаванд.

Чоп намудан E-mail