Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус   11.10.2022

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   11.10.2022

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

 

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

 

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ва намоиши маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода

Боздид аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ва намоиши маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода   03.10.2022

3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.

 

Хоҷагии деҳқонии “Ислом” дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.  

 

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода

Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода  03.10.2022

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

 

Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.

 

Президенти мамлакат иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.

 

Муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  27.09.2022

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо устодону донишҷёни донишкада ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкада ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик гуфтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ ва бетон бо озмоишгоҳи муосир дар маҷмааи истеҳсолии КВД «Роҳсоз» дар шаҳри Душанбе

Ба истифода додани коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ ва бетон бо озмоишгоҳи муосир дар маҷмааи истеҳсолии КВД «Роҳсоз» дар шаҳри Душанбе  13.09.2022

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» аз коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо бо озмоишгоҳи муосир, бинои маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” дар шаҳри Душанбе  13.09.2022

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани бузургтарин Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Ба истифода додани бузургтарин Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе   13.09.2022

13 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишӣ ва Академияи футболи “Ювентус” иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ