Брагузории семинари омӯзишӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия 18 июли соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Низоми арзёбии рейтингии самаранокии фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия” тариқи маҷозӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуданд, ки дар рафти он роҳбарият ва масъулин аз ҳарду ниҳод ширкат варзиданд.

 

Зимни чорабинӣ баромадкунандагон атрофи низоми арзёбии рейтингии фаъолияти зиддикоррупсионии мақомоти давлатӣ, тадбирҳо оид ба амалисозӣ ва ҷорӣ намудани ин низом, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт мавҷудбуда ибрози андеша намуда, дар қисмати хотимавии чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Боиси қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам оварда, дар назар аст, ки аз натиҷаи он ҷонибҳо аз таҷрибаи муоссири зиддикоррупсионии тарафҳо баҳраманд мегарданд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail