Вохӯрии дуҷонибаи ҳайати расмии Агентӣ бо роҳбарияти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд
Санаи 2-юми майи соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ» вохӯрии дуҷонибаи ҳайати расмии Агентӣ таҳти роҳбарии муовини якуми директор Расулӣ Барот ва роҳбарияти Департаменти болозикр баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ масъалаҳои ҳамкории воҳидҳои наздисарҳадии мақомотҳо ва таъмини иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи шарикии мутақобилан судманд дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионии фаромиллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ