ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Ифтитоҳи бинои нави дастгоҳи марказии Агентӣ

 

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст.

Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин зуҳуроти номатлуб ва тоқатнофарсо аз ҳаёти ҷомеа дуртар ва сатҳи он ҳарчӣ бештар коҳиш дода шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масъала бетараф набуда, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ дар ин ҷода қадамҳои устувори худро гузошта истодааст.

Дар раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъол маҳсуб ёфта, бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия, дар сатҳи миллию байналмилалӣ як қатор чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади тақвияти мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти Қонун бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъсиси чунин мақомоти махсусгардонидашуда изҳори раъйи қотеонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир бо коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Дар идомаи ин иқдом ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ фароҳам оварда шуда, ҷои он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян ва салоҳияту ваколатҳои он дақиқ карда шуданд.

Вобаста ба талаботи замон сохтори Агентӣ такмил дода шуда, дар ҳайати он Сарраёсати муқовимат ба коррупсия, Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор, Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, шуъбаҳои минтақавӣ дар водиҳои Зарафшону Ҳисор, минтақаи Рашт ва якчанд шуъбаю бахшҳои дигар таъсис ёфтанд.

Таъминоти молиявии мақомот ва музди меҳнати кормандон мунтазам афзоиш ёфта, тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ бо биноҳои маъмурӣ таъмин гардидаанд.

         Имрӯз бо тантана мавриди истифода қарор додани бинои нави маъмурӣ барои кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ғамхории навбатии Сарвари давлат мебошад.

Воқеан, бино бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосири байналмилалии меъморӣ сохта шудааст. Барои фаъолияти пурсамар ва судманди кормандони Агентӣ дар бино тамоми шароитҳои мусоиди корию хизматӣ фароҳам гардидааст. Иншоот аз 7 ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, толори тамрину варзиш, китобхона ва ошхонаи замонавӣ мебошад, ки онҳо бо тамоми таҷҳизотҳои зарурию соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.      

Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомот мулоқот баргузор карда шуда, зимни вохӯрӣ вазъи муқовимат ба коррупсия, ошкору пешгирӣ ва таҳқиқу тафтиши кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, ба Агентӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

        Дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти Агентӣ ҳар як кормандро водор месозад, ки фаъолияти пурсамар намуда, саҳми босазои худро дар мубориза бо коррупсия гузошта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста меҳнати софдилона намоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2020.