Қаллобии корманди идораи замин

 

Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун фаъолият намуда, ҷинояти қаллобиро бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович бо расонидани зарари моддӣ содир намуд.

Чунончӣ, номбурдагон шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.

Сипас, Сафарализода Т.С. ва Сафаров Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муаянеро иҷро накарданд.

Ҳамин тариқ, нисбати Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ ва Сафаров Ҷумахон Муродович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ