Ошкори ҳолати қаллобии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян намуд, ки Назаров Ф.З. дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир намуд.

 

Чунончи, Назаров Ф.З. давоми фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х.М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М.К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсолоти кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, маблағи умумии 20 000 доллари ИМА-ро талаб карда гирифта, баъди гирифтани маблағ ба манфиаташ ягон амали муайянро иҷро накарда, онро ба тасарруфи худ ворид кард.  

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Назаров Ф.З. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail