Тасарруфи маблағҳои пулӣ аз тарафи духтури Беморхонаи клиникии вилояти Суғд
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Саидов А.Ҷ. аз соли 2005 инҷониб дар вазифаи табиби бемориҳои чашми дармонгоҳи маслиҳатдиҳии Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
Чунончӣ, Саидов А.Ҷ. қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, давоми моҳҳои август ва сентябри соли 2024 бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба боварии якчанд сокинони ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд даромада, аз онҳо бо баҳонаи омода кардани 5 адад билети ҳарбии носолим ба хизмати ҳарбӣ барои хешовандонашон дар умум маблағи 97000 сомониро талаб карда, зимнан дар якчанд ҳолат аз онҳо маблағи 47000 сомониашро қисм ба қисм гирифтааст.
Саидов А.Ҷ. кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети ҳарбии носолим ба хизмати ҳарбиро надорад, моҳи ноябри соли 2024 аз шаҳрвандон дастрас намудани боқимонда 50000 сомониро талаб намуд, ки дар натиҷа зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир гардида, далели шайъӣ - маблағи 50000 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов А.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ