Ошкори ҳолати қаллобии директори оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна”

Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори генералии ҷамъият Арабов Б.Г., сармуҳосиби ҷамъият Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав С. бо роҳи фиреб ба боварии 82 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, аз номбурдагон барои дар Ҷумҳурии Чехия  бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98500 сомонӣ ва 50430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Рустамов Т.А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ