Ошкори ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ва қаллобии корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки Саидзода К.Б. аз 16 феврали соли 2022 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт моҳи апрели соли 2024 аз шаҳрванд А.Р. барои омода карда додани маълумотнома оиди қарздор набудани падараш аз андози замин маблағи 4000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт.
 
Ғайр аз ин, Саидзода К.Б. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, худи ҳамон вақт дар ҳамшарикӣ бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Рабизода Т.А. аз шаҳрванд А.Р. барои омода намудани як қатор ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 7200 сомонӣ талаб намуданд, ки дар натиҷа Саидзода К.Б. ва Рабизода Т.А. зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд А.Р. дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидзода К.Б. бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 36 қисмҳои 3 ва 5 - 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Рабизода Т.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ