Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт

13 июни соли 2024 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар маркази шаҳри Роғун дар шароити тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

 

Қобили зикр аст, ки иншооти мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон роҷеъ ба фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Агентӣ ба истиқболи ҷашни “Рўзи Ваҳдати миллӣ” сохта ба истифода дода шудааст.

 

Бинои шуъба бо истифода аз тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шуда, он аз бинои асосии дорои 3 ошёна ва бинои иловагии якошёнагӣ иборат буда, масоҳати умумии иншоот 1028,6 м2-ро ташкил медиҳад.

Дар бино тамоми шароитҳои зарурии корӣ муҳайё гардида, ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоту техникаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар бино ғайр аз утоқҳои корӣ инчунин китобхона, ошхона ва ҳуҷраҳои истиқоматӣ мавҷуд мебошанд.

 

Қайд гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии Агентӣ ин таъмини амнияти иқтисодӣ давлат, назорати истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, муқовимат ба коррупсия ва дигар функсияҳои тибқи қонун пешбинишуда ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони мақомот барои дар сатҳи дахлдор амалӣ намудани ин вазифаву функсияҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ