Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор
Абдураҳимзода Т. дар вазифаи муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар ҳолати зерин ҷинояти гирифтани пораро содир намуд.
Чунончи, Абдураҳимзода Т. дар давраи фаъолияти кории худ парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳоро ба пешбурди худ қабул намуда, бо гузаронидани амалҳои зарури тафтишотӣ ҳолати гунаҳгории шаҳрванд Охматов А.А.-ро дар содир намудани ҷинояти болозикр муайян намуд. Сипас номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, барои иҷрои амали ғайриқонунӣ, яъне ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардани охирин аз падари номбурда Охматов А.Н. тавассути Охунов Ҳ.А. ба сифати пора маблағи 6000 доллари ИМА талаб кард.
Санаи 27 январи соли 2024 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд баъди аз шаҳрванд Охунов Ҳ.А. гирифтани маблағи 6000 доллари ИМА ба сифати пора дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуда, маблағи 6000 доллари ИМА аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдураҳимзода Т. бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ