Баргузории озмуни байналмилалии ҷавонон оид ба таблиғоти иҷтимоии зиддикоррупсионӣ “Якҷо бар зидди коррупсия!”

Ба маълумоти ҷавонон аз синни 10 то 25 сола расонида мешавад, ки ҳарсол Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар доираи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия озмуни байналмилалии ҷавонон оид ба таблиғоти иҷтимоии зиддикоррупсионӣ “Якҷо бар зидди коррупсия!”-ро баргузор менамояд.
 
Мақсади баргузории озмун ин фароҳам овардани шароит барои худшиносии эҷодии кӯдакону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва оммавигардонии маъёрҳои зиддикоррупсионӣ мебошад.
 
Ҷуғрофияи озмун доимо васеъ шуда истодааст ва аллакай ҷавонон аз Алжир, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Мадагаскар, Покистон, Россия, Сурия, Тоҷикистон, ҶАҶ ва дигар давлатҳо муттаҳид мекунанд.
 
Озмун дар се бахш баргузор мегардад: “Плакати беҳтарин”, “Беҳтарин расм” ва “Беҳтарин навор”. Барои иштирок шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 10 то 25 сола даъват карда мешаванд.
 
Корҳо дар вебсайти www.anticorruption.life аз 1 майи соли 2024 то 1 октябри соли 2024 қабул карда шуда, қоидаҳои он дар вебсайти зикршуда бо забонҳои аглисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ дастрас мебошанд.
Ҷамъбастии натоиҷи озмун ба Рӯзӣ байналмилалии мубориза бо коррупсия бахшида шудааст (9 декабря).
 
Маводҳои озмун плакатҳои зиддикоррупсионӣ, расмҳо ва видеоҳо – баъдан ҳамчун таблиғи иҷтимоии зиддикоррупсионӣ истифода мешаванд ва дар намоишгоҳҳои сершумор, аз ҷумла дар майданҳои байналмилалӣ намоиш дода мешаванд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail