Семинари омӯзишӣ барои котибони судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 октябри соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои котибони судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуд.

 

Чорабинии мазкур бо суханҳои ифтиттоҳии муовини якуми директори Агентӣ, генерал-майори адлия Сафарзода С., муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ф. оғоз гардид.

 

Баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва маърифати зиддикоррупсионии шунавандагон бо роҳи шиносоӣ аз фаъолияти мақомот, инчунин пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб ва ҷалби онҳо ба раванди муқовимат ба коррупсия ҳадафи асосии баргузории семинар маҳсуб меёбад.

 

Дар ин доира масъулини Агентӣ атрофи паҳлуҳои мухталифи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва тафтиши пешакии чунин ҷиноятҳо, пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва роҳу усулҳои бартараф намудани онҳо маърўза намуданд.

 

Қайд гардид, ки коррупсия кайҳо масъалаи дохилидавлатӣ набуда, балки ба як падидаи фаромиллӣ мубаддал гаштааст, ки ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо дахолат мекунад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор дода, пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунандаро тадриҷан такмил дода истодааст. Дар ин ҷода аз хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як фарди бонангу номуси кишвар танҳо тақозо мегардад, ки ба бетарафӣ ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсия роҳ надода, бо иродаи устувори худ бар зидди ин падидаи номатлуб муқовимат баранд.

 

Зимнан ба иштирокчиёни семинар баҳри пайвасти мубодилаи афкор ва пажўҳишҳои минбаъда, тарбияи зиддикоррупсионии ҷавонон, тақвияти ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ дар кори муқовимат ба коррупсия майдони мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ,

 

 

 

 

 

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ