Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия

4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия бо иштироки директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ва ҳайати расмии мақомот баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, байни роҳбарони аввали мақомотҳои муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба корҳои анҷомдодашуда табодули афкор сурат гирифт.

 

Дар асоси қарори қабулгардида Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамраисикунандаи Шӯрои болозикр эътироф гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии он соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

 

Маркази матуботи Агентӣ

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ