23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  23 феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намуд.

        

  Оинаи таърих гувоҳи он аст, ки Артиши миллии кишвар соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил ва ҳасос таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кардааст. Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро ҳамчун мерос соҳиб шуда буданд, бидуни мавҷудияти кадрҳои тахассусӣ, бе таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуда, Ҳукумати мамлакатро зарур буд, корро дар ҷойи холӣ оғоз намояд.

 

  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизотҳои муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

        

  Дар тӯли 29 соли фаъолият сохторҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии кишвар қариб ҳамаи мушкилиҳои ҷойдоштаро паси сар намуда, ба дастовардҳои чашмрас ноил гадиданд, ки онҳоро бо ду сухан иброз намудан ғайриимкон мебошад. Бахусус қайд кардан ба маврид мебошад, ки рушди Қувваҳои Мусаллаҳ пояи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар ривоҷу равнақи Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аз лиҳози таъминнокӣ бо техника ва лавозимотҳои ҷангӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси аз технологияҳои муосир огоҳбуда, шароити хуби иҷтимоии сарбозону афсарон ва дигар ҷанбаҳои муҳим, равона гардидааст.

        

  Дар ин марҳила афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо оварданд.

        

  Моҳи январи соли 2022 иштироки намояндаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеояд, гувоҳи ба яке аз артишҳои пешқадами манотиқ табдил ёфтани Артиши миллии мо мебошад.

        

  Маврид ба зикр аст, ки ҳомии Ватан - шахсест, ки бо ҷону тан ва амалан ба халқ, миллат ва давлати хеш хизмат мекунад. Албатта, пеш аз ҳама ин сарбозону афсароне ҳастанд, ки дар ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва ягонагии кишвари азизамон шабонарӯза заҳмат мекашанд. Бе шубҳа заҳмату ҷоннисориҳои родмардони Ватан кафили фазои орому осоиштаи Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

 

  Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

 

  Дар ин асно, лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

        

  Аҷдодони мо низ ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд, барои озодӣ ва ҳифзи Истиқлолият ҷони худро дареғ намедоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро гузаштагонамон омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

        

  Мо итминони комил дорем, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош менамоянд ва рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

        

  Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамаи ҳомиёни шуҷои Ватанро бо ин ҷашни таърихӣ - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумоён саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоем.  

        

  Ид муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

 

  Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан