Омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Кормандони Агентӣ бо маърӯзаҳои пурмазмуну пурмуҳтаво баромад намуда, иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.
Дар идома мазмуну моҳияти Паёми Президенти мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, қайд гардид, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон, суботу ҳамдигарфаҳмии бардавом ва устувории сиёсӣ бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки ҳар як фарди бо нангу номуси ватани азизамон бахусус хизматчиёни давлатӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав бояд беғаразона фаъолият намуда, ба ин васила дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ.