МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ»

20 ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» баргузор гардид.

        

Дар чорабинӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 сентябри соли 2024 роҳандозӣ гардида, аз 15 октябр то 15 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар кори он зиёда аз 3000 хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз ин шумора 95 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат ёфт ва 18 нафари онҳо ғолиби даври ниҳоии озмун дониста шуданд.

 

Озмун бори нахуст аст, ки дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо завқу ҳаваси баланд ширкат намуданд. Озмун аз ду давр иборат буда, даври аввали он моҳи октябр дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври ниҳоӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷамъбаст шуд.  

 

Дар даромадгоҳи бино расмҳои тасвирнамуда, иншо ва мақолаҳои иштирокчиёни озмун ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз ҳунару истеъдоди онҳо бохабар гаштанд.

        

Дар идома меҳмонон ба иштирокчиёни озмун диплому туҳфаҳои хотирмонро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

        

Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, бо иштироки  ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ намоиши фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

        

Маркази матбуотӣ Агентӣ

Чоп намудан