Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд
14 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро муовини якуми сардори раёсат ҳусни оғоз бахшида, қайд гардид, ки дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аз натиҷаи баргузории он дар ҷумҳурӣ сохти конститутсионӣ барқарор карда шуд.
Дар иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор намуда, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадиро таъсис доданд.
Зимнан, дар идомаи чорабинӣ кормандони раёсат бо маърӯзаҳои баландмазмун баромад намуда, фикру ақидаи хеш вобаста ба ба нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ироа карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлис роҳбарияти раёсат ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, барояшон бурдбориву хонаободӣ ва барои Тоҷикистони азиз пешравиҳои беназирро таманно намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ