Таҷлили “Иди байналмилалии Наврӯз”
Санаи 21 марти соли 2024 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори “Иди байналмилалии Наврӯз” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони воҳидҳои марказӣ ва маҳалию минтақавии. Агентӣ дастархони идона ороста, дар он тамоми унсурҳои анъанаи наврӯзиро инъикос намуданд, ки воқеан аз қадима ва бошукӯҳ будани ин ҷашни бузург мужда медиҳад.
Сипас дар идомаи чорабинӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба ин ҷашни фархунда ҷаласаи тантанавӣ барпо гардида, зимни он директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ҳозиринро ба муносибати ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ табрикоти як қатор кормандони мақомот ироа шуда, ғолибони мусобиқаи варзишӣ дар намуди “Футболи хурд” миёни кормандони Агенти бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.