НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА НИГАҲДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳамасола санаи 5-уми октябр дар тамоми қаламрави Ватани азизамон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидани ин санаи муборак барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи забони давлатӣ - забони модарии мо нақши муҳим дорад. Зеро дарки зарурати забони тоҷикӣ чун нахустомили бунёд дар пойдории давлати миллӣ ба умқи ҳастии ҳар як фарди бедордили тоҷик бояд расад.

 

Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард.

 

Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамадуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Забони тоҷикӣ аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони илму адаб, фарҳангу санъат, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии бисёр сулолаҳои бонуфуз ва давлатҳои абарқудрат дар ҳудуди  Осиёи Марказӣ ва то Ҳиндустон буд.

 

Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон, дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ кард.

Забони тоҷикии дарӣ ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, он рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ ба дӯш доранд.

 

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, бо шуҷоати том дар оғози даврони Шӯравӣ адабиёти оламшумули тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нашр намуда, овозаи тоҷикро ба гӯши оламиён расонид.

 

Муддате баъд фарзанди барӯманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров асари камназири худ «Тоҷикон»-ро таълиф намуда, таърихи чандинҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён шинос намуд.

 

Вақте масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри наву ҳазораи нав, яъне дар ибтидои ҷаҳони муосир зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи кишварро таъмин бахшиданд. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир эъмор гардида, ба як ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.

 

Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат, нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои сарвари тоҷикони дунё аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

 

То ба имрӯз бо қалами мубораку тафаккури камназири абармарди оламшумули муосири мо тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимате ба табъ расонидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодатгари шахсияти нодиру нотакрор, дилогоҳу мутафаккир ва ҳакиму донишманд будани Пешвои муаззами миллат, далели собити азму иродаи қавӣ дар ҳифзи номус, ҳувият ва худогоҳии миллии мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё, заҳматҳои холисонаи мавсуф ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ мебошанд.

 

Ба масъалаи забон рӯй овардани Сарвари давлат бесабаб нест. Ва чуноне ки дар асари арзишманду бунёдии илмиашон “Забон ҳастии миллат” ишора намудаанд: «Бақои тоҷик, забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

 

Мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикони асри ХХI аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пуштибону ҳомии забон буда, онро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва дар баробари Модар ва Ватан аз ҷумлаи арзишмандтарин муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, ба рушду инкишоф ва устувор гардидани мақому манзалати забон дар ҷомеа гардида,  барои мо боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди бедордилу соҳибзабон ва тамоми тоҷикзабонони дунё мебошад.

 

  Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат, ки ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчун роҳбари хирадманду оқил, мушфиқу ғамхор ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва чеҳраи шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир шинохта ва пазируфта шуданд, нисбат ба забони модарии хеш - забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доранд, ки  ин муҳаббат ва арҷгузориашон ба забон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мақоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ таѓйир ёфт. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Сарвари давлат онро ҳамчун як рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намудаанд, ки он аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, ба хусус, дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

 

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар асари мазкур дар баробари баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногуни асрҳои мухталиф аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи таърихиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар он нуқтаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

 

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар китоби мазкур перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳимми илмиро рӯйи кор овардаанд, ки он ба таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоби мазкур саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиётамон бозгӯ намуда, намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад. Ин китоб барои таърихнигорон, адабиётшиносон, забоншиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон манбаи муҳимми илмӣ ва барои аҳли илму маорифи кишвар воситаи беҳтарини таълимию тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.

 

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омада, дубора ба ҳайси забони корбурди масоили давлатӣ, забони муошират дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин аст, ки дар даврони Истиқлол забони тоҷикӣ тавассути ин абармард борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Миллали Муттаҳид садо дод ва ин мояи ифтихори ҳар як сокини ватандӯсту забондӯсти Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, садои забони тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз гардида, ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

 

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

 

Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафишон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароуннаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки абармарди замон, роҳбари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард.

 

Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.

 

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail