СУЛҲУ ВАҲДАТ- ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
(Рустами Ваҳҳоб)
Таърих гувоҳ аст, ки 26 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд.
Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 – 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфта, зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Андешаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мардум бесабаб набуд. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта байни мардуми куҳанбунёду бофарҳанги мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
26 сол қабл яъне 27 июни соли 1997 – баъди 8 даври гуфтушунид (с. 1994-1997) «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар ш. Москва, ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос намуд.
Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Албатта, вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, ба сари ҳар як фарди худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист? Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Дар воқеъ сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи қавии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати таърихии ин сиёсатмадори барҷаста дар роҳи раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва вартаи нестӣ мебошад.
Баракати расидан ба Ваҳдати комили миллӣ ҳамчун омилҳои созанда ба мардуми сарбаланди тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар самти бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд ва дар маҷмӯъ бунёди як ҷомеаи ободу ором қадамҳои устувор гузорад.
Маҳз ба ҳамин хотир Ваҳдат - ҳамчун шоҳроҳи худогоҳиву худшиносӣ ва сабақи ибратомӯзи таърихӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта бештар ба қадри Ватан, истиқлолият, озодӣ, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқии халқи худ бирасем ва ҳамчун рисолати инсонию шаҳрвандии худ бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Худро масъул донем, то ки андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.
Чунки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи кишвар бояд ба моҳияти арзишҳо ва ѓояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад.
Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарѓибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.
Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситонем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».
Намояндаи барҷастаи фарҳанги миллии мо Ҷалолиддин Балхӣ, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ѓарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад. Афкори Мавлонои Балхӣ, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд.
Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавоӣ Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст. Мисраъҳои зерин шоҳкорианд дар мавзуи сулҳ, ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гум намекунанд:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.
Яке аз асарҳои пурарзиши М.Турсунзода достони «Ҷони ширин» мебошад, ки дар бо баробари инъикоси бисёр масъалаҳои муҳимми замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо, мавқеи зан ва мароми ӯ дар ҷомеа, инчунин тараннуми сулҳ низ бо сабку услуби хосе таҳрезӣ шудаанд. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ аз тарѓибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад. Мунодии сулҳ аз ин вазифаи пурифтихори хеш болида шудааст.
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Устод М. Турсунзода дар асари мазкур бо ҳисси баланди вафодорӣ ва садоқат нисбат ба оила моҳияти асосии ин ду калимаи муқаддаси «сулҳ» ва «дӯстӣ» - ро бо содагиву равонӣ чунин шарҳ додааст:
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.
Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба мамолики гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо, ҳангоме ки паёми сулҳро дар фазои минтақаҳо танинандоз мегардонид, ба хубӣ дарк намуда буд, ки мафҳуми сулҳ, яъне, идомаи зиндагӣ, ояндаи дурахшон ва абадият аст. Барои ҳамагон маълум буд, ки ҷанг танҳо барои ашхоси алоҳидаи манфиатҷӯву адолатпеша лозим аст ва қувваи аксарият ҷонибдори сулҳу дӯстист. Дар ҷое устод аксуламали оммаро нисбат ба ин ду мафҳум чунин тасвир намудааст:
Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.
Шеъри Турсунзода рози ваҳдат аст,
Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.
Оре, сулҳ мафҳумест бузургу муқаддас, ифодакунандаи амният, осоиштагию озодӣ, истиқлолият ва нишони ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо каломи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир шуд. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарҷ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон бо шарофати ин ҷашни бузург ва ифодагари ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоем.
Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистон ваҳдатистони ҷаҳон бошаду дар фазои сулҳу субот раҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!