Иди модарон муборак!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни Шумо модарону хоҳарон ва бонувони азизро табрик мегӯяд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан - модар таҷлил мекунанд. Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан - модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. 

Ҳамду сано ба зан - модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

Худованд ба зан - модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳилаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.

Боиси тазаккур аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз соҳибмаърифат ва соҳибкасб будани зан-модар вобастагии ногусастанӣ дорад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул ва амали гардида истодааст.

Ҳадафи қабул аз ин санадҳо пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Бо ин мақсадҳо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардид, ки бевосита ба сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занон нақши муҳим бозид. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа теъдоди зиёди занону духтарон фаъолият доранд ва боиси ифтихор аст, ки дар сафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 23 нафар занони шоиста бо ақлу заковат ва дорои иродаи мустаҳкам хизмати содиқона менамоянд. Аз ин шумора 4 нафари онҳо дар сатҳи роҳбарикунанда, боқимонда бошанд дар мансабҳои  гуногун кору фаъолият намуда    истодаанд.

Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан - модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.

Дар фарҷоми сухан ҳамаи Шумо гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои Шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

          Роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ