Наврӯз ҷашни байналмилалӣ

 

Шукрона мекунем, ки боз ба баҳори нав расидем. Хуҷаста бод айёми рустаниҳову шукуфтанҳо, ки исмаш Наврӯз аст.

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави тоҷикон мебошад. Вожаи «Наврӯз» аз забони паҳлавӣ сарчашма гирифта, аввал «нукруз» ном бурда шуд ва баъдан шакли Наврӯзро гирифта, маънояш рӯзи нав, рӯзи нахустин, соли нав ё худ иди сари сол аст. Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори фасли баҳор ба ҳисоб меравад.

Наврӯз бунёди донишиву нуҷумии устувор дорад ва ба ин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳо мебошад. Ин ҷашн таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, куҳнатарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Қадимтарин манбае, ки дар он аз ҷашни Наврӯзӣ зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиён “Авасто” мебошад. Тибқи таълимоти “Авасто” мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар “шаш намуд” фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон шакл гирифтааст, таҷлил кунанд. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла, “Шоҳнома”-и  Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудааст. Вақте, ки Ҷамшед тахти тиллогини худро сохт дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошт, тилло дар нурҳои офтоб ҷилва дода, равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар ин мероси халқӣ ҳамчунин бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Дар дастархони идона таомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешавад гузошта мешуд. Ҳамчун қоида дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад.

Наврӯз ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, рамзи дӯстию рафоқат ва ба зиндагии хушу хуррам расидан мебошад.

Шӯълаафкан шудани офтоб, зинда шудани табиат, ҷомаи сабз ба бар кардани замин, муғчаву гул кушодани дарахтон аз он шаҳодат медиҳад, ки ба сарзамини мо баҳори нозанин меояд.

Наврӯзи хушфолу хушпай ҳам дар даврони истиқлолият чун монии сулҳу ваҳдат, фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон сиёсати паймонрезу пурҳикмати давлат ва Пешвои муаззами мо дар арсаи ҷаҳон эътирофу шинохта ва муҳтарам аст. Ҳар сол мардум дар маконе бо ҳам меоянд ва ин ҷашни зебою мондагорро таҷлил мекунанд.

Бо ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат соли 2009 ҷашни Наврӯз бо қарори ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил гардид ва дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарорномаи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ба тасвиб расид. Бобати ба тасвиб расидани ин қарордоди барои мардуми ориёитабор хеле фараҳбахш саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Наврӯзи даврони Истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Соли нави Аҷам - Наврӯз, ки Иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Ҳамакнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат буда, ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузории ин ҷашни миллӣ арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст”.

Мо мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем ва онро гиромӣ дорем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондааст. Бояд аз он шукргузор бошем, ки Соли нави суннатии худро дар фазои пешрафту созандагӣ ва меҳнати бунёдкорона истиқбол мегирем ва муваффақиятҳои кишвари мо рӯз аз рӯз афзун гашта, шубҳае нест, ки баҳори нав ба мардум барору комёбиҳои нав ато месозад.

Ҳамватанони гиромӣ! Шуморо бо фарорасии иди баҳор - Наврӯз аз самими қалб табрик гуфта, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ, офтоби бахташон доим дар болои сарашон тобанда, дастархони ҳар хонадон пурфайзу баракат ва  ҳар рӯзи мардуми диёр саршор аз нишоту сарсабзиҳо бошад. Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад!

 

Сарнозири  Сарраёсати муқовимат

ба коррупсияи Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза бо

коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

лейтенанти калони адлия                                                    Акрамзода Ё.А.

Чоп намудан E-mail