Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия
Бо дарназардошти натиҷаи ошкори камбудиҳо ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо давоми соли 2019 аз ҷониби Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассир роҳандозӣ карда шуданд.
Дар ин замина ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо унвонии вазоратҳои адлия, молия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, андоз, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон 15 адад пешниҳодҳо таҳия ва ирсол карда шуданд.
Пешниҳодҳои ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ дар вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои васеъ баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин чораандешии Агентӣ барои боз ҳам босифату мукаммал таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёри ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.