Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат!

9-уми сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик дар замони навин ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва таи 32 сол ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад.

 

Маҳз Истиқлол имкон фароҳам овард, ки пойдевори давлатдории воқеӣ ва сиёсати миллии кишвар гузошта шавад. Истиқлоли воқеӣ кафили мустақилияти давлат ва ҷилои рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Маҳз Истиқлол имкон ба миён овард, ки кишвари азизи мо барои ҳимояи дастоварди бузурги худ дар шакли давлати милливу дунявӣ Артиши миллӣ ва неруҳои мусаллаҳ дошта бошад.

 

Баъди эълони Истиқлоли давлатӣ моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои муассири ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ таъсис дода шуда, марзу буми Ватан ва сарҳади давлатамон таҳти муҳофизату назорати доимӣ қарор гирифт.

 

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите ташкил гардид, ки раванди тезутундшавии  вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ноором буда, норасоии  низомиёни касбӣ дар кишвар эҳсос мегардид. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбиву сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифт. Дар чунин шароит Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд, гарчи барои бунёди он заминаи мувофиқи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, таҷҳизот ва техникаи ҳарбӣ, ки дар давраи Шӯравӣ мавҷуд буд, бо ғаразу тамаъ аз кишвар бароварда шуда буд. Амалан, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи заиф, тақрибан аз  сифр оғоз гардид.

 

Дар таърихи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумат «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори хоса дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

 

Ба шарофати Истиқлол ва Артиши миллии устувор кишвари мо ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуд. Вале мо дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳоло ҳам ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёз дорем.  Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин иброз намудаанд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».

 

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори даргириҳои шаҳрвандӣ (1992 - 1997) ва шиддат вазъи минтақаву ҷаҳон садоқати хешро ба Ватан нишон дода, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва маҳви гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ вазифаи фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо карданд. Дар ин давра Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се навъи асосӣ - Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд, барои пешгирии фоҷиаи миллӣ дар шакли ҷанги шаҳрвандӣ нақши созандаро анҷом дод. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар ниҳодҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ месозанд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, дигаргуниҳои зиёд ба сомон расонида шуданд, ки ҳама ба мустаҳкам гардидани Артиши миллӣ ва қудрати ҳимоявии давлату кишвар равона гардидаанд.

 

Тибқи стратегияи низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, машқҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагӣ ба сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби сарварони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ баҳри танзими фаъолияти ҳамҷоя бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.

 

Ин ҳама иқдомҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар робита бо давлатҳои мутамаддин ва қудратманди минтақа ва ҷаҳон қарор дорад ва бо Артиши миллии салоҳиятманди хеш дар кори мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм саҳми арзандаву муҳиму назарраси худро мегузорад.

 

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид мекунанд: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем. Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем».

 

Табиист, ки дар рушди чунин муносибатҳо кишвари мо ба Артиши миллии неруманду ҷавобгӯи талаботи замон ниёзманд аст ва сиёсати оқилонаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт низ барои бештар сохтани қудрати Қувваҳои Мусаллаҳ ба хотири таъмини амнияти дохилӣ ва ҳифзи марзу буми миллӣ равона гардидааст. Президенти муҳтарами кишвар нақши Истиқлолро дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муайян ва таъкид карда, борҳо аз минбарҳои баланд тавзеҳ додаанд, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифзи амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ кишвар дорои аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз аст ва кишвари мо барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

 

Бо тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуданд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои мавҷударо бартараф карда, мунтазам ташаккул ёфтаву муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардидаанд.  

 

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҷангдидаву боҷасорат, ватандӯст босадоқат неруи қудратманди ҳифзи мамлакат гардидааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи дигар арзишҳои миллӣ яке аз муқаддасоти муҳими давлат – рукни умдаи давлатдории миллӣ дониста мешавад.

 

Дар ин радиф ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони содиқу далери кишвар – муҳофизони содиқи Ватанро самимона табрик менамоем!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ