ПАЙМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚҲОИ
ИҚТИСОДӢ, ИҶТИМОӢ ВА ФАРҲАНГӢ
Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ кушода аст.
Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мутобиқи моддаи 27 аз 03 январи соли 1976 эътибор пайдо кардааст[1].
МУҚАДДИМА
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон
бо дарназардошти он, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи инсонӣ ба ҳамаи аъзои оилаи инсон хос аст ва ҳуқуқи баробар ва ҷудонопазири онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст,
бо эътирофи он, ки ин ҳуқуқҳо аз шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд,
бо эътирофи он, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон идеали шахсияти озод, озод аз тарсу эҳтиёҷ, танҳо дар ҳамон сурат амалӣ шуда метавонад, ки агар шароите фароҳам оварда шавад, ки дар он ҳар кас тавонад аз ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ҳамон тавре истифода намояд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода мебарад,
бо дарназардошти он, ки тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳо вазифадоранд аз тарафи умум эътироф ва риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии инсонро дастгирӣ намоянд,
бо дарназардошти он, ки ҳар як инсон нисбат бо одамони дигар ва ҷомеае, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, уҳдадорӣ дорад, бояд ба пешрафт ва риояи ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшаванда ноил гардад,
доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
ҚИСМИ I
Моддаи 1
- Ҳамаи халқҳо ба худмуайянкунӣ ҳуқуқ доранд. Дар асоси ҳамин ҳуқуқ онҳо вазъи сиёсии худро мустақилона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона таъмин менамоянд.
- Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва захираҳои табиии худро бе расонидани зарар ба ягон уҳдадориҳое, ки аз ҳамкории байналмилалии иқтисодии ба манфиати тарафайн асосёфта ва ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, озодона ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои зиндагие, ки ба вай тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест.
- Ҳамаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон, аз ҷумла онҳое, ки барои идораи қаламравҳои ғайрихудидора ва таҳти васояти онҳо қарордошта масъулият доранд, бояд тибқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба амалӣ гардидани ҳуқуқи худмуайянкунӣ мусоидат кунанд ва ин ҳуқуқро эҳтиром намоянд.
ҚИСМИ II
Моддаи 2
- Ҳap як давлати иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешавад, ки аз тариқи инфиродӣ ва аз тариқи кӯмак ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникӣ дар доираи ниҳоии захираҳои мавҷуда тадбирҳое андешад, ки ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон зикр гардидаанд, тадриҷан бо ҳамаи тарзу усулҳои дахлор, аз ҷумла бо роҳи қабули чораҳои қонунгузорӣ, пурра амалӣ гарданд.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд кафолат диҳанд, ки ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Паймон эълон шудаанд, бидуни ягон навъ табъиз вобаста ба нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молумулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ мешаванд.
- Кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта метавонанд бо дарназардошти дахлдори ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва хоҷагии халқи худ муайян намоянд, ки онҳо ҳуқуқҳои иқтисодии дар ҳамин Паймон зикргардидаро барои шахсоне, ки шаҳрвандони онҳо нестанд, то кадом андоза кафолат медиҳанд.
Моддаи 3
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки барои мардон ва занон ҳуқуқи баробари истифодаро аз ҳамаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҳамин Паймон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намоянд.
Моддаи 4
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки нисбат ба истифодаи он ҳуқуқҳое, ки ин ё он давлат мутобиқи ҳамин Паймон таъмин менамояд, ин давлат метавонад танҳо чунин маҳдудиятҳои ин ҳуқуқҳоро муқаррар кунад, ки тибқи қонун муқаррар карда мешаванд ва танҳо ба андозае, ки ин бо моҳияти ҳуқуқҳои мазкур мувофиқ аст ва танҳо мақсади мусоидат намудан ба некӯаҳволии умум дар ҷомеаи демократиро дорад.
Моддаи 5
- Ҳеҷ чиз дар ҳамин Паймон наметавонад чунин тафсир карда шавад, ки ягон давлат, ягон гуруҳ ё ягон шахс ҳуқуқ дорад ба ягон фаъолияте машғул шавад ё ягон амале содир намояд, ки ба аз байн бурдани ягон ҳуқуқ ё озодии дар ҳамин Паймон эътирофшуда ё ба маҳдуд сохтани онҳо зиёда аз ҳадду ҳудуде, ки дар ҳамин Паймон пешбинӣ гардидааст, равона гардад.
- Ҳеҷ гуна маҳдудият ё кам кардани ягон ҳуқуқҳои асосии инсон, ки дар ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон эътироф шудаанд ё дар асоси қонун, конвенсияҳо, қоидаҳо ё расму одатҳо вуҷуд доранд, бинобар сабаби он, ки чунин ҳуқуқ дар ҳамин Паймон пешбинӣ нагаштааст ё онҳо дар ҳамин Паймон дар ҳаҷми камтар эътироф гардидаанд, мумкин нест.
ҚИСМИ III
Моддаи 6
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқ ба меҳнатро, ки аз ҳуқуқи ҳар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагӣ тавассути меҳнате, ки ӯ онро озодона интихоб мекунад ё ӯ ба иҷрои он озодона розӣ мешавад, иборат аст, эътироф мекунанд ва ҷиҳати таъмини ин ҳуқуқ тадбирҳои дахлдор меандешанд.
- Тадбирҳое, ки аз тарафи давлатҳои дар ҳамин Паймон иштирокчӣ бо мақсади пурра амалӣ намудани ин ҳуқуқ бояд андешида шаванд, барномаҳои таълим ва тарбияи касбию техникӣ, роҳҳо ва воситаҳои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва шуғли пурраи маҳсулнокро дар шароите, ки озодии асосии сиёсӣ ва иқтисодии инсонро кафолат медиҳанд, дар бар мегиранд.
Моддаи 7
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар касро ба шароити одилона ва мусоиди меҳнат эътироф мекунанд, аз ҷумла:
- a) ҳаққи меҳнате, ки ҳадди ақал барои ҳамаи меҳнаткашон шароити мусоиди зеринро таъмин месозад:
- i) музди меҳнати одилона ва ҳаққи меҳнати баробар барои меҳнати баробарарзиш бидуни ягон навъ фарқгузорӣ, аз ҷумла барои занон бояд шароити меҳнати на камтар аз мардон муҳайё карда шуда, бо музди меҳнати баробар барои кори баробар кафолат дода шавад;
- ii) зиндагии шоиста барои худи онҳо ва оилаи онҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин Паймон;
- b) шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯй аст;
- c) имконияти баробар барои ҳама дар пешрафт ба зинаи болотари мувофиқ дар кор танҳо дар асоси собиқаи корӣ ва тахассус;
- d) истироҳат, фароғат ва маҳдудияти оқилонаи вақти корӣ ва рухсатии давра ба давраи пардохтшаванда, ҳамчунин музд барои рӯзҳои ид.
Моддаи 8
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки ҳуқуқҳои зеринро таъмин кунанд:
- a) ҳуқуқи ҳар инсонро дар таъсис додани иттифоқҳои касаба бо мақсади амалӣ намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ва шомил шудан ба чунин иттифоқҳо бо интихоби худ ба шарти ягонаи риояи қоидаҳои ин иттифоқҳо. Истифода аз ҳуқуқи мазкур таҳти ягон навъ маҳдудият қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд;
- b) ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба таъсис додани федератсияҳои миллӣ ё конфедератсияҳо ва ҳуқуқи федератсияҳои миллӣ ва конфедератсияҳо ба таъсис додани созмонҳои байналмилалии касабавӣ ва ё ҳамроҳ шудан ба чунин созмонҳо;
- c) ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба бемамониат, бидуни ягон навъ маҳдудият фаъолият кардан, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд;
- d) ҳуқуқ ба корпартоӣ ба шарти амалӣ намудани он тибқи қонунҳои ҳар як кишвар.
- Ҳамин модда барои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои қонунӣ дар истифода бурдан аз ин ҳуқуқ барои шахсоне, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ, полис ё мақомоти давлатӣ шомиланд, монеъ намегардад.
- Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин модда ба давлатҳои иштирокчии Конвенсияи соли 1948 Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳуқуқ намедиҳад оид ба озодии иттиҳодияҳо ва ҳифзи ҳуқуқ ба ташкили иттиҳодияҳо асноди қонунгузорие қабул намоянд, ки бар зарари кафолатҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишуда бошанд ё қонунро тарзе истифода намоянд, ки ба ин кафолатҳо зарар расад.
Моддаи 9
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ба суғуртаи иҷтимоӣ эътироф мекунанд.
Моддаи 10
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки:
- Барои оила, ки ҷузъи табиӣ ва асоси ҷомеа мебошад, вобаста ба имконият бояд ҳифз ва кӯмаки ҳамаҷониба ва васеъ, хусусан ҳангоми ташкили он ва дар ҳоле, ки оила масъулияти ғамхорӣ ба кӯдакони ғайримустақил ва тарбияи онҳоро ба зимма дорад, фароҳам оварда шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти озодонаи шахсони ба ақди никоҳ воридшаванда баста шавад.
- Модарон бояд дар давоми давраи зарурӣ то таваллуд ва баъди он бо ҳифзи махсус фаро гирифта шаванд. Дар ин давра ба модароне, ки кор мекунанд, бояд рухсатии пардохтшаванда ё рухсати бо кӯмакпулии кофӣ аз таъминоти иҷтимоӣ дода шавад.
- Нисбати ҳамаи кӯдакон ва наврасон бидуни ягон навъ табъиз вобаста ба баромади оилавӣ ё аз рӯи нишонаи дигар, бояд тадбирҳои махсуси ҳифз ва кӯмак андешида шаванд. Кӯдакон ва наврасон бояд аз истисмори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳифз карда шаванд. Истифодаи меҳнати онҳо дар соҳаҳое, ки ба тарбияи маънавӣ ва саломатии онҳо зарар мерасонад ё барои ҳаёти онҳо хатарнок аст ё метавонад ба инкишофи мӯътадили онҳо зарар расонад, бояд тибқи қонун ҷазо дода шавад. Ба ғайр аз ин, давлатҳо бояд ҳадди синну соле, ки поёнтар аз он истифодаи меҳнати муздноки кӯдакон тибқи қонун манъ аст ва ҷазо дода мешавад, муқаррар намоянд.
Моддаи 11
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як шахсро ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилаи ӯ, ки хӯроки кофӣ, либос ва манзилро дар бар мегирад ва ҳуқуқ ба беҳбуди мунтазами шароити зистро эътироф мекунанд. Давлатҳои иштирокчӣ бо эътирофи аҳамияти муҳими ҳамкории байналмилалӣ, ки ба ризоияти озодона асос ёфтааст, доир ба таъмини амалӣ шудани ин ҳуқуқ тадбирҳои дахлдор меандешанд.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон бо эътирофи ҳуқуқи асосии ҳар як инсон ба озод будан аз гуруснагӣ бояд ба таври инфиродӣ ва бо тартиби ҳамкории байналмилалӣ тадбирҳои зарурии дарбаргирандаи иҷрои барномаҳои мушаххасро андешанд, ки:
- a) тарзҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ бо роҳи истифодаи васеи донишҳои техникӣ ва илмӣ, паҳн намудани донишҳо доир ба принсипҳои хӯрду хӯрок, такмил ё ислоҳоти низоми кишоварзӣ чунин беҳтар карда шаванд, ки ба ноил шудан ба азхудкунӣ ва истифодаи ҳарчи пурсамари захираҳои табиӣ мусоидат кунанд;
- b) тақсимоти одилонаи захираҳои хӯроквории ҷаҳонӣ мутобиқи талабот ва бо дарназардошти мушкилоти кишварҳои чӣ воридкунанда ва чӣ содиркунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин карда шавад.
Моддаи 12
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба сатҳи олии дастрасии саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ эътироф мекунанд.
- Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон барои пурра амалӣ шудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, чорабиниҳоеро дар бар мегиранд, ки барои инҳо заруранд:
а) таъмини камшавии кӯдакони мурда таваллудшуда ва фавти кӯдакон ва инкишофи кӯдаки солим;
- b) беҳтар намудани ҳамаи самтҳои гигиенаи муҳити беруна ва гигиенаи меҳнат дар саноат;
- c) пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда, маҳаллӣ, касбӣ ва дигар бемориҳо ва мубориза бар зидди онҳо;
- d) ташкили шароит, ки ба ҳама кӯмаки тиббӣ ва нигоҳубини тиббиро ҳангоми беморӣ таъмин менамояд.
Моддаи 13
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таҳсил эътироф мекунанд. Онҳо қабул доранд, ки таҳсил бояд ба рушди пурраи шахсияти инсон ва ташаккули шарафи ӯ нигаронида шавад ва бояд эҳтиромро ба ҳуқуқ ва озодии асосии инсон таҳким бахшад. Онҳо ҳамчунин қабул доранд, ки таҳсил бояд ба ҳама имконият диҳад, ки ширкаткунандагони судманди ҷомеаи озод бошанд, ба якдигарфаҳмӣ, муросо ва дӯстӣ миёни ҳамаи миллатҳо ва ҳамаи гурӯҳҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ мусоидат намояд ва ба кори Созмони Милали Муттаҳид оид ба нигоҳдории сулҳ кӯмак расонад.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки барои пурра амалӣ шудани ин ҳуқуқ:
- a) таълими ибтидоӣ бояд барои ҳама ҳатмӣ ва ройгон бошад;
- b) таълими миёна бо ҳамаи шаклҳои он, аз ҷумла таълими миёнаи касбию техникӣ бояд ба ҳама бо роҳи андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадриҷан ҷорӣ намудани таҳсили ройгон, озод ва дастрас бошад;
- c) таълими олӣ бояд барои ҳама дар асоси қобилияти ҳар кас бо роҳи андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадриҷан ҷорӣ намудани таҳсили ройгон, дастрас бошад;
- d) таълими зарурӣ (оддӣ) ба қадри имкон барои онҳое, ки давраи пурраи таҳсили ибтидоии худро нагузаронидаанд ё хатм накардаанд, бояд ҳавасманд карда шавад ва суръат бахшида шавад;
е) бояд шабакаи мактабҳои ҳамаи зинаҳо фаъолона инкишоф дода шуда, низоми қаноатбахши идрорпулӣ муқаррар карда шавад ва шароити моддии ҳайати омӯзгорон ҳамеша беҳтар карда шавад.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки озодии волидон ва дар мавридҳои дахлдор васиёни қонуниро ҷиҳати барои фарзандони худ интихоб намудани на танҳо мактабҳои аз тарафи ҳокимияти давлатӣ таъсисдодашуда, инчунин мактабҳои дигаре, ки ҷавобгӯи ҳадди ақали талабот ба таҳсил, ки мумкин аст аз ҷониби давлат муқаррар ё тасдиқ карда шаванд, эҳтиром намоянд ва озодии онҳоро ҷиҳати тарбияи динӣ ва ахлоқии фарзандонашон тибқи ақидаи шахсиашон таъмин намоянд.
- Ягон қисми ҳамин модда набояд ба маънии кам кардани озодии шахсон ва муассисаҳои алоҳида бобати таъсиси муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ба онҳо ба шарти риояи ҳатмии принсипҳои дар банди 1 ҳамин модда баёншуда ва талабот нисбат ба таълими дар чунин муассисаҳо пешниҳодшаванда ҷавобгӯй ба ҳадди ақали талаботе бошад, ки аз тарафи давлат муқаррар мегардад, тафсир карда шавад.
Моддаи 14
Ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймон, ки ҳангоми ба ҳайати ширкаткунандагон шомил шудани худ дар қаламрави таҳти васояти у қарордошта ё дигар қаламравҳое, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дорад, таълими ибтидоии ҳатмии ройгонро муқаррар карда натавонистааст, уҳдадор мешавад, ки дар давоми ду сол нақшаи муфассали чорабиниҳоро барои дар муддати қобили қабул, ки бояд дар ин нақша зикр карда шавад, тадриҷан амалӣ намудани принсипи таълими ҳатмии ҳамагонии ройгонро таҳия ва қабул намояд.
Моддаи 15
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар инсонро ба:
- a) иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ;
- b) истифода аз дастовардҳои пешрафтаи илмӣ ва татбиқи амалии онҳо;
- c) истифода аз ҳифзи манфиатҳои маънавӣ ва моддие, ки аз ҳар гуна меҳнати илмӣ, адабӣ ва бадеии офаридаи ӯ ба вуҷуд меояд ва ӯ муаллифи онҳо мебошад, эътироф мекунанд.
- Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон барои пурра амалӣ шудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, чорабиниҳоеро дар бар мегиранд, ки барои ҳифз, рушд ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ ва фарҳангӣ заруранд.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд озодиеро, ки барои таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ заруранд, бечуну чаро эҳтиром кунанд.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон манфиатро, ки аз дастгирӣ ва инкишофи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва фарҳанг ҳосил мешаванд, эътироф мекунанд.
ҚИСМИ IV
Моддаи 16
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки мутобиқи ин қисми Паймон дар бораи тадбирҳои аз тарафи онҳо андешидашаванда ва доир ба пешрафт дар самти расидан ба риояи ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшуда, маърӯзаҳо пешниҳод намоянд.
- а) Ҳамаи маърӯзаҳо ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мешаванд ва ӯ нусхаҳои маърӯзаҳоро мутобиқи муқаррароти ҳамин Паймон ба баррасии Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ ирсол менамояд;
- b) Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба муассисаҳои махсусгардонидашуда нусхаҳои маърӯзаҳо ё қисми дахлдори маърӯзаҳои давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймонро, ки онҳо низ аъзои ин муассисаҳои махсусгардонидашуда мебошанд, ирсол менамояд, зеро чунин маърӯзаҳо ё қисми ин маърӯзаҳо ба масъалаҳое мансуб мебошанд, ки мутобиқи санадҳои конститутсионии муассисаҳои зикргардида ба доираи вазифаҳои муассисаҳои мазкур дохил мебошанд.
Моддаи 17
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон маърӯзаҳои худро давра ба давра мутобиқи барномае, ки бояд аз тарафи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ дар давоми як соли баъди эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон бо машварати давлатҳои иштирокчӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи манфиатдор муқаррар карда шавад, пешниҳод мекунанд.
- Дар маърӯзаҳо мумкин аст омилҳо ва мушкилоте, ки ба сатҳи иҷрои уҳдадориҳои дар ҳамин Паймон муқарраргардида таъсир мерасонанд, зикр карда шаванд.
3.Агар маълумоти дахлдор аз ҷониби ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон пештар ба Созмони Милали Муттаҳид ё ягон муассисаи махсусгардонидашуда расонида шуда бошад, он гоҳ ба такрори ин маълумот зарурат нест ва ишора намудан ба маълумоти бо ҳамин тартиб расонидашуда кофист.
Моддаи 18
Барои иҷрои вазифаҳои худ тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад бо муассисаҳои махсусгардонидашуда дар бораи ба Шӯрои мазкур аз тарафи онҳо пешниҳод шудани маърӯзаҳо доир ба пешрафт дар самти расидан ба риояи муқаррароти ҳамин Паймон, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл дорад, ба мувофиқа расад. Ин маърӯзаҳо метавонанд дар худ муҳтавои батафсили қарорҳои аз тарафи мақомоти босалоҳияти онҳо қабулшаванда ва тавсияҳоро оид ба иҷрои онҳо дар бар гиранд.
Моддаи 19
Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад ба Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон барои баррасӣ ва пешниҳоди тавсияҳои хусусияти умумӣдошта ё дар ҳолатҳои дахлдор барои маълумот маърӯзаҳоро дар бораи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби давлатҳо мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 пешниҳод карда мешаванд ва маърӯзаҳоро дар бораи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби муассисаҳои махсусгардонидашуда мутобиқи моддаи 18 пешниҳод мешаванд, ирсол намояд.
Моддаи 20
Давлатҳои манфиатдори иштирокчии ҳамин Паймон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда метавонанд ба Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ мулоҳизоти худро доир ба ҳар гуна тавсияҳои умумӣ мувофиқи моддаи 19 ё аз рӯи ишора ба чунин тавсияҳои умумӣ дар ҳар гуна маърӯзаи Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон ё дар ҳар гуна санаде, ки дар он ба онҳо ишора карда мешавад, пешниҳод намоянд.
Моддаи 21
Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад гоҳ-гоҳ ба Ассамблеяи Генералӣ маърӯзаҳоро бо тавсияҳои дорои хусусияти умумӣ ва бо шарҳи мухтасари маълумоте, ки аз давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ва аз муассисаҳои махсусгардонидашуда дар бораи тадбирҳои андешидашуда ва натиҷаҳои ҳосилшуда дар самти таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мерасанд, пешниҳод намояд.
Моддаи 22
Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад таваҷҷуҳи дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти ёрирасони онҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашударо, ки ба масъалаҳои расонидани кӯмакҳои техникӣ машғуланд, ба ҳамаи масъалаҳое, ки вобаста бо маърӯзаҳои дар ҳамин қисми Паймон зикршаванда ба вуҷуд меоянд ва метавонанд барои ин мақомот ҳангоми дар доираи салоҳияти худ аз ҷониби ҳар кадомашон қабули қарор дар бораи мувофиқи мақсад будани тадбирҳои байналмилалие, ки метавонанд ба татбиқи пурсамар ва ботадриҷи ҳамин Паймон мусоидат намоянд, ҷалб намояд.
Моддаи 23
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ба мувофиқа расиданд, ки ба қатори чорабиниҳои байналмилалие, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мусоидат мекунанд, истифодаи чунин воситаҳо, аз қабили имзои Конвенсияҳо, қабули тавсияҳо, расонидани кӯмакҳои техникӣ ва доир намудани ҷаласаҳои минтақавӣ ва ҷаласаҳои техникӣ бо мақсади машварат, ҳамчунин таҳқиқоте, ки якҷоя бо ҳукуматҳои манфиатдор гузаронида мешаванд, мансубанд.
Моддаи 24
Ягон чиз дар ҳамин Паймон набояд ба маънии маҳдуд кардани аҳамияти меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки уҳдадориҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо доир ба масъалаҳои зикргардидаи ҳамин Паймон муайян мекунанд, тафсир карда шавад.
Моддаи 25
Ягон чиз дар ҳамин Паймон набояд ба маънии маҳдуд кардани ҳуқуқи ҷудонопазири ҳамаи халқҳоро оид ба пурра ва мустақилона доштан ва истифода бурдани сарват ва захираҳои табии худ тафсир карда шавад.
ҚИСМИ V
Моддаи 26
- Ҳамин Паймон барои имзо аз ҷониби ҳар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё узви ҳар як аз муассисаи махсусгардонидашудаи он, ҳар давлати иштирокчии Статути Суди Байналмилалӣ ва ҳар давлати дигаре, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҳамин Паймон даъват карда шудааст, кушода аст.
- Ҳамин Паймон бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуз дошта мешаванд.
- Ҳамин Паймон барои ҳамроҳшавии ҳар давлате, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, кушода аст.
- Ҳамроҳшавӣ бо роҳи барои маҳфуздорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Паймон имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси барои маҳфуздорӣ қабул шудани ҳар як тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавиро хабардор месозад.
Моддаи 27
- Ҳамин Паймон баъд аз се моҳи аз рӯзи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои маҳфуздорӣ қабул шудани сивупанҷум тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Паймонро ба тасдиқ мерасонад ё ба он баъди барои маҳфуздорӣ қабул шудани сивупанҷум тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ ҳамроҳ мешавад, ҳамин Паймон нисбат ба ин давлат баъди се моҳ аз рӯзи ба маҳфуздорӣ қабул шудани тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 28
Меъёрҳои ҳамин Паймон дар тамоми қисмҳои давлатҳои федеративӣ бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.
Моддаи 29
- Ҳар давлати иштирокчии ҳамин Паймон метавонад тағйиротҳо пешниҳод кунад ва онҳоро ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Котиби генералӣ сипас ҳар тағйироти пешниҳодшударо ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади баррасии ин пешниҳодҳо ва доир намудани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар тағйироте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои иштирокчӣ дар овоздиҳии дар ин конференсия ҳозирбуда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.
- Тағйиротҳо баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон тибқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.
- Вақте ки тағйиротҳо эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои он давлатҳои иштирокчие, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мебошад ва барои дигар давлатҳои иштирокчӣ иҷрои муқаррароти ҳамин Паймон ва ҳамаи тағйиротҳои қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 30
Новобаста аз хабарномаҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 26 фиристода мешавад, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1 ҳамон модда сухан дар бораи онҳо меравад, оид ба масъалаҳои зерин хабардор менамояд:
а) имзо шудан, ба тасдиқ расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 26;
- b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон мувофиқи моддаи 27 ва санаи эътибор пайдо кардани ҳама гуна тағйирот мувофиқи моддаи 29.
Моддаи 31
- Ҳамин Паймон, ки матнҳои аслии англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдорӣ ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Паймонро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 26 зикр шудаанд, ирсол менамояд.
[1] Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 тасдиқ карда шудааст.