
ПАЙМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚҲОИ
ШАҲРВАНДӢ ВА СИЕСӢ
Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи генералӣ аз 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва барои имзо, тасвиб ва ҳамроҳ шудан кушода аст. Аз 23 марти соли 1976 эътибор пайдо кардааст.[1]
МУҚАДДИМА
Давлатҳои иштирокчии ҳамин паймон,
бо дарназардошти он, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи инсонӣ ба ҳамаи аъзои оилаи инсон хос аст ва ҳуқуқи баробар ва ҷудонопазири онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст,
бо эътирофи он, ки ин ҳуқуқҳо аз шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд,
бо эътирофи он, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон идеали шахсияти озод, ки аз озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва озод аз тарсу эҳтиёҷ истифода менамояд, танҳо дар ҳамон сурат амалӣ шуда метавонад, ки агар шароите фароҳам оварда шавад, ки дар он ҳар кас тавонад аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ҳамон тавре истифода намояд, ки аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода мебарад,
бо дарназардошти он, ки мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳо вазифадоранд аз тарафи умум эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии инсонро дастгирӣ намоянд,
бо дарназардошти он, ки ҳар инсон нисбат ба одамони дигар ва ҷомеае, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, уҳдадорӣ дорад, бояд ба пешрафт ва риояи ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшаванда ноил гардад,
доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
ҚИСМИ I
Моддаи 1
- Ҳамаи халқҳо ба худмуайянкунӣ ҳуқуқ доранд. Дар асоси ҳамин ҳуқуқ онҳо вазъи сиёсии худро мустақилона муайян мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона таъмин менамоянд.
- Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва захираҳои табии худро бе расонидани зарар ба ягон уҳдадориҳое, ки аз ҳамкории байналмилалии иқтисодии бар манфиати тарафайн асосёфта ва ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои зиндагие, ки ба вай тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест.
- Ҳамаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон, аз ҷумла онҳое, ки барои идораи қаламравҳои ғайрихудидора ва таҳти васояти онҳо қарордошта, масъулият доранд, бояд мутобиқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба амалӣ гардидани ҳуқуқи худмуайянкунӣ мусоидат кунанд ва ин ҳуқуқро эҳтиром намоянд.
ҚИСМИ II
Моддаи 2
- Ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешавад ба ҳамаи шахсони дар ҳудуди қаламрави он ва қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф гаштааст, бидуни ягон фарқият вобаста ба нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар эҳтиром ва таъмин кунад.
- Агар ин ҳолат то ҳанӯз тавассути қонунгузорӣ ё дигар тадбирҳо пешбинӣ нашуда бошад, ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешавад, ки мутобиқи расмиёти конститутсионии худ ва муқаррароти ҳамин Паймон барои қабули чунин санадхои қонунгузорӣ ё дигар тадбирҳое, ки метавонанд барои амалӣ шудани ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшаванда заруранд, тадбирҳо андешанд.
- Ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешавад, ки:
- a) ба ҳар шахсе, ки ҳуқуқ ва озодиҳои дар ҳамин Паймон эътирофшавандаи ӯ вайрон карда шудааст, ҳатто дар сурате, ки ин вайронкунӣ аз тарафи шахсоне, ки ба тариқи расмӣ амал кардаанд, содир шудааст, воситаи самараноки ҳифзи ҳуқуқро таъмин намояд;
- b) тадбирҳое андешад, ки ҳаққи ҳифзи ҳуқуқӣ барои ҳар шахсе, ки чунин ҳимояро талаб мекунад, тавассути ҳокимияти босалоҳияти судӣ, маъмурӣ ё қонунгузор ё ба воситаи дигар мақомоти салоҳиятдоре, ки дар низоми ҳуқуқии давлат пешбинӣ шудааст, таъмин намояд ва имконияти ҳимояи судиро инкишоф медиҳад;
- c) аз тарафи мақомоти салоҳиятдор татбиқ гардидани воситаҳои ҳифзи ҳуқуқиро, ки пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
Моддаи 3
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки барои мардон ва занон ҳуқуқи баробари истифодаро аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки дар ҳамин Паймон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намоянд.
Моддаи 4
- Ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда дар давлате, ки бар асари он ҳаёти миллат таҳти хатар қарор мегирад ва дар бораи мавҷудияти чунин вазъият расман эълон карда мешавад, давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон метавонанд вобаста ба уҳдадориҳои худ аз рӯи ҳамин Паймон ба андозае тадбирҳои маҳдудкунанда андешанд, ки чунин тадбирҳоро шиддати вазъият тақозо мекунад, ба шарте ки чунин тадбирҳо ба дигар уҳдадориҳои онҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифат накунанд ва дар асоси нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин ё баромади иҷтимоӣ боиси таъбиз нагарданд.
- Ин вазъият наметавонад асос барои ягон навъ маҳдудият ҷиҳати амалишавии моддаҳои 6, 7, 8 (бандҳои 1 ва 2), 11, 15, 16 ва 18 гардад.
- Ҳар давлати иштирокчии ҳамин Паймон, ки аз ҳуқуқи маҳдудкунӣ истифода мебарад, бояд дигар давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймонро тавассути Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба муқаррароти маҳдудгардида ва сабабҳое, ки вайро ба чунин қарор водор сохтанд, бетаъхир хабардор намояд. Давлати мазкур ҳамчунин тавассути ҳамин миёнарав бояд хабардор намояд, ки чунин маҳдудиятҳоро кадом рӯз қатъ хоҳад кард.
Моддаи 5
- Ҳеҷ чиз дар ҳамин Паймон наметавонад ба маъние тафсир дода шавад, ки ягон давлат, ягон гуруҳ ё ягон шахс ҳуқуқ дорад ба ягон фаъолияте машғул шавад ё ягон амале содир намояд, ки ба аз байн бурдани ягон ҳуқуқ ё озодии дар ҳамин Паймон эътирофшуда ё ба маҳдуд сохтани онҳо зиёда аз ҳадду ҳудуде, ки дар ҳамин Паймон пешбинӣ гардидааст, равона гардад.
- Ҳеҷ гуна маҳдудият ё кам кардани ягон ҳуқуқҳои асосии инсон, ки дар ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон эътироф шудаанд ё дар асоси қонун, конвенсияҳо, қоидаҳо ё расму одатҳо вуҷуд доранд, бинобар сабаби он, ки чунин ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътироф нагаштааст ё онҳо дар ҳамин Паймон ба андозаи камтар эътироф гардидаанд, мумкин нест.
ҚИСМИ III
Моддаи 6
- Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас худсарона аз ҳаёт маҳрум карда намешавад.
- Дар кишварҳое, ки ҷазои қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят амал мекард ва бо меъёрҳои ҳамин Паймон ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад. Ин ҷазо метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои ҳукми қатъие, ки аз тарафи суди босалоҳият бароварда шудааст, амалӣ карда шавад.
- Вақте ки аз ҳаёт маҳрум кардан ҷинояти қатли ом шуморида мешавад, бояд дар назар дошт, ки ягон муқаррарроти ҳамин модда ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ҳуқуқ намедиҳад бо кадом роҳе, ки набошад аз ягон уҳдадории мувофиқи меъёрҳои Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он қабулкардаи худ даст кашанд.
- Ҳap касе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, ҳуқуқ дорад бахшиши ҷазо ё тағйир додани ҳукмро хоҳиш намояд. Афв, бахшиши ҷазо ё иваз намудани ҷазои қатл метавонанд дар ҳама ҳолат имконпазир бошад.
- Ҳукми қатл барои ҷиноятҳое, ки аз тарафи шахсони то ҳаждаҳсола содир карда шудааст, бароварда намешавад ва нисбат ба занони ҳомила ба иҷро расонида намешавад.
- Ҳеҷ чиз дар ҳамин модда наметавонад барои ба таъхир андохтан ё пешгирии бекор кардани ҷазои қатл аз тарафи ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон асос гардад.
Моддаи 7
Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи ӯ қарор дода шавад. Аз ҷумла, ягон шахс набояд бе ризоияти озодонаи ӯ таҳти озмоиши тиббӣ ё илмӣ қарор дода шавад.
Моддаи 8
- Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад; ғуломӣ ва ғуломфурӯшӣ дар ҳамаи шаклҳои онҳо манъ аст.
- Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шавад.
- а) ҳеҷ кас набояд ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ маҷбур карда шавад;
- b) дар кишварҳое, ки дар онҳо ҷазо дар намуди аз озодӣ маҳрум кардан бо меҳнати бадарға таъин шуда метавонад, банди 3 а) барои меҳнати бадарға мувофиқи ҳукми суди босалоҳияте, ки чунин ҷазоро таъин кардааст, монеъ намегардад;
- c) мафҳуми "меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ"-и ҳамин банд нисбат ба инҳо татбиқ намегардад;
- i) ҳар навъ кор ё хизмате, ки дар зербанди b) зикр нагаштааст ва онро, чун қоида, шахсе бояд иҷро намояд, ки дар асоси ҳукми қонунии суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ аст ё шахсе, ки шартан аз ин ҷойҳо озод карда шудааст;
- ii) ҳар навъ хизмати хусусияти ҳарбидошта дар кишварҳое, ки дар онҳо бинобар сабабҳои сиёсӣ ва динию ахлоқӣ даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ эътироф карда мешавад, ҳар навъ хизмате, ки тавассути қонун барои шахсони бо чунин сабабҳо аз хизмати ҳарбӣ дасткашида, пешбинӣ гардидааст;
iii) ҳар навъ хизмате, ки дар сурати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода ё фалокате, ки ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ таҳдид мекунад, ҳатмӣ мебошад;
- iv) ҳар навъ кор ё хизмате, ки ба уҳдадориҳои маъмулии шаҳрвандӣ дохил мешавад.
Моддаи 9
- Ҳap як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад. Ҳеҷ кас набояд худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ маҳрум карда шавад, ба ғайр аз асосҳо ва мутобиқи тартибе, ки тавассути қонун муқаррар шудааст.
- Ба ҳар шахси ҳабсшуда ҳангоми ба ҳабс гирифтан сабабҳои ҳабси ӯ ва бо тартиби фаврӣ ҳар айбе, ки ба ӯ эълон карда мешавад, хабар дода мешавад.
- Ҳар як шахси бо гуноҳи содир намудани ҷиноят ҳабсшуда ё боздоштгардида ба таври фаврӣ ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияти судӣ ба ӯ тааллуқ дорад, оварда мешавад ва ӯ барои дар муҳлати қобили қабул анҷом додани муҳокимаи судӣ ё озод шудан ҳуқуқ дорад. Дар ҳабс нигоҳ доштани шахсоне, ки интизори муҳокимаи судӣ мебошанд, набояд қоидаи умумӣ бошад, аммо озод шудан метавонад аз пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба мурофиаи судӣ дар ҳар марҳилаи он ва дар сурати зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукм, вобаста бошад.
- Ҳар касе, ки аз озодӣ дар натиҷаи ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан маҳрум шудааст, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯ аз тарафи суд баррасӣ карда шавад ва ин суд тавонад, ки дар бобати қонунӣ будани боздошти ӯ бетаъхир қарор барорад ва агар боздошт шудани ӯ ғайриқонунӣ бошад, дар бораи озод намудани ӯ амр диҳад.
- Ҳар касе, ки ҷабрдидаи ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан гардидааст, ба ҷуброн тавассути пешниҳоди даъво ҳуқуқ дорад.
Моддаи 10
- Ҳамаи шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шарафе, ки хоси шахсияти инсонӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.
- а) Айбдоршавандагон дар сурате, ки агар ҳолатҳои истисноӣ мавҷуд набошанд, аз маҳкумшудагон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд ва барои онҳо низоми алоҳидае, ки ҷавобгӯи вазъи шахси маҳкумнашуда мебошад, фароҳам оварда мешавад;
- b) айбдоршавандагони ноболиғ аз шахсони ба балоғатрасида ҷудо нигоҳ дошта мешаванд ва дар муҳлати кутоҳтарин ба суд барои қабули қарор ҳозир карда мешаванд.
- Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои маҳкумшудагон чунин низомеро пешбинӣ мекунад, ки мақсади асосии он ислоҳ ва аз нав тарбиякунии иҷтимоии маҳкумшудагон мебошад. Ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғ аз шахсони ба балоғатрасида ҷудо нигоҳ дошта мешаванд ва барои онҳо низоме, ки ҷавобгӯи синну сол ва вазъи ҳуқуқии онҳо мебошад, таъмин карда мешавад.
Моддаи 11
Ҳеҷ кас набояд танҳо дар он асос, ки ӯ аз иҷрои ягон уҳдадории шартномавӣ баромада наметавонад, аз озодӣ маҳрум карда шавад.
Моддаи 12
- Ҳар касе, ки дар ҳудуди ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ин ҳудуд ба рафтуомади озод ва интихоби озоди маҳалли зист ҳуқуқ дорад.
- Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк намояд.
- Ҳукуки дар боло зикршуда набояд маҳдуд карда шавад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва барои ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Паймон эътироф шудаанд, мутобиқ мебошанд.
- Ҳеҷ кас набояд, ки аз ҳуқуқи бозгашт ба кишвари худ маҳрум карда шавад.
Моддаи 13
Шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон қонунӣ қарор дорад, танҳо барои иҷрои қароре, ки мутобиқи қонун бароварда шудааст, метавонад аз он берун карда шавад ё агар талаботи ҳатмии амнияти давлатӣ тартиби дигареро тақозо накунад, ҳуқуқ дорад бар зидди хориҷ намудани худ далел пешниҳод кунад, барои аз нав баррасӣ кардани парвандаи худ аз тарафи мақоми босалоҳият ё шахс ё шахсоне, ки махсус аз тарафи мақоми босалоҳият таъин шудаанд муроҷиат кунад ва бо ин мақсад дар назди ин мақом, шахс ё шахсон намояндагӣ кунад.
Моддаи 14
- Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳама гуна айбдории ҷиноятие, ки ба ӯ эълон карда мешавад ва ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба баррасии одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳуқуқ дорад. Воситаҳои ахбори омма ва оммаро мумкин аст на ба ҳамаи мурофиаи судӣ ё як қисми он бо сабабҳои ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё амнияти давлатӣ дар ҷомеаи демократӣ ё вақте ки инро манфиатҳои ҳаёти шахсии тарафҳо тақозо менамояд ва ё ба андозае, ки мувофиқи ақидаи суд ба таври қатъӣ дар ҳолатҳои махсус зарур аст ва ошкоро будани мурофиа метавонад манфиатҳои адолати судиро халалдор созад, роҳ дода шаванд; аммо ҳамаи қарори судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ ё шаҳрвандӣ бояд ошкоро бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар манфиатҳои ноболиғон ҳолати дигарро тақозо намояд ё парванда баҳсҳои заношӯи ё васоят ба кӯдаконро дар бар гирад.
- Ҳар касе, ки дар содир намудани ҷиноят айбдор карда мешавад, ҳуқуқ дорад то вақте, ки гунаҳгории ӯ мувофиқи қонун исбот карда нашавад, бегуноҳ ҳисобида шавад.
- Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳамагуна айбдории ҷиноятие, ки ба ӯ эълон карда мешавад дар асоси баробарии пурра ҳадди ақал ба кафолатҳои зерин ҳуқуқ дорад:
а) ба таври фаврӣ ва муфассал дар бораи хусусият ва асосҳои айбе, ки ба ӯ эълон карда мешавад ба забони ба ӯ фаҳмо хабардор карда шавад;
- b) барои омодагӣ ба ҳимояи худ вақт ва имконияти кофӣ дошта бошад ва бо ҳимоягари интихобнамудаи худ вохӯрад;
- c) бидуни беасос ба таъхир андохтани муҳлат суд карда шавад;
- d) дар ҳузури худи ӯ суд карда шавад ва худро шахсан ё тавассути ҳимоягари интихобкардаи худаш ҳимоя кунад; агар ӯ ҳимоягар надошта бошад, дар бораи ин ҳуқуқ хабардор карда шавад ва дар ҳар ҳолат, вақте ки манфиатҳои адолат инро тақозо менамояд, ҳимоягари барои ӯ таъиншударо дошта бошад, ҳангоме ки ӯ маблағи кофии пардохти ҳаққи хизмати чунин ҳимоягарро надошта бошад, дар ҳар чунин ҳолат ройгон бо ҳимоягар таъмин карда шавад;
- e) шоҳидонеро, ки бар зидди ӯ баёнот медиҳанд, пурсиш кунад ё ҳуқуқ дошта бошад, ки ин шоҳидон пурсиш карда шаванд ва ба даъват кардан ва пурсиш кардани шоҳидони худ тибқи шароите, ки барои шоҳидони бар зидди ӯ баёнотдиҳанда мавҷуданд, ҳуқуқ дошта бошад;
- f) агар ӯ забонеро, ки дар суд истифода мешавад, нафаҳмад ё бо ин забон ҳарф назанад, ройгон аз кӯмаки тарҷумон истифода намояд;
- g) ба додани баёнот бар зидди худ ё гунаҳгор донистани худ маҷбур карда нашавад.
- Нисбат ба ноболиғон мурофиа бояд чунин бошад, ки синну соли онҳо ва мувофиқи мақсад будани мусоидат ба азнавтарбиякунии онҳо ба эътибор гирифта шавад.
- Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ҳуқуқ дорад, ки маҳкумкунӣ ва ҳукми ӯ аз тарафи суди зинаи болоӣ тибқи қонун аз нав баррасӣ карда шавад.
- Агар ягон шахс бо қарори қатъӣ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ва ҳукми нисбати ӯ баровардашуда баъдан бекор карда шуда бошад ё ҷазои ӯ дар ин асос, ки ягон ҳолати нав ё ҳолати аз нав ошкоргардида бебаҳс мавҷуд будани иштибоҳи судиро исбот намояд, бахшида шавад, агар исбот нашавад, ки ҳолати номаълуми зикршуда дар вақташ пурра ё қисман бо гуноҳи ӯ ошкор нагардидааст, мувофиқи қонун ҷубронпулӣ мегирад.
- Ҳеҷ кас набояд барои ҷинояте, ки барои он ӯ аллакай қатъӣ маҳкум шудааст ё мутобиқи қонун ва ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятии ҳар як кишвар сафед карда шудааст, дафъаи дуюм суд ё ҷазо дода шавад.
Моддаи 15
- Ҳеҷ кас набояд барои ягон амал ё беамалие, ки мувофиқи қонунгузории дохилидавлатӣ ё ҳуқуқи байналмилалии дар лаҳзаи содир гардидани он амалкунанда ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳисоб намешуд, дар содир кардани он гунаҳгор дониста шавад. Ҳамчунин таъин кардани ҷазои вазнинтар нисбат ба ҷазое, ки бояд дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят таъин мешуд, мумкин нест. Агар баъди содир гардидани ҷиноят тибқи қонун ҷазои нисбатан сабуктар муқаррар карда шавад, амали ин қонун нисбат ба ҳамин ҷинояткор татбиқ мегардад.
- Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин модда барои ба суд додан ва ҷазо додани ҳар шахс барои ҳар амал ё беамалие, ки дар лаҳзаи содир гардидани он мувофиқи принсипҳои умумии ҳуқуқ, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ҷиноят ҳисоб мешуд, монеъ намегардад.
Моддаи 16
Ҳap як инсон, дар ҳар куҷое, ки набошад, ба эътирофи ӯ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 17
- Ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, ба дахлнопазирии манзил ё сирри мукотибаи ҳеҷ кас худсарона ё ғайриқонунӣ суиқасд кардан ё ба шараф ва обрӯи ӯ ғайриқонунӣ суиқасд намудан мумкин нест.
- Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми чунин мудохила ё чунин суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд.
Моддаи 18
- Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқи озоди бо хоҳиши худ доштан ё қабул кардани дин ё эътиқод, озодии шахсан ё якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ ибодат намудан, иҷро кардани расму оинҳои диниву маросимӣ ва таълими динӣ гирифтанро дар бар мегирад.
- Ҳеҷ кас набояд таҳти маҷбурияте қарор дода шавад, ки озодии ӯро дар мавриди бо хоҳиши худ қабул кардани дин ё эътиқод маҳдуд месозад.
- Озодии пайравӣ кардан ба дин ё эътиқод танҳо ба андозае маҳдуд карда мешавад, ки тибқи қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳимояи амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои асосии дигар шахсон зарур аст.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки озодии падару модар ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро оид ба эътиқоди худ тарбияи динӣ ва ахлоқӣ намудани фарзандонашонро эҳтиром намоянд.
Моддаи 19
- Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайравӣ намояд.
- Ҳар як инсон ба изҳори мустақилонаи ақидаи худ ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва андешаро, сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеӣ ё дигар воситаҳои изҳори онҳоро бо интихоби худ дар бар мегирад.
- Истифодаи ҳуқуқи дар банди 2 ҳамин модда пешбинишуда уҳдадориҳои махсус ва масъулияти махсусро вогузор менамояд. Истифодаи ҳуқуқи мазкур, бинобар ин метавонад аз маҳдудияте иборат бошад, ки бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд ва барои мақсадҳои зерин зарур мебошанд:
- a) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори шахсони дигар;
- b) барои ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ.
Моддаи 20
- Ҳама гуна таблиғи ҷанг бояд тавассути қонун манъ карда шавад.
- Ҳама гуна кӯшишҳо барои бадбинии миллӣ, нажодӣ ва динӣ, ки барангезандаи табъиз, кинаю адоват ё зӯроварӣ мебошад, бояд тавассути қонун манъ карда шавад.
Моддаи 21
Ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои осоишта эътироф карда мешавад. Истифода аз ин ҳуқуқ таҳти ягон хел маҳдудият қарор дода намешавад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки тибқи қонун муқаррар карда мешаванд ва дар ҷомеаҳои демократӣ ба манфиати амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ ё ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шахсони дигар заруранд.
Моддаи 22
- Ҳар як инсон ба озодии муттаҳид шудан бо дигарон, аз ҷумла ба таъсиси иттифоқҳои касаба ва шомил шудан ба онҳоро барои ҳифзи манфиатҳои худ ҳуқуқ дорад.
- Истифода аз ҳуқуқ таҳти ягон маҳдудият қарор дода намешавад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд. Ҳамин модда барои муқаррар намудани маҳдудият ҷиҳати истифода аз ин ҳуқуқ барои шахсоне, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ё полис шомиланд, монеъ намешавад.
- Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин модда ба давлатҳои иштирокчии Конвенсияи соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат нисбат ба озодии ассосиатсияҳо ва ҳифзи ҳуқуқи муттаҳидшавӣ ҳуқуқ намедиҳанд санадҳои қонунгузорие қабул намоянд, ки бар хилофи кафолатҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишаванда бошанд ё қонунро тарзе истифода намоянд, ки ба ин кафолатҳо зарар расонида шавад.
Моддаи 23
- Оила қисми табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад ва ҳуқуқ ба ҳимоя аз тарафи ҷомеа ва давлатро дорад.
- Ба мардон ва заноне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқи бастани никоҳ ва барпо намудани оила эътироф карда мешавад.
- Ягон никоҳ набояд бе розигии озодона ва пурраи шахсони ба ақди никоҳ дохилшаванда сурат гирад.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон бояд барои таъмини баробари ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зану шавҳар барои бастани никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар мавриди бекор карда шудани никоҳ бояд ҳимояи зарурии ҳамаи фарзандон пешбинӣ карда шавад.
Моддаи 24
- Ҳар як кӯдак, бидуни ягон навъ табъиз вобаста ба нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ ё таваллуд ба чунин тадбирҳои ҳимоя ҳуқуқ дорад, ки ба ӯ ҳамчун кӯдаки хурдсол аз тарафи оилаи вай, ҷамъият ва давлат заруранд.
- Ҳap як кӯдак баъди таваллуд бояд бетаъхир ба қайд гирифта шавад ва ном дошта бошад.
- Ҳар як кӯдак ба гирифтани шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 25
Ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад:
- a) дар идораи корҳои давлатӣ чӣ бевосита ва чӣ ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд;
- b) дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пинҳонӣ ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, овоз диҳад ва интихоб шавад;
- c) дар кишвари худ дар асосҳои умумии баробар ба хизмати давлатӣ роҳ дода шавад.
Моддаи 26
Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ягон табъиз ба ҳимояи баробари қонун ҳуқуқ доранд. Дар ин маврид ҳар гуна табъиз бояд тавассути қонун манъ карда шавад ва қонун бояд ба ҳамаи шахсон ҳимояи баробар ва самаранокро аз табъизи нажодӣ, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ва дигар эътиқод, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молумулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар кафолат диҳад.
Моддаи 27
Дар кишварҳое, ки дар онҳо ақалиятҳои миллӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуданд, ба шахсоне, ки ба чунин ақалиятҳо тааллуқ доранд, ҳуқуқи онҳо барои якҷоя бо дигар аъзои ҳамон гуруҳ истифода намудан аз фарҳанги худ, пайравӣ кардан ба дини худ ва иҷрои маросимҳои он, ҳамчунин истифода аз забони модарӣ набояд инкор карда шавад.
ҚИСМИ IV
Моддаи 28
- Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсон (минбаъд дар ҳамин Паймон "Кумита" номида мешавад) таъсис дода мешавад. Он аз ҳаждаҳ нафар аъзо иборат буда, вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки дар поён зикр мешаванд.
- Ба ҳайати Кумита шахсоне шомил мешаванд, ки шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон буда, дорои сифатҳои олии ахлоқӣ ва мутахассиси эътирофшуда дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд, дар баробари ин судманд будани ширкати якчанд шахсе, ки таҷрибаи ҳуқуқӣ дошта бошанд, ба эътибор гирифта мешавад.
- Аъзои Кумита интихобӣ мебошанд ва шахсан кор мекунанд.
Моддаи 29
- Аъзои Кумита бо овоздиҳии пинҳонӣ аз рӯйхати шахсоне, ки ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 28 мебошанд ва аз тарафи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон бо ҳамин мақсад пешбарӣ шудаанд, интихоб карда мешаванд.
- Ҳap як давлати иштирокчии ҳамин Паймон метавонад на зиёда аз ду шахсро пешбарӣ намояд. Ин шахсон бояд шаҳрвандони давлате бошанд, ки онҳоро пешбарӣ намудааст.
- Ҳар шахс ба пешбарии такрорӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 30
- Интихоботи пешакӣ на дертар аз шаш моҳи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон гузаронида мешавад.
- Ҳадди ақал чор моҳ пеш аз рӯзи ҳар як интихобот ба Кумита, ба ғайр аз интихобот барои пурра кардани ҷойҳои холие, ки мутобиқи моддаи 34 холӣ шудаанд, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон оид ба дар муддати се моҳ пешниҳод намудани номзадҳо ба узвияти Кумита бо даъватномаи хаттӣ муроҷиат мекунад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати ҳамаи шахсони бо ҳамин тарз пешбаришударо ба тартиби алифбо бо зикри давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон, ки ин шахсонро пешбарӣ кардаанд, тартиб медиҳад ва ин рӯйхатро ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон на дертар аз як моҳ то рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот пешниҳод мекунад.
- Интихоби аъзои Кумита дар ҷаласаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон, ки аз тарафи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват карда мешавад, доир мегардад. Дар ин ҷаласа, ки дар сурати ҳозир будани аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ба аъзогии Кумита шахсоне интихобшуда ҳисоб мешаванд, ки номзадии онҳо овози аз ҳама бештари ширкаткунандагон ва намояндагони иштирокдоштаи давлатҳои ширкаткунандаро гирифтаанд.
Моддаи 31
- Ба Кумита аз ҳар як давлат на зиёда аз як шаҳрванд шомил шуда метавонад.
- Ҳангоми интихобот ба Кумита тақсимоти одилонаи географии аъзо ва намояндагии шаклҳои гуногуни тамаддун ва низомҳои асосии ҳуқуқӣ ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 32
- Аъзои Кумита ба муҳлати чор сол интихоб мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар сурати пешбарии такрории номзадиашон бори дигар интихоб шаванд. Аммо муҳлати ваколати нуҳ нафар аъзое, ки дар интихоботи аввал интихоб шудаанд, баъди ду сол ба охир мерасад; баъди интихоботи аввал номҳои ин нуҳ нафар аъзо фавран бо қуръапартоӣ аз ҷониби Раиси ҷаласа муайян карда мешавад, ки дар ин бора дар банди 4 моддаи 30 зикр шудааст.
- Баъди ба охир расидани ваколатҳо интихобот мутобиқи моддаҳои қаблии ҳамин қисми Паймон гузаронида мешаванд.
Моддаи 33
- Агар аъзои Кумита якдилона ба чунин ақида оянд, ки ягон узви Кумита бо ягон сабаб, ба ғайр аз муваққатан ҳозир набуданаш, иҷрои вазифаҳои худро қатъ намудааст, Раиси Кумита ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус хабар медиҳад, ки ӯ баъдан ҷои ин узвро холӣ эълон мекунад.
- Дар ҳолати вафот кардан ё ба истеъфо баромадани ягон узви Кумита, Раис фавран ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки ӯ ин ҷойро аз рӯзи вафот ё аз рӯзи воқеан ба истеъфо баромадани узви Кумита холӣ эълон мекунад.
Моддаи 34
- Вақте ки мутобиқи моддаи 33 ҷои холӣ эълон карда мешавад ва агар муҳлати ваколати узве, ки бояд иваз карда шавад, дар давоми шаш моҳи пас аз эълони ҷои холӣ ба охир нарасад, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймонро хабардор мекунад, ки метавонад мутобиқи моддаи 29 дар давоми ду моҳ барои пурра намудани ҷои холӣ номзад пешниҳод кунад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати шахсони ба ҳамин тартиб пешбаришударо бо тартиби алифбо тартиб медиҳад ва ин рӯйхатро ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон пешниҳод мекунад. Интихобот барои пурра кардани ҷойҳои холӣ баъдан мувофиқи муқаррароти дахлдори ҳамин қисми Паймон гузаронида мешавад.
- Узви Кумита, ки барои ишғоли ҷои холии мутобиқи моддаи 33 эълоншуда интихоб шудааст, вазифаро дар давоми боқимондаи муҳлати ваколати узве, ки дар Кумита мувофиқи муқаррароти моддаи зикршуда ҷойро холӣ кардааст, ишғол мекунад.
Моддаи 35
Аъзои Кумита маоши аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муқарраргардидаро аз маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид бо тартиб ва талаботе, ки Ассамблеяи Генерали бо дарназардошти аҳамияти вазифаҳои Кумита муайян мекунад, мегиранд.
Моддаи 36
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок амалӣ шудани вазифаҳои Кумита, ки дар ҳамин Паймон муқаррар гардидаанд, кормандон ва воситаҳои моддӣ ҷудо мекунад.
Моддаи 37
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи аввали Кумитаро дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад.
- Баъди ҷаласаи аввали худ Кумита ҷаласаҳои минбаъдаи худро дар вақтҳое доир менамояд, ки дар қоидаҳои тартибии он пешбинӣ шудаанд.
- Кумита одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҷаласа доир менамояд.
Моддаи 38
Ҳар як узви Кумита то шурӯъ кардан ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар ҷаласаи кушодаи Кумита ботантана изҳор менамояд, ки вазифаҳои худро беғаразона ва бовиҷдонона иҷро менамояд.
Моддаи 39
- Кумита шахсони мансабдори худро ба муҳлати ду сол интихоб мекунад. Онҳо метавонанд такроран интихоб шаванд.
- Кумита қоидаҳои тартибии худро муқаррар мекунад, вале ин қоидаҳо бояд, аз ҷумла инҳоро пешбинӣ кунанд:
- a) дувоздаҳ нафар аъзои Кумита салоҳиятнокии онро ташкил медиҳанд;
- b) қарорҳои Кумита бо аксарияти овози аъзои ҳозирбуда қабул карда мешаванд.
Моддаи 40
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки дар бораи тадбирҳои аз тарафи онҳо андешидашуда доир ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои дар ҳамин Паймон эътирофшуда ва а пешрафте, ки дар истифодаи ин ҳуқуқ ҳосил шудааст, маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд:
- a) дар давоми як сол баъди эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон нисбати давлатҳои иштирокчии дахлдор;
- b) баъд аз ин дар ҳамаи ҳолатҳое, ки Кумита талаб мекунад.
- Ҳамаи маърӯзаҳо ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешаванд ва ӯ онҳоро ба Кумита барои баррасӣ мефиристад. Дар маърӯзаҳо ҳолатҳо ва мушкилоте, ки (агар мавҷуд бошанд) ба татбиқи ҳамин Паймон таъсир мерасонанд, зикр карда мешаванд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид баъди машварат бо Кумита метавонад ба муассисаҳои манфиатдори махсусгардонидашуда нусхаҳои он қисмҳои маърӯзаҳоеро, ки метавонанд ба доираи салоҳияти онҳо дахл дошта бошанд, ирсол намояд.
- Кумита маърӯзаҳоеро, ки аз тарафи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ мекунад. Вай ба давлатҳои иштирокчӣ маърӯзаҳои худ ва мулоҳизотеро, ки хислати умумӣ доранд ва онҳоро мувофиқи мақсад мешуморад, мефиристад. Кумита ҳамчунин метавонад ин мулоҳизотро якҷоя бо нусхаи маърӯзаҳои аз давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон гирифташуда ба Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ ирсол намояд.
- Давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон метавонанд ба Кумита андешаҳои худро оид ба ҳар мулоҳизоте, ки мутобиқи банди 4 ҳамин модда метавонанд изҳор карда шаванд, пешниҳод намоянд.
Моддаи 41
- Мутобиқи ҳамин модда давлати иштирокчии ҳамин Паймон метавонад ҳар вақт эълон намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро дар мавриди гирифтан ва баррасӣ намудани маълумот доир ба изҳороти ягон давлати иштирокчӣ дар бобати он, ки дигар давлати иштирокчӣ уҳдадориҳои худро аз рӯи ҳамин Паймон иҷро намекунад, эътироф менамояд. Маълумоти пешбининамудаи ҳамин модда метавонад танҳо дар ҳамон сурат қабул ва баррасӣ карда шавад, ки он аз тарафи давлати иштирокчӣ доир ба эътирофи салоҳияти ин Кумита изҳоротдода пешниҳод шуда бошад. Кумита дигар ягон маълумотеро, ки ба давлати иштирокчии чунин изҳорот надода дахл дорад, қабул намекунад. Маълумоте, ки мувофиқи ҳамин модда гирифта шудааст, мутобиқи тартиби зерин баррасӣ карда мешавад:
- a) Агар ягон давлати иштирокчии ҳамин Паймон чунин шуморад, ки дигар давлати иштирокчӣ муқаррароти ҳамин Паймонро амалӣ намекунад, вай ин масъаларо ба таври хаттӣ ба маълумоти давлати иштирокчии мазкур мерасонад. Дар давоми се моҳи баъди гирифтани ин маълумот давлати онро гирифта ба давлате, ки чунин маълумотро фиристодааст, ба таври хаттӣ шарҳ ё ҳар навъи дигари изҳоротро бо тафсири ин масъала мефиристад ва дар он ба андозае, ки имкон дорад ва мувофиқи мақсад аст, бояд зикр намояд, ки оид ба ин масъала кадом расмиёт ва тадбирҳои дохилӣ қабул шудаанд, қабул хоҳанд шуд ё метавонанд қабул шаванд.
- b) Агар аз ҳалли масъала дар давоми шаш моҳи баъди аз тарафи давлати қабулкунандаи маълумот гирифта шудани маълумоти аввалин ҳарду давлати иштирокчии манфиатдор қонеъ нагарданд, ҳар кадоме аз ин давлатҳо ҳуқуқ дорад, ки ин масъаларо ба Кумита супорида, дар ин бобат Кумита ва давлати дигарро хабардор созад.
- c) Кумита масъалаи ба вай супоридашударо танҳо баъди боварӣ ҳосил кардан дар бораи он, ки мутобиқи принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамаи воситаҳои имконпазири дохилӣ дар ин ҳолат истифода шудаанд ва воситаи дигар боқӣ намондааст, баррасӣ мекунад. Вақте ки истифодаи ин воситаҳо беасос ба таъхир андохта мешавад, ин қоида амал намекунад.
- d) Ҳангоми баррасии маълумоте, ки ҳамин модда пешбинӣ мекунад, Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир мекунад.
- e) Кумита бо риояи муқаррароти зербанди с) ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор бо мақсади ҳаллу фасли дӯстонаи масъала дар асоси эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосие, ки дар ҳамин Паймон эътироф мешаванд, хизмати хайрандешонаи худро мерасонад.
- f) Кумита метавонад аз рӯи ҳар масъалаи ба баррасии он супоридашуда ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор, ки дар зербанди b) зикр шудаанд, муроҷиат намояд ва пешниҳоди ҳар маълумотеро, ки ба масъалаи мазкур дахл дорад, хоҳиш намояд.
- g) Давлатҳои иштирокчии манфиатдоре, ки дар зербанди b) зикр шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми баррасии масъала дар Кумита ҳозир шаванд ва ба таври шифоҳӣ ва (ё) хаттӣ гузориш диҳанд.
- h) Кумита дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди гирифтани хабарнома мутобиқи зербанди b) дар ҳолатҳои зерин маърӯза пешниҳод мекунад:
- i) агар дар доираи муқаррароти зербанди е) масъала ҳал шавад, он гоҳ Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва қарори ҳосилшуда маҳдуд мешавад;
- ii) агар масъала дар доираи муқаррароти зербанди е) ҳал нашавад, он гоҳ Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо маҳдуд мешавад; пешниҳодоти хаттӣ ва сабти пешниҳоди шифоҳие, ки аз тарафи давлатҳои иштирокчии манфиатдор пешниҳод шудаанд, ба маърӯза замима карда мешаванд.
Маърӯза аз рӯи ҳар як масъала ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор ирсол мегардад.
- Муқаррароти ҳамин модда вақте эътибор пайдо мекунанд, ки даҳ давлати иштирокчии ҳамин Паймон мутобиқи банди 1 ҳамин модда изҳорот диҳанд. Чунин изҳорот аз тарафи давлатҳои иштирокчӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд, ки ӯ нусхаҳои онҳоро ба давлатҳои иштирокчӣ мефиристад. Изҳорот метавонад ҳар вақт бо хабарномаи Котиби генералӣ бозпас гирифта шавад. Чунин амал барои баррасии ҳар масъалае, ки мавзӯи маълумоти аллакай мутобиқи ҳамин модда фиристодашуда мебошад, монеъ намегардад; ҳеҷ гуна маълумоти минбаъдаи ҳар давлати иштирокчӣ баъди аз тарафи Котиби генералӣ гирифта шудани хабарнома дар бораи бозпас гирифтани изҳорот қабул намешавад, ба шарте ки давлати иштирокчии манфиатдор изҳороти нав надода бошад.
Моддаи 42
- а) Агар аз ҳалли ягон масъалаи ба Кумита мутобиқи моддаи 41 супоридашуда давлатҳои иштирокчии манфиатдор қонеъ нагарданд, Кумита метавонад бо мувофиқаи пешакии давлатҳои иштирокчии манфиатдор Комиссияи махсуси созиш (минбаъд "Комиссия" номида мешавад) таъсис диҳад. Комиссия бо мақсади ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар асоси риояи муқаррароти ҳамин Паймон ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор хизмати хайрандешона мерасонад.
- b) Комиссия аз панҷ шахсе, ки барои давлатҳои иштирокчии манфиатдор қобили қабуланд, иборат мебошад. Агар давлатҳои иштирокчии манфиатдор дар давоми се моҳ дар мавриди ҳамаи ҳайат ё як қисми ҳайати Комиссия ба мувофиқа нарасанд, он гоҳ ин аъзои Комиссия, ки дар бораи таъини онҳо мувофиқа ҳосил нашудааст, бо роҳи овоздиҳии пӯшида бо овози аз се ду қисми ҳайати аъзои Кумита интихоб карда мешаванд.
- Аъзои Комиссия уҳдадориҳои худро шахсан иҷро мекунанд. Онҳо набояд шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии манфиатдор ё давлате, ки иштирокчии ҳамин Паймон нест ё давлати иштирокчие, ки мутобиқи моддаи 41 изҳорот надодааст, бошанд.
- Комиссия Раиси худро интихоб мекунад ва қоидаҳои тартибии худро муқаррар менамояд.
- Ҷаласаҳои Комиссия маъмулан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева доир мегарданд. Аммо онҳо метавонанд дар дигар ҷойҳои мувофиқ, ки аз тарафи Комиссия бо машварати Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои иштирокчии дахлдор муайян карда мешаванд, доир карда шаванд.
- Комиссияро, ки дар асоси ҳамин модда таъсиси дода мешавад, ҳамчунин Котибот, ки мутобиқи моддаи 36 ба ихтиёри Кумита дода мешавад, хизмат мерасонад.
- Маълумоти аз тарафи Кумита гирифташуда ва омӯхташуда ба ихтиёри Комиссия супорида мешавад ва Комиссия метавонад ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор муроҷиат кунад ва пешниҳоди ҳар маълумотеро, ки ба масъала дахл дорад, хоҳиш намояд.
- Вақте ки Комиссия масъаларо пурра баррасӣ мекунад, аммо ба ҳар ҳол на дертар аз 12 моҳи баъди он, ки ин масъала ба вай супорида шуда буд, ба Раиси Кумита барои фиристодан ба давлатҳои иштирокчии манфиатдор маърӯза пешниҳод мекунад:
а) Агар Комиссия баррасии ин масъаларо дар давоми 12 моҳ ба охир расонида натавонад, он гоҳ дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари ҳолати аз тарафи вай баррасӣ гардидани масъала маҳдуд мешавад.
- b) Агар ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар асоси риояи ҳуқуқи инсон, ки дар ҳамин Паймон эътироф мешавад, муяссар гардад, он гоҳ Комиссия дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва қарори ҳосилшуда маҳдуд мешавад.
- c) Агар қарори дар зербанди b) зикршуда ҳосил нагардад, маърӯзаи Комиссия хулосаи вайро дар бораи ҳамаи масъалаҳои воқеан ҷойдошта, ки ба баҳси миёни давлатҳои иштирокчии манфиатдор дахл доранд ва мулоҳизоти вайро доир ба имкониятҳои ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар бар мегирад. Ин маърӯза ҳамчунин пешниҳодоти хаттӣ ва сабти пешниҳодоти шифоҳиеро, ки давлатҳои иштирокчии манфиатдор додаанд, дар бар мегирад.
- d) Агар маърӯзаи Комиссия мувофиқи зербанди с) пешниҳод карда шавад, давлатҳои иштирокчии манфиатдор дар давоми се моҳи баъди гирифтани ин маърӯза Раиси Кумитаро доир ба он, ки оё онҳо бо муҳтавои маърӯзаи Комиссия розӣ хастанд, хабардор мекунанд.
- Муқаррароти ҳамин модда уҳдадориҳои Кумитаро, ки дар моддаи 41 пешбинӣ шудаанд, кам намекунанд.
- Давлатҳои иштирокчии манфиатдор ҳамаи хароҷоти Комиссияро мутобиқи сметаи аз тарафи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодишванда ба андозаи баробар мепардозанд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ дорад, ки хароҷоти аъзои Комиссияро, агар зарур бошад, то аз тарафи давлатҳои иштирокчии манфиатдор мутобиқи банди 9 ҳамин модда ҷуброн карда шудани онҳо, пардохт намояд.
Моддаи 43
Аъзои Кумита ва комиссияҳои махсуси созиш, ки метавонанд мувофиқи моддаи 42 таъин карда шаванд, ба имтиёзу бартариҳо ва масунияти экспертҳое, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сафарҳои хизмати фиристода мешаванд, ба ҳамон тавре, ки дар фаслҳои дахлдори Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи имтиёзҳо ва масуният пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 44
Муқаррарот доир ба амалӣ намудани ҳамин Паймон бидуни расонидани зарар ба расмиёти соҳаи ҳуқуқи инсон, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ё мутобиқ ба онҳо дарҷ шудаанд, ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон дар мавриди истифодаи дигар расмиёти ҳаллу фасли баҳс дар асоси созишномаҳои байналмилалии умумӣ ва махсуси дар байни онҳо амалкунанда монеъ намешаванд.
Моддаи 45
Кумита ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба воситаи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ дар бораи кори худ ҳар сол маърӯза пешниҳод мекунад.
ҚИСМИ V
Моддаи 46
Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Паймон набояд ба маънии маҳдуд кардани аҳамияти меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки вазифаҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо доир ба масъалаҳои мавриди назари ҳамин Паймон муайян мекунанд, тафсир дода шавад.
Моддаи 47
Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Паймон набояд ба маънии маҳдуд кардани ҳуқуқи ҷудонопазири ҳамаи халқҳо дар бобати ихтиёрдорӣ ва истифодаи пурра ва озодонаи сарват ва захираҳои табии худ тафсир дода шавад.
ҚИСМИ VI
Моддаи 48
- Ҳамин Паймон барои имзо аз ҷониби ҳар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё узви ҳар як аз муассисаи махсусгардонидашудаи он, ҳар давлати иштирокчии Статути Суди Байналмилалӣ ва ҳар давлати дигаре, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ширкат дар ҳамин Паймон даъват карда шудааст, кушода аст.
- Ҳамин Паймон бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо дар ихтиёри Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуз дошта мешаванд.
- Ҳамин Паймон барои ҳамроҳшавии ҳар давлате, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, кушода аст.
- Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдорӣ ба ихтиёри Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Паймон имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдорӣ қабул шудани ҳар як тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ хабардор месозад.
Моддаи 49
- Ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасдиқномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Паймонро ба тасдиқ мерасонад ё ба он баъди ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ ҳамроҳ мешавад, ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасдиқнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 50
Меъёрҳои ҳамин Паймон дар тамоми қисмҳои давлатҳои федеративӣ бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.
Моддаи 51
- Ҳар давлати иштирокчии ҳамин Паймон метавонад тағйиротҳо пешниҳод кунад ва онҳоро ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Котиби генералӣ сипас ҳар тағйироти пешниҳодшударо ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади баррасии ин пешниҳодҳо ва доир намудани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Котиби генералӣ ин конференсияро таҳти роҳбари Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои иштирокчӣ дар овоздиҳии дар ин конференсия ҳозирбуда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.
- Тағйиротҳо баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.
- Вақте ки тағйиротҳо эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои иштирокчие, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешавад ва барои дигар давлатҳои иштирокчӣ иҷрои муқаррароти ҳамин Паймон ва ҳамаи тағйироти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 52
Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 48 анҷом дода мешавад, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1 ҳамон модда сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нуктаи зерин хабардор месозад:
- a) имзо кардан, ба тасдиқ расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 48;
- b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон мувофиқи моддаи 49 ва санаи эътибор пайдо кардани ҳама гуна тағйирот мувофиқи моддаи 51.
Моддаи 53
- Ҳамин Паймон, ки асли матнҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он якхела ва бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдорӣ ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Паймонро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 48 зикр шудаанд, мефиристад.
[1]Паймони мазкур соли 1999 аз љониби Љумњурии Тољикистон ба тасдиқ расонида шудааст.