КОНВЕНСИЯ ОИД БА ҲУҚУҚИ КУДАК

 

Бо қатъномаи 44/25 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 ноябри соли 1989 қабул гардида, барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ кушода аст. Аз 2 сентябри соли 1990 эътибор пайдо кардааст.[1]

 

МУҚАДДИМА

Давлатҳои иштирокчии Конвенсияи мазкур,

 

мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шаъну шарафи хос, ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазири ҳамаи аъзои ҷомеаро асоси таъмини озодӣ, адолат ва сулҳ дар рӯи Замин ҳисобида,

 

бо дарназардошти он ки халқҳои Милали Муттаҳид дар Оиннома боварии худро ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну шараф ва шахсияти инсонӣ тасдиқ намудаанд ва азму иродаи қавӣ доранд, ки ба пешрафти иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагӣ дар сурати бештар шудани озодӣ мусоидат намоянд,

 

бо эътироф кардани он ки Созмони Милали Муттаҳид дар Эъломияи умумии ҳукуқи инсон ва Паймонҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон эълон кардааст ва розӣ шудааст, ки ҳар як инсон бе ягон фарқият бо чунин нишонаҳо, ба монанди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, оилавӣ ё вазъи дигар бояд тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар ҳуҷҷатҳои мазкур зикршударо дошта бошад,

 

бо хотиррасон намудани он ки Созмони Милали Муттаҳид дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон намудааст, ки кӯдакон ба ғамхорӣ ва кӯмаки махсус ҳуқуқ доранд,

 

бо боварӣ аз он ки ба оила ҳамчун қисми асосии ҷомеа ва муҳити табиӣ барои инкишоф ва беҳбудии ҳамаи аъзои он ва хусусан кӯдакон бояд ҳимоя ва кӯмаки зарурӣ пешниҳод карда шавад, то ки вай уҳдадориҳои дар доираи ҷомеа мавҷудбударо ба зиммаи худ гирифта тавонад,

 

бо эътироф кардани он ки кӯдак барои инкишофи пурра ва ҳамаҷонибаи шахсияташ бояд дар муҳити оила, дар фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва фаҳмиш инкишоф ёбад,

 

бо дарназардошти он ки кӯдак бояд пурра ба ҳаёти мустақилона дар ҷомеа омода бошад ва дар руҳияи мақсадҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида ва хусусан дар руҳияи сулҳ, шаъну шараф, таҳаммул, озодӣ, баробарӣ ва ҳамраъйӣ тарбия ёбад,

 

бо дарназардошти он ки зарурат ба чунин ҳимояи махсус дар Эъломияи Женевагии ҳуқуқи кӯдак аз соли 1924, Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1959 қабул гардидааст, пешбинӣ шудааст ва дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (аз ҷумла, дар моддаҳои 23 ва 24), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз ҷумла, дар моддаи 10), инчунин дар оинномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дахлдори муассисаҳои махсусгардонидашуда ва ташкилотҳои байналмилалии ба масъалаҳои некӯаҳволии кӯдакон машғулбуда, эътироф гардидааст,

 

бо дарназардошти он ки чи тавре дар Эъломияи ҳуқуқи кӯдак зикр шудааст, «кӯдак, бинобар ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш, ба муҳофизату ғамхории махсус, аз ҷумла ҳифзи зарурии ҳуқуқии чи то лаҳзаи таваллуд ва чи баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад», зикр ёфтааст,

 

бо ишора ба меъёрҳои Эъломияи дар бораи принсипҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии марбут ба ҳифз ва некӯаҳволии кӯдакон, хусусан ҳангоми ба тарбия додани кӯдакон ва фарзандхондии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, Қоидаҳои ҳадди ақалли Созмони Милали Муттаҳид марбут ба амалӣ намудани адолати судӣ нисбати ноболиғон («Қоидаҳои Пекинӣ») ва Эъломияи ҳифзи занон ва кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулодда ва дар давраи низоъҳои мусаллаҳона,

 

бо эътирофи он ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кӯдакони дар шароити ниҳоят душвор истиқоматкунанда вуҷуд доранд ва чунин кӯдакон ба таваҷҷуҳи махсус эҳтиёҷ доранд,

 

муҳимияти анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии ҳар як халқро дар ҳимоя ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак ба таври зарурӣ ба инобат гирифта,

 

бо эътирофи муҳимияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакони ҳар як кишвар, хусусан кишварҳои рӯ ба инкишоф,

 

ба мувофиқаи зерин расиданд:

 

 [1] Конвенсияи мазур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми октябри соли 1993 ба тасвиб расида, аз 25-уми ноябри соли 1993 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардааст.

 

ҚИСМИ I

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак татбиқ мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад.

 

Моддаи 2

  1. Давлатҳои иштирокчӣ барои ҳар як кӯдаке, ки дар ҳудуди татбиқи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, падару модар ё васии қонунии ӯ ва ё ягон ҳолатҳои дигар ҳамаи ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эҳтиром ва таъмин менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои заруриро барои таъмини ҳифзи кӯдак аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ё ҷазо дар асоси вазъ, фаъолият, изҳори ақида ё эътиқоди кӯдак, падару модари кӯдак, васии қонунӣ ё дигар аъзои оила меандешанд.

 

Моддаи 3

  1. Дар ҳамаи амалҳо нисбати кӯдакон, сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дардарназардошти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модари кӯдак, васиҳо ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъулбуда, ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои беҳбудии ӯ заруранд ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва маъмуриро меандешанд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ чунин шароитеро таъмин менамоянд, ки муассисаҳо, хадамот ва мақомоти барои ғамхории кӯдакон ё ба ҳимояи онҳо масъулбуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ ва тандурустӣ ва аз нуқтаи назари шумора, ба кор лоиқ будани кормандони онҳо, инчунин амалӣ намудани назорати салоҳиятнок мутобиқат кунанд.

 

Моддаи 4

Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳоро барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофшуда меандешанд. Нисбат ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлатҳои иштирокчӣ тадбирҳоро дар доираи имкониятҳои ниҳоии мавҷудаи худ ва дар мавриди зарурат дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ меандешанд.

 

Моддаи 5

Давлатҳои иштирокчӣ масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва дар ҳолатҳои дахлдор ҳайати васеи оила ё ҷомеа, ҳамон тавре, ки дар расму оинҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст, васиён ё дигар шахсоне, ки мутобиқи қонун барои кӯдак масъулият доранд, барои ба таври зарурӣ идора ва сарпарастӣ намудани кӯдакро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофшуда ва иҷро кардани ин фаъолиятҳо, мутобиқи қобилияти инкишофёбии кӯдак эҳтиром менамоянд.

 

Моддаи 6

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як кӯдакро ба зиндагӣ эътироф менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳадди аксари имконпазир ба зиндагӣ ва инкишофи солими кӯдакро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 7

  1. Кӯдак дарҳол баъд аз таваллуд ба қайд гирифта мешавад ва аз лаҳзаи таваллуд ба ном ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад, ҳамчунин, то кадом андоза ин ҳуқуқ дорад падару модари худро донад ва ба ғамхории онҳо ҳуқуқ дорад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ амалӣ гардидани ин ҳуқуқҳоро мутобиқи қонунгузории миллии худ ва иҷро гардидани уҳдадориҳояшонро тибқи ҳуҷҷатҳои дахлдори байналмилалӣ дар ин соҳа, аз ҷумла дар сурате ки, агар кӯдак шаҳрвандӣ надошта бошад ҳам, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 8

  1. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд ҳуқуқи кӯдакро ба нигоҳ доштани фардияти худ, аз ҷумла шаҳрвандӣ, ном ва робитаи оилавӣ, ҳамон тавре ки дар қонун пешбинӣ мегардад, бе дахолати ғайриқонунӣ эҳтиром намоянд.

 

  1. Агар кӯдак ғайриқонунӣ қисман ё пурра аз фардияти худ маҳрум карда шавад, давлатҳои иштирокчӣ ба ӯ кӯмаки зарурӣ мерасонанд ва барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фардияташ ҳимояи худро пешниҳод мекунанд.

 

Моддаи 9

  1. Давлатҳои иштирокчӣ таъмин менамоянд, ки кӯдак хилофи хоҳишаш аз падару модари худ ҷудо карда нашавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мақомоти салоҳиятдор мувофиқи қарори суд тибқи қонун ва тартиби татбиқшаванда муқаррар намоянд, ки чунин ҷудокунӣ ба манфиати бештари кӯдак хоҳад буд. Чунин тадбир метавонад дар ин ё он ҳолати мушаххас зарур шавад, масалан, вақте ки падару модар ба кӯдак муносибати бераҳмона мекунанд ё ба ӯ ғамхорӣ намекунанд ё ҳангоме ки падару модар ҷудо зиндагӣ мекунанд ва барои муайян намудани ҷойи истиқомати кӯдак қарор қабул кардан зарур мебошад.

 

  1. Дар рафти ҳама гуна муҳокима мутобиқи банди 1 ҳамин модда ба ҳама тарафҳои манфиатдор имконият дода мешавад, ки дар муҳокима иштирок намоянд ва нуқтаи назари худро баён кунанд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуҳуқи кӯдакеро, ки аз як ё ҳар ду падару модар ҷудо карда мешавад, ҷиҳати нигоҳ доштани муносибатҳои мунтазами шахсӣ ва робитаи бевосита бо ҳар ду падару модар эхтиром менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амал хилофи манфиатҳои кӯдак мебошад.

 

  1. Дар ҳолатҳое, ки чунин ҷудокунии кӯдак аз ягон қароре бармеояд, ки онро давлати иштирокчӣ қабул намудааст, масалан ҳангоми ҳабс кардан, дар ҳабс нигоҳ доштан, бадарға кардан, аз ватан рондан ё фавти (аз ҷумла фавт дар натиҷаи ҳама гуна сабабҳои ҳангоми дар тобеияти ҳуқуқии давлат будани ин шахс) яке аз падару модар ё ҳар дуи онҳо ин давлати иштирокчӣ ба падару модар, кӯдак ё агар зарур бошад, ба дигар аъзои оила бо хоҳиши онҳо иттилооти заруриро нисбати ҷойи ҷойгиршавии аъзо ё аъзоёни ҳозирнабудаи оила пешниҳод мекунад, ба шарте ки агар пешниҳод намудани ин иттилоот ба осудаҳолии кӯдак зарар нарасонад. Давлатҳои иштирокчӣ минбаъд таъмин менамоянд, ки пешниҳод гардидани чунин хоҳиш худ аз худ барои шахсони дахлдор оқибатҳои номатлуб наорад.

 

Моддаи 10

  1. Мутобиқи уҳдадориҳои давлатҳои иштирокчӣ тибқи банди 1 моддаи 9 аризаҳои кӯдак ё падару модари ӯ барои воридшавӣ ба давлати аъзо ё хориҷшавӣ аз он бо мақсади якҷояшавии оила бояд аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ ба таври мусбӣ, инсондӯстона ва фаврӣ баррасӣ гарданд. Давлатҳои иштирокчӣ минбаъд таъмин менамоянд, ки пешниҳоди чунин хоҳиш ба аризадиҳандагон ва аъзои оилаҳои онҳо оқибатҳои номатлуб наорад.

 

  1. Кӯдаке, ки падару модари ӯ дар кишварҳои гуногун истиқомат мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои махсус, ҳуқуқ дорад бо ҳар ду падару модар муносибатҳои шахсӣ ва робитаҳои бевоситаи мунтазамро ба роҳ монад. Бо ин мақсад ва мутобиқи уҳдадориҳои давлатҳои иштирокчӣ тибқи банди 2 моддаи 9 давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдак ва падару модари ӯро барои тарк намудани ҳама гуна кишвар, аз ҷумла кишвари худ ва бозгаштан ба кишвари худ эҳтиром менамоянд. Нисбати ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар танҳо он маҳдудиятҳое раво дониста мешаванд, ки қонун муқаррар намудааст ва барои ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур буда, бо дигар ҳуқуқҳое, ки дар ин Конвенсия эътироф шудаанд, мутобиқ бошанд.

 

Моддаи 11

  1. Давлатҳои иштирокчӣ чораҳои муборизаро бар зидди ғайриқонунӣ интиқол додан ва бознагардонидани кӯдакон аз хориҷа меандешанд.

 

  1. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчӣ барои бастани шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои амалкунанда мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 12

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ба кӯдаке, ки метавонад ақидаҳои шахсии худро ифода кунад, ҳуқуқи баён намудани ин ақидаҳоро аз рӯи тамоми масъалаҳои ба кӯдак дахлдошта таъмин менамоянд, зимнан ба ақидаҳои кӯдак мутобиқи синну сол ва камолоти ӯ аҳамияти зарурӣ зоҳир карда мешавад.

 

  1. Бо ин мақсад ба кӯдак, аз ҷумла имконият дода мешавад, ки дар рафти ҳама гуна муҳокимаи судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдошта бевосита ё ба воситаи намоянда ё мақомоти дахлдор, бо тартиби пешбининамудаи меъёрҳои мурофиавии қонунгузории миллӣ ақидаи худро баён кунад.

 

Моддаи 13

  1. Кӯдак ҳуқуқ дорад ақидаи худро озодона баён намояд, ин ҳуқуқ иборат аст аз озодона ҷустуҷӯ намудан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва андешаро, сарфи назар аз сарҳадҳо, дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ё чопӣ, дар шакли асарҳои санъат ё бо мусоидати дигар воситаҳои интихобнамудаи кӯдак.

 

  1. Амалӣ намудани ин ҳуқуқ метавонад баъзе маҳдудиятҳо дошта бошад, вале ин маҳдудиятҳо метавонанд танҳо он маҳдудиятҳое бошанд, ки дар қонун пешбинӣ гардидаанд ва барои инҳо заруранд:

 

а) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори дигар шахсон;

 

  1. b) барои ҳимояи амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public) ё саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ.

 

Моддаи 14

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро ба озодии ақида, виҷдон ва дин эҳтиром менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро ҷиҳати роҳбарӣ намудан ба кӯдак дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои ӯ бо тарзҳои мутобиқ ба қобилияти инкишофёбии кӯдак эҳтиром мекунанд.

 

  1. Озодона пайравӣ кардан ба дин ё эътиқоди худ метавонад чунин маҳдудиятҳо дошта бошанд, ки дар қонун пешбинӣ гардидаанд ва барои ҳифзи амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва саломатии аҳолӣ ё ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии дигар шахсон заруранд.

 

Моддаи 15

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро ба озодии муттаҳид шудан ва озодии гирдиҳамоиҳои осоишта эътироф мекунанд.

 

  1. Нисбати амалӣ намудани ин ҳуқуқ ягон маҳдудият пешбинӣ намегардад ба ғайр аз онҳое, ки мутобиқи қонун ва онҳое, ки дар ҷомеаи демократӣ барои манфиати амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), ҳимояи саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон заруранд.

 

Моддаи 16

  1. Ягон кӯдак наметавонад объекти дахолати худсарона ё ғайриқонунӣ дар амалишавии ҳуқуқҳои ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, дахлнопазирии манзил ё махфияти мукотиба ё дахолати ғайриқонунӣ ба шаъну шараф ва эътибори ӯ бошад.

 

  1. Кӯдак ба ҳимояи қонун аз чунин дахолат ва суиқасд ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 17

Давлатҳои иштирокчӣ нақши муҳими воситаҳои ахбори оммаро эътироф менамоянд ва таъмин менамоянд, ки ба кӯдак иттилоот ва мавод аз манбаъҳои гуногуни миллӣ ва байналмилалӣ дастрас бошанд, хусусан чунин иттилоот ва маводе, ки барои мусоидат ба беҳбудии иҷтимоӣ ва маънавӣ, инчунин рушди солими ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак нигаронида шудаанд. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчӣ:

 

а) воситаҳои ахбори оммаро ба интишори иттилоот ва маводи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дар руҳияи моддаи 29 ба кӯдак манфиатбахш дастгирӣ мекунанд;

 

  1. b) ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи тарбия, мубодила ва интишори чунин иттилоот ва мавод аз манбаъҳои мухталифи фарҳангӣ, миллӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд;

 

с) нашр ва интишори адабиёти кӯдаконаро дастгирӣ мекунанд;

 

  1. d) воситаҳои ахбори омма ба зоҳир намудани таваҷҷӯҳи хос ба эҳтиёҷоти забонии кӯдаке, ки ба ягон гурӯҳи ақаллият ё аҳолии таҳҷоӣ мансуб аст, дастгирӣ менамоянд;

 

е) дар таҳияи принсипҳои зарурии ҳимояи кӯдак аз иттилоот ва маводи ба беҳбудии он зараррасонанда, бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 13 ва 18 дастгирӣ менамоянд.

 

Моддаи 18

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми кӯшишро ба он равона менамоянд, ки эътирофи принсипи умумӣ ва масъулияти баробари ҳар ду падару модарро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд. Падару модар ё дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонунӣ барои тарбия ва инкишофи кӯдак масъулияти асосиро бар дӯш доранд. Манфиатҳои беҳтарини кӯдак мақсади асосии ғамхории онҳо мебошад.

 

  1. Бо мақсади кафолат ва мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия зикргардида, давлатҳои иштирокчӣ ба падару модар ва васиёни қонунӣ дар иҷрои уҳдадориҳои онҳо оид ба тарбияи кӯдак кӯмаки зарурӣ мерасонанд ва рушди шабакаҳои муассисаҳои кӯдаконаро таъмин менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми чораҳои заруриро мебинанд, то кӯдаконе, ки падару модарашон кор мекунанд, аз хадамот ва муассисаҳое, ки барои нигоҳубини кӯдакон пешбинӣ шудаанд ҳуқуқи истифода бурданро дошта бошанд.

 

Моддаи 19

  1. Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади ҳифзи кӯдак аз тамоми шаклҳои зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ, таҳқир ё сӯиистифода, набудани ғамхорӣ ё муносибати беэътиноёна, муносибати дағалона ё истисмор, аз ҷумла истисмори шаҳвонӣ аз ҷониби падару модар, васиёни қонунӣ ё ҳар шахси дигаре, ки ғамхории кӯдак бар дӯши ӯ мебошад, тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро меандешанд.

 

  1. Чунин тадбирҳои ҳимоя, ҳангоми зарурат, расмиёти таъсирбахш барои таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешниҳод намудани кӯмаки зарурӣ ба кӯдак ва шахсоне, ки бо онҳо ғамхорӣ менамоянд, инчунин барои амалӣ намудани дигар шаклҳои пешгирӣ ва ошкор намудан, огоҳонӣ, барои баррасӣ фиристодан, тафтиш, табобат ва тадбирҳои минбаъда бинобар ҳодисаҳои муносибати бераҳмона бо кӯдак, ки дар боло зикршуданд, инчунин дар мавриди зарурат, барои оғоз намудани тафтишоти судӣ иборат мебошанд.

 

Моддаи 20

  1. Кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз муҳити оилавии худ маҳрум шудааст ё кӯдаке, ки дар чунин муҳит мондан ба манфиати шахсии ӯ нест ба ҳимоя ва кӯмаки махсусе, ки давлат пешкаш менамояд, ҳуқуқ дорад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ мутобиқи қонунгузории миллии худ шакли дигари нигоҳубини чунин кӯдакро таъмин менамоянд.

 

  1. Чунин нигоҳубин метавонад, аз ҷумла аз инҳо иборат бошад: кӯдак барои тарбия аз рӯи ҳуқуқи исломӣ ба «кафил», ё дар мавриди зарурат, ба муассисаҳои махсуси нигоҳубини кӯдакон дода шавад. Ҳангоми баррасии иваз намудани шаклҳои нигоҳубини кӯдак ба эътибор гирифтани мансубияти муттасилии тарбияи кӯдак, баромади этникӣ, мансубияти динӣ ва фарҳангӣ ва забони модарии ӯ зарур аст.

 

Моддаи 21

Давлатҳои иштирокчие, ки низоми фарзандхондиро эътироф ва ё иҷозат медиҳанд, таъмин менамоянд, ки манфиатҳои беҳтарини кӯдак пеш аз ҳама ба инобат гирифта шаванд ва онҳо:

 

а) таъмин менамоянд, ки фарзандхонии кӯдак танҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдоре иҷозат дода шавад, ки мутобиқи қонуну расмиёти татбиқшаванда ва дар асоси тамоми иттилооти дақиқи марбут ба парванда онҳо муайян менамоянд, ки фарзандхонӣ бинобар мақоми кӯдак нисбати падару модар, хешовандон ва васиёни қонунӣ имконпазир аст ва агар зарур бошад, шахсони манфиатдор розигии фаҳмидаи худро барои фарзандхонӣ дар асоси чунин машварате, ки метавонад зарур бошад, додаанд;

 

  1. b) эътироф менамоянд, ки фарзандхонӣ дар дигар кишвар метавонад ҳамчун воситаи алтернативии нигоҳубини кӯдак арзёбӣ гардад, агар кӯдак натавонад ба тарбия дода шавад ё дар оилае ҷой карда шавад, ки метавонад тарбия ё фарзандхонии онро таъмин намояд ва ё агар таъмини ягон хел нигоҳубини муносиб дар кишвари пайдоиши кӯдак ғайриимкон бошад;

 

с) таъмин менамоянд, ки дар сурати фарзандхонии кӯдак дар дигар кишвар ҳамон кафолатҳо ва меъёрҳое истифода шаванд, ки онҳо нисбати фарзандхонӣ дар дохили кишвар истифода мешаванд;

 

  1. d) тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд, то ки дар сурати фарзандхонӣ дар дигар кишвар ҷойгиркунии кӯдак боиси ба даст овардани фоидаи беасоси молиявӣ аз ҷониби шахсони ба ин кор вобаста нагардад;

 

е) дар ҳолатҳои зарурӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои ин модда бо роҳи бастани шартнома ё созишҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамоянд ва дар ин замина кӯшиш мекунанд, ки ҷойгиркунии кӯдак дар дигар кишвар аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ҳокимият анҷом дода шавад.

 

Моддаи 22

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои заруриро барои он меандешанд, ки ба кӯдаке, ки хоҳиши гирифтани мақоми гуреза дорад ё мутобиқи ҳуқуқ ва расмиёти татбиқшавандаи байналмилалӣ ё дохилӣ гуреза дониста шудааст, хоҳ аз ҷониби падару модар ё дигар шахс ҳамроҳӣ шуда бошад, хоҳ ҳамроҳӣ нашуда бошад, ҳимояи зарурӣ ва кӯмаки инсондӯстонаро дар истифодаи ҳуқуқҳое, ки дар ин Конвенсия ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ё ҳуҷҷатҳои гуманитарие, ки давлатҳои зикршуда аъзои онҳо мебошанд, зикр гардидаанд, таъмин намоянд.

 

  1. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчӣ, дар сурати зарур донистан, ба ҳамаи кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои салоҳиятдори байниҳукуматӣ ё ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ мекунанд, дар мавриди ҳимояи чунин кӯдак ва ба он расонидани кӯмак ва ҷустуҷӯи падару модар ё дигар аъзои оилаи ҳама гуна кӯдаки гуреза мусоидат менамоянд, то ки барои бо оилаи худ ҳамроҳ шудани ӯ иттилооти зарурӣ дарёфт кунанд. Дар сурате, ки ёфтани падару модар ё дигар аъзои оила ғайриимкон мебошад, ба ин кӯдак, чуноне ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудааст, мисли ҳар кӯдаки дигаре, ки бо ягон сабабе доимӣ ё муваққатан аз муҳити оилаи худ маҳрум гардидааст, чунин кӯмак расонида мешавад.

 

Моддаи 23

  1. Давлатҳои иштирокчӣ эътироф менамоянд, ки кӯдаки аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ нуқсондор бояд зиндагии комил ва шоистаро дар шароите дошта бошад, ки он шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, бовариашро нисбат ба худ зиёд мекунад ва иштироки фаъоли ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон мегардонад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи ба нигоҳубини махсус ҳуқуқ доштани кӯдаки нуқсондорро эътироф мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани захираҳои барои таъмини кӯдак ва шахси ба нигоҳубини ӯ масъул, ки ба ин кумак онҳо ҳуқуқ доранд, мувофиқи дархосте, ки дар он аҳволи кӯдак ва падару модари ӯ ё дигар шахсони масъули нигоҳубини ӯ баён карда шудааст, бо онҳо кӯмак мерасонанд.

 

  1. Эҳтиёҷоти махсуси кӯдакони нуқсондорро барои кӯмак ба эътибор гирифта, бо дарназардошти захираи молиявии падару модар ё шахсони дигаре, ки ғамхории кӯдакро ба уҳда доранд, мутобиқи банди 2 ҳамин модда ба қадри имкон ба кӯдак ва шахсони масъули нигоҳубини ӯ ёрии ройгон расонида мешавад, ки мақсади чунин ёрӣ таъмини кӯдаки нуқсондор дар дастрас намудани хизматҳои соҳаи маориф, тарбияи касбӣ, хизматрасонии тиббӣ, барқарорсозии саломатӣ, омодагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, истифода аз воситаҳои истироҳат, ки ба қадри имкон барои ба ҳаёти иҷтимоӣ ҷалб шудани кӯдак ва инкишофи шахсият, аз ҷумла рушди фарҳангӣ ва маънавии ӯ мусоидат менамояд, шароит муҳайё карда мешавад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ дар рӯҳияи ҳамкории байналмилалӣ ба мубодилаи иттилооти дахлдор дар соҳаи пешгирии бемориҳо ва табобати тиббӣ, психологӣ ва функсионалии кӯдакони нуқсондор, аз ҷумла интишори иттилоот доир ба усулҳои офиятбахшӣ, гирифтани маълумоти умумӣ ва касбӣ, инчунин дастрас намудани ин иттилоот мусоидат мекунанд, то ки ба давлатҳои иштирокчӣ имкон диҳанд имконият ва дониши худро беҳтар намуда, таҷрибаашонро дар ин соҳа вусъат бахшанд. Дар ин замина бояд ба талаботи кишварҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

 

Моддаи 24

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои мукаммали низоми тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ барои пурра амалӣ намудани ин ҳуқуқ кӯшиш намуда, аз ҷумла чунин тадбирҳои заруриро меандешанд:

 

а) кам кардани миқдори фавти кӯдакони навзод ва фавти кӯдакон;

 

  1. b) таъмини ёрии зарурии тиббӣ ва ҳифзи саломатии ҳамаи кӯдакон бо зоҳир намудани таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба рушди ёрии аввалияи тиббию санитарӣ;

 

  1. c) мубориза бо беморӣ ва гуруснагӣ, аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу оддӣ, бо дардарназардошти хатар ва эҳтимоли ифлосии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ;

 

  1. d) ба модарон таъмин намудани хизматрасониҳои зарурӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар давраи пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуд;

 

  1. e) таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла падару модарон ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, афзалиятҳои синамаконӣ, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ҳодисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо;

 

  1. f) рушди корҳои маърифатӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи ёрии профилактикии тиббӣ ва банақшагирии оила.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади аз байн бурдани амалияи номатлуби анъанавие, ки ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, ҳама гуна тадбирҳои самарабахш ва заруриро меандешанд.
  2. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ҳамкории байналмилалиро дастгирӣ намуда, онро бо мақсади тадриҷан пурра амалӣ шудани ҳуқуқе, ки дар ин модда эътироф гаштааст, инкишоф медиҳанд. Дар ин замина бояд ба эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад

 

Моддаи 25

Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакеро, ки мақомоти салоҳиятдор бо мақсади парастории ӯ, ҳимоя ва табобати ҷисмонӣ ё равонӣ ӯро барои саробонӣ ҷойгир намудаанд, эътироф карда, инчунин ба баҳодиҳии давра ба давраи табобат ҳуқуқ доштани кӯдак ва тамоми шароитҳои дигари вобаста ба чунин парастории кӯдакро дастгирӣ менамоянд.

 

Моддаи 26

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи ҳар кӯдакро барои истифода аз неъматҳои таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ эътироф намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд, то ин ҳуқуқ мутобиқи қонунгузории миллии онҳо пурра амалӣ гардад.

 

  1. Ин неъматҳо дар мавриди зарурат бо дарназардошти захираю имкониятҳои мавҷудаи кӯдак ва шахсони масъули нигоҳубини ӯ, инчунин бо дарназардошти ҳар гуна мулоҳизаҳои вобаста ба неъматҳои аз ҷониби кӯдак ё аз номи ӯ гирифташаванда дода мешаванд.

 

Моддаи 27

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи ҳар кӯдакро ба сатҳи зиндагие, ки барои инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарур аст, пурра эътироф мекунанд.

 

  1. Падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони дигаре, ки кӯдакро тарбия мекунанд барои дар доираи қобилият ва имконияти молиявии зиндагии худ таъмин намудани шароити зиндагии барои инкишофи кӯдак зарур масъулияти асосиро ба зимма доранд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ мутобиқи шароити дохилиашон ва дар доираи имкониятҳои худ бо мақсади кӯмак ба падару модар ва дигар шахсоне, ки кӯдаконро тарбия мекунанд, дар амалӣ шудани ин ҳуқуқ тадбирҳои таъсирбахш меандешанд ва дар мавриди зарурат кӯмаки моддӣ расонида, барномаҳо, хусусан барномаҳои таъмин карданро бо хӯроку либос ва манзил дастгирӣ менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ барои барқарор намудани таъминоти кӯдак аз ҷониби падару модар ё шахсони дигаре, ки барои кӯдак масъулияти молиявӣ доранд, чи дар дохили давлати иштирокчӣ ва чи дар хориҷа тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз ҷумла, агар шахси барои кӯдак масъулияти молиявидошта ва кӯдак дар давлатҳои гуногун зиндагӣ кунанд, давлатҳои иштирокчӣ барои ҳамроҳ шудан ба созишномаҳои байналмилалӣ ё бастани чунин созишномаҳо, инчунин ноил гардидан ба дигар созишҳои дахлдор мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 28

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро ба таҳсил эътироф мекунанд ва бо мақсади тадриҷан дар асоси имкониятҳои баробар ноил шудан ба иҷрои ин ҳуқуқ онҳо, аз ҷумла:

 

а) таҳсили ройгон ва ҳатмии ибтидоиро ҷорӣ менамоянд;

 

  1. b) рушди шаклҳои гуногуни таҳсилоти миёна, чи таҳсилоти умумӣ ва чи таҳсилоти касбиро ташвиқ намуда, онро барои ҳама кӯдакон дастрас мегардонанд ва тадбирҳои заруриро аз қабили ҷорӣ намудани таҳсили ройгон ва дар мавриди зарурат расонидани кӯмаки молиявӣ меандешанд;

 

с) дастрасии таҳсилоти олиро барои ҳама дар асоси қобилияти ҳар кас ва бо ёрии ҳама гуна воситаҳои зарурӣ таъмин менамоянд;

 

  1. d) ба ҳар кӯдак дастрас будани иттилоот ва маводи соҳаи маориф ва тайёрии касбиро таъмин менамоянд;

 

е) ба мактабравии мунтазами хонандагон ва кам кардани шумораи хонандагоне, ки мактабро тарк намудаанд, тадбирҳо меандешанд;

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки интизом дар мактаб бо ёрии усулҳое, ки эҳтироми шаъну шарафи инсонии кӯдаконро инъикос мекунанд ва мутобиқ ба ҳамин Конвенсия мебошанд, нигоҳ дошта шавад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳамкории байналмилалиро дар масъалаҳои маориф, аз ҷумла барҳам додани ҷаҳолат ва бесаводӣ дар тамоми ҷаҳон ва сабук кардани дастрасии донишҳои илмию техникӣ ва тарзи муосири таълим дастгирӣ менамоянд ва рушд медиҳанд. Дар ин замина ба талаботи кишварҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус дода шавад.

 

Моддаи 29

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ба мувофиқа расиданд, ки таълими кӯдак бояд бо мақсадҳои зерин нигаронида шавад:

 

а) инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак дар шакли пурраи онҳо;

 

  1. b) тарбияи эҳтиром ба ҳукуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, инчунин принсипҳое, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудаанд;

 

с) тарбияи эҳтиром ба падару модари кӯдак, хусусияти хоси фарҳанги ӯ, забон ва арзишҳои миллии кишваре, ки кӯдак дар он истиқомат мекунад, ба кишваре, ки ӯ дар он ба дунё омадааст, ба тамаддунҳое, ки аз тамаддуни ӯ фарқ мекунанд;

 

  1. d) дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, сулҳ, таҳаммул, баробарҳуқуқии мардону занон ва дӯстии байни ҳамаи халқҳо, гурӯҳҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ, инчунин мардуми таҳҷоӣ ба ҳаёти бошуурона дар ҷамъияти озод тарбия намудани кӯдак;

 

е) тарбия ба эҳтироми муҳити зист.

 

  1. Ягон қисми ҳамин модда ё моддаи 28 набояд чунин шарҳ дода шавад, ки гӯё он озодии шахсон ё мақомоти алоҳидаро дар таъсис додани муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ба онҳо маҳдуд мекарда бошад, ба шарте ки принсипҳои дар банди 1 ин модда зикршуда доимо риоя гашта, таълиме, ки дар ин гуна таълимгоҳҳо дода мешаванд ба меъёрҳои ҳадди ақалле, ки давлат метавонад муқаррар намояд, мувофиқат кунад.

 

Моддаи 30

Дар он давлатҳое, ки ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ё забонӣ ё шахсони аҳолии таҳҷоӣ мавҷуданд, кӯдаки ба ҳамин гуна ақаллият ё аҳолии таҳҷоӣ мансуббударо аз ҳуқуқи якҷоя бо дигар аъзои гурӯҳи худ аз фарҳанги худ истифода бурдан, дини хешро пайравӣ намудан, расму оинҳои онро ба ҷо овардан ва аз забони модарӣ истифода намудан, маҳрум сохтан мумкин нест.

 

Моддаи 31

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро ба истироҳату фароғат, иштирок дар бозиҳо ва чорабиниҳои шавқангези ба синну солаш мутобиқ, озодона иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ ва машғул шудан ба санъат эътироф менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои иштироки ҳамаҷониба дар ҳаёти фарҳангӣ ва эҷодӣ эҳтиром ва ҷонибдорӣ намуда, мусоидат менамоянд, ки ба ӯ барои фаъолияти фарҳангӣ ва эҷодӣ, фароғату истироҳат имкониятҳои мувофиқ ва баробар фароҳам оварда шаванд.

 

Моддаи 32

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ, иҷрои ҳама гуна коре, ки метавонад ба саломатии ӯ зарар дошта бошад ё барои таҳсилоти ӯ монеъ мешуда бошад ё ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарар мерасонида бошад, эътироф менамоянд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади таъмин намудани амалишавии ҳамин модда тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ меандешанд, инчунин дар соҳаи маориф чорабиниҳо доир менамоянд. Бо дарназардошти ин мақсад давлатҳои иштирокчӣ меъёрҳои дахлдори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалиро ба роҳбарӣ гирифта, аз ҷумла:

 

а) синни ҳадди ақал ё синҳои ҳадди ақалро барои қабули кӯдакон ба кор муқаррар менамоянд;

 

  1. b) талаботҳои заруриро барои давомнокии рӯзи кор ва шароити меҳнат муқаррар менамоянд;

 

с) шаклҳои дахлдори ҷазо ё дигар чораҳои маҷбуриро барои таъмини иҷрои самарабахши ҳамин модда пешбинӣ менамоянд.

 

Моддаи 33

Давлатҳои иштирокчӣ барои ҳимояи кӯдакон аз истеъмоли ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (фалаҷкунандаи асаб), тавре ки дар шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ муайян гардидаанд ва роҳ надодан ба он, ки кӯдакон дар истеҳсоли ғайриқонунии чунин мавод ва савдои он истифода нагарданд, тамоми тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тадбирҳои соҳаи маорифро меандешанд.

 

Моддаи 34

Давлатҳои иштирокчӣ ӯҳдадор мешаванд, ки кӯдаконро аз тамоми шаклҳои истисмори шаҳвонӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷинсӣ муҳофизат намоянд. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчӣ дар сатҳи миллии дуҷониба ва бисёрҷониба тадбирҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла:

 

а) барои пешгирии моил ё маҷбур кардани кӯдак ба ҳар гуна рафторҳои ғайриқонунии ҷинсӣ;

 

  1. b) бо мақсади истисмори кӯдакон дар фоҳишагарӣ ё дар дигар амалияи ғайриқонунии ҷинсӣ истифода бурдани кӯдакон;

 

с) бо мақсади истисмори кӯдакон дар порнография ва маводи порнографӣ истифода бурдани кӯдакон.

 

Моддаи 35

Давлатҳои иштирокчӣ дар сатҳи миллӣ, дуҷониба ва бисёрҷониба тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки дуздидани кӯдакон, хариду фурӯш ё қочоқи онҳо ба ҳар мақсад ва дар ҳар шакле, ки бошад, пешгирӣ карда шавад.

 

Моддаи 36

Давлатҳои иштирокчӣ кӯдаконро аз ҳама шаклҳои дигари сӯиистифода, ки ба ҳар ҷиҳати некӯаҳволии кӯдак зиён мерасонад, ҳимоя мекунанд.

 

Моддаи 37

Давлатҳои иштирокчӣ таъмин хоҳанд кард, ки:

 

а) ягон кӯдак таҳти шиканҷа ё дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода нашавад. На ҷазои қатл, на ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардан, ки имконияти озод шуданро пешбинӣ намекунад, барои ҷиноятҳои содирнамудаи шахсони ба 18-сола нарасида набояд таъин карда шавад;

 

  1. b) ба ғайриқонунӣ ё худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ягон кӯдак роҳ дода нашавад. Ҳабс, боздошт ё дар ҳабс нигоҳ доштани кӯдак мутобиқи қонун ва танҳо ҳамчун чораи истисноӣ ба муддати ҳарчи кӯтоҳтари вақт таъин карда мешавад;

 

  1. c) ба ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумшуда муносибати инсондӯстона раво дида шуда, дахлнопазирии шахсияти ӯ бо дарназардошти талаботи синну соли ӯ эҳтиром карда шавад. Аз ҷумла ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумшуда бояд аз калонсолон ҷудо нигоҳ дошта шавад, агар ин иқдом ба манфиати беҳтарини кӯдак набошад, ба истиснои ҳолатҳои махсус, кӯдак бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки аз тариқи мукотиба ва мулоқот бо оилаи худ алоқаашро нигоҳ дорад;

 

е) ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумшуда барои дастрасии фаврӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва дигар кӯмакҳои дахлдор, инчунин ҳуқуқи шикоят кардани қонунӣ будани аз озодӣ маҳрум намудани ӯ ба суд ё дигар мақомоти салоҳиятдор, мустақил, беғараз ва аз ҷониби онҳо фавран қабул гардидани қарор нисбати ҳама гуна чунин амалҳои мурофиавиро дорад.

 

Моддаи 38

  1. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондустиро, ки ба онҳо ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона татбиқ мешаванд ва ба кӯдакон низ дахл доранд, эҳтиром менамоянд ва риояи онҳоро таъмин мекунанд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд, ки шахсони ба синни 15 нарасида дар амалиёти ҷангӣ бевосита иштирок накунанд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ аз даъват кардани ҳар шахси ба синни 15 нарасида ба хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи худ худдорӣ мекунанд. Ҳангоми аз ҷумлаи шахсони ба синни 15 расида, вале ҳанӯз ба синни 18 нарасида ҷалби аскари кироя таваҷҷӯҳи давлатҳои иштирокчӣ ба синни ҳарчи калонтар нигаронида мешавад.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ мутобиқи ӯҳдадориҳои худ тибқи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ вобаста ба ҳимояи аҳолии мулкӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ӯҳдадор мешаванд бо мақсади таъмини ҳимоя ва нигоҳубини кӯдаконе, ки таҳти таъсири низои мусаллаҳона қарор мегиранд, тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд.

 

Моддаи 39

Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба барқарорсозии ҷисмонӣ, равонӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдаке, ки аз ҳама гуна шаклҳои беэътиноӣ, истисмор ё сӯиистифода, шиканҷа ё дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ё низоъҳои мусаллаҳона ҷабр дидааст, мусоидат намоянд. Чунин барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ дар шароите бояд сурат гирад, ки саломатӣ, боэҳтиромӣ ва шаъну шарафи кӯдакро таъмин намояд.

 

Моддаи 40

  1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи ҳар кӯдакро, ки дар вайрон кардани қонунгузории ҷиноятӣ айбдор ё гунаҳгор дониста мешавад, ба чунин муносибат эътироф мекунанд, ки ба рушди ҳисси шаъну шарафаш мусоидат намуда, дар ӯ эҳтиромро ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии дигарон тақвият мебахшад ва зимнан синну соли кӯдак ва мувофиқи мақсад будани мусоидатро барои ҳамгироии кӯдак ба ҷомеа ва иҷрои нақши фоиданоки ӯ дар ҷомеа ба инобат мегиранд.

 

  1. Бо ин мақсад ва бо дардарназардошти меъёрҳои дахлдори ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла тадбирҳо меандешанд, то ки:

 

а) ягон кӯдак бо сабаби амал ё беамалие, ки ҳангоми содир намуданашон онҳо аз ҷониби ҳуқуқи миллӣ ё байналмилалӣ манъ нагардида буданд, вайронкунандаи қонунгузории ҷиноятӣ, айбдор ё гунаҳгор дар содири он дониста нашавад;

 

  1. b) ҳар кӯдаке, ки вайронкунандаи қонунгузории ҷиноятӣ ҳисобида мешавад ё барои вайрон кардани он гунаҳгор дониста мешавад бояд ақаллан чунин кафолатҳоро дошта бошад:

 

  1. i) эҳтимолии бегуноҳӣ, то вақте ки гуноҳи ӯ мувофиқи қонун исбот нашуда бошад;
  2. ii) бетаъхиру бевосита ва дар мавриди зарурат ба воситаи падару модар ё васиёни қонунӣ хабардор кардани кӯдак аз айбдоркунии ӯ ва ҳангоми тайёрӣ ва шурӯъ кардан ба ҳимояи худ гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва кӯмаки дигари зарурӣ;

 

iii) мутобиқи қонун дар ҳузури адвокат ё шахси дигари дахлдор, ба шарте ки ин хилофи манфиати беҳтарини кӯдак набошад, аз ҷумла бо дарназардошти синну соли ӯ ё аҳволи падару модар ё худ васиёни қонунии кӯдак, дар мурофиаи одилона баррасӣ кардани парвандаи ӯ ва аз рӯи масъалаи мавриди баррасӣ бетаъхир қарор қабул намудани мақомоти салоҳиятдор, мустақил ва беғараз ё суд;

 

  1. iv) озодӣ аз додани шоҳидии маҷбурӣ ё иқрори гуноҳ; мустақилона ё бо ёрии каси дигар таҳлил кардани баёноти шоҳидони айбдоркунӣ ва таъмини иштироки баробарҳуқуқи шоҳидони ҳимоя дар мурофиа ва таҳлили баёноти онҳо;

 

  1. v) агар чунин шуморида шавад, ки ин кӯдак қонунгузории ҷиноятиро вайрон кардааст, мувофиқи қонун қарори дахлдор ва ҳар чораи дигари вобаста ба ин қабулшударо такроран баррасӣ намудани мақоми болоии босалоҳият, мустақил ва беғараз ё суд;

 

  1. vi) кумаки ройгони тарҷумон, агар кӯдак забони мурофиаро надонад ё ба ин забон гап назанад;

 

vii) эҳтироми пурраи ҳаёти шахсии ӯ дар ҳамаи марҳалаҳои мурофиа.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ кӯшиш мекунанд иҷрои қонунҳо, расмиёт, мақомоту муассисаҳои бевосита ба кӯдакон алоқаманд ва кӯдаконеро, ки қонунгузории ҷиноятиро гӯё вайрон кардаанд ва барои вайрон кардани он айбдор ё гунаҳгор дониста мешаванд, таъмин манамоянд, аз ҷумла:

 

а) синну солеро, ки дар сурати аз ин син паст будан, кӯдакон ба вайрон кардани қонунгузории ҷиноятӣ гунаҳгор дониста намешаванд, муқаррар намоянд;

 

  1. b) дар ҳолати зарурӣ ва мувофиқи мақсад нисбати чунин кӯдакон андешидани тадбирҳо бе муҳокимаи судӣ, ба шарти пурра риоя гардидани ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои ҳуқуқӣ.

 

  1. Амалӣ намудани тадбирҳо, ба монанди нигоҳубин, таҳияи низомнома оид ба васоят ва назорат, хизматрасонии машваратӣ, муқаррар намудани мӯҳлати санҷиш, тарбия, барномаи таълимӣ ва тарбияи касбию дигар шаклҳои нигоҳубин, ки нигоҳубинро дар муассисаҳои дахлдор иваз мекунанд, бо мақсади таъмин намудани чунин муносибат бо кӯдак, ки беҳбудии ӯ мувофиқ аст ба аҳволи ӯ ва хусусияти ҷинояти содиркардааш мутобиқ бошад, зарур аст.

 

Моддаи 41

Дар ин Конвенсия ҳеҷ чиз меъёрҳоеро, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдак бештар мусоидат менамояд ва метавонад дар санадҳои зерин мавҷуд бошанд, халалдор намесозад:

 

  1. a) дар қонуни давлати иштирокчӣ ё;

 

  1. b) дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки нисбат ба ин давлат татбиқ мешаванд.

 

ҚИСМИ II

Моддаи 42

Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд бо истифода аз воситаҳои зарурии амалӣ, чи калонсолон ва чи кӯдаконро аз принсипҳо ва меъёрҳои Конвенсияи мазкур ҳамаҷониба огоҳ созанд.

 

Моддаи 43

  1. Бо мақсади баррасии пешрафти давлатҳои иштирокчӣ дар мавриди иҷрои уҳдадориҳое, ки тибқи ҳамин Конвенсия қабул карда шудаанд, Кумитаи оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода мешавад, ки он вазифаҳои дар поён пешбинигардидаро иҷро менамояд.

 

  1. Кумита аз даҳ коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва салоҳияти эътирофгардида дар соҳае, ки ин Ковенсия фаро мегирад, иборат мебошад. Аъзои Кумитаро давлатҳои иштирокчӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд ва онҳо ба сифати шахсӣ баромад мекунанд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи географӣ, инчунин системаҳои асосии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.

 

  1. Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои иштирокчӣ пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати иштирокчӣ метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбарӣ намояд.

 

  1. Интихоботи ибтидоӣ на дертар аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Ковенсия ва минбаъд соле як маротиба доир карда мешаванд. Ақаллан чор моҳ пеш аз рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои иштирокчӣ бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номзадҳои худро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Баъдан Котиби генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбарӣ шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои иштирокчие, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод мекунад.

 

  1. Интихобот дар ҷаласаҳои давлатҳои иштирокчии Конвенсия, ки Котиби генералӣ дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлисҳо, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ кворумро ташкил медиҳанд, шахсони ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ иштирокнамудаи давлатҳои ширкаткунандаро сазовор шудаанд.

 

  1. Аъзои Комиссия ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд. Онҳо ҳақ доранд дар сурати такроран пешниҳод гардидани номзадиашон аз нав интихоб карда шаванд. Мӯҳлати ваколатҳои панҷ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида баъди ду сол ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ аъзо дар асоси қуръа аз ҷониби раиси Кумита муайян карда мешаванд.

 

  1. Дар сурати фавтидан ё ба истеъфо баромадани ягон аъзои Кумита ва ё дар мавриди бо ягон сабаби дигар аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои узви Кумита набаромадани касе давлати иштирокчие, ки ин узви Кумитаро пешбарӣ намудааст, аз ҷумлаи шаҳрвандони худ ба мӯҳлати боқимонда коршиноси дигарро таъин мекунад, ба шарте ки аз ҷониби Кумита маъқул дониста шавад.

 

  1. Кумита қоидаҳои тартиби расмиёти худро муқаррар мекунад.

 

  1. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб мекунад.

 

  1. Ҷаласаҳои Кумита одатан дар муасисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё дар ҳар ҷои дигари мувофиқе, ки Кумита муайян менамояд, гузаронида мешаванд. Кумита маҷлисҳои худро одатан ҳар сол мегузаронад. Давомнокии иҷлоисияи Кумита дар маҷлиси машваратии давлатҳои иштирокчӣи ин Конвенсия бо шарти маъқул донистан аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ муайян ва ҳангоми зарурат аз нав баррасӣ мегардад.

 

  1. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади тибқи ҳамин Конвенсия самарабахш анҷом додани вазифаҳои худ кормандон ва маблағҳои зарурӣ ҷудо мекунад.

 

  1. Аъзои Кумитае, ки мувофиқи ҳамин Конвенсия таъсис ёфтааст, аз ҳисоби маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ассамблеяи Генералӣ мукофотонида мешаванд.

 

Моддаи 44

  1. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба воситаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба Кумита оид ба тадбирҳое, ки ҷиҳати таҳким бахшидани ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофшуда андешида шудаанд ва оид ба пешрафте, ки дар татбиқи ин ҳуқуқҳо ба даст омадааст, маърӯза пешниҳод намоянд:

 

а) дар давоми ду соли пас аз барои ин давлат эътибор пайдо намудани ин Конвенсия;

 

  1. b) минбаъд ҳар панҷ сол.

 

  1. Дар маърӯзаҳое, ки мутобиқи ин модда пешниҳод мегарданд, омилҳо ва мушкилоте, ки вуҷуд доранд ва ба сатҳи иҷрои ӯҳдарориҳо тибқи ин Конвенсия таъсир мерасонанд, нишон дода мешаванд. Маърӯзаҳо ҳамчунин дорои иттилооти кофӣ мебошанд, то ки ба Кумита барои дарки пурраи амали Конвенсия дар ин кишвар кӯмак расонанд.

 

  1. Ба давлати иштирокчие, ки ба Кумита маърӯзаи муфассали ибтидоиро пешниҳод намудааст, зарурате нест, ки дар маърӯзаҳои минбаъдаи худ, ки тибқи банди 1b ин модда пешниҳод мешаванд, иттилооти пештараи асосиро такроран пешниҳод намояд.

 

  1. Кумита метавонад аз давлати иштирокчӣ доир ба амалӣ гардидани ин Конвенсия маълумоти иловагӣ дархост намояд.

 

  1. Маърӯзаҳо оид ба фаъолияти Кумита ҳар ду сол як маротиба ба воситаи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда мешаванд.

 

  1. Давлатҳои иштирокчӣ маърӯзаҳояшонро дар қаламрави худ ҳамаҷониба ба маълумоти умум мерасонанд.

 

Моддаи 45

Бо мақсади самарабахш амалӣ гардидани Конвенсия ва ташвиқ кардани ҳамкории байнналмилалӣ дар соҳаи фарогирандаи ин Конвенсия:

 

  1. a) муассисаҳои махсусгардонидашуда, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ доранд дар муҳокимаи масъалаҳои оид ба иҷрои чунин нуқтаҳои ҳамин Конвенсия, ки ваколатҳои онҳо ба ҳисоб мераванд, иштирок намоянд. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари салоҳиятдор, агар инро зарур донад, пешниҳод намояд, ки хулосаи коршиносонро оид ба мавҷудияти Конвенсия дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои дахлдори онҳо пешниҳод кунад. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намояд, ки дар бораи амалӣ намудани Конвенсия дар соҳаҳои марбут ба фаъолияташон маърӯзаҳои худро пешниҳод кунанд;

 

  1. b) Кумита, агар зарур донад, ҳар маърӯзаи давлатҳои ширкаткунандаро, ки дар онҳо хоҳиши додани маслиҳат ё расонидани кӯмаки техникӣ ва ё зарурат ба он, ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои Кумита нисбати чунин хоҳиш ё дастур зикр гардидааст, ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари салоҳиятдор фиристад;

 

с) Кумита метавонад ба Ассамблеяи Генералӣ тавсия намояд, ки он ба Котиби генералӣ пешниҳод кунад, ки аз номи он ба тадқиқи масъалаҳои ҷудогонаи ҳуқуқи кӯдак шурӯъ намояд;

 

  1. d) Кумита метавонад пешниҳоду тавсияҳои хусусияти умумидоштаро пешкаш намояд, ки ба иттилооти моддаи 44 ва 45 ин Ковенсия асос ёфтаанд. Чунин пешниҳоду тавсияҳои умумӣ ба ҳар давлати манфиатдори иштирокчӣ фиристода шуда, дар қатори фикру мулоҳизаҳои давлатҳои иштирокчӣ дар Ассамблеяи Генералӣ баррасӣ мегарданд.

 

ҚИСМИ III

Моддаи 46

Конвенсияи мазкур барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо кушода мебошад.

 

Моддаи 47

Конвенсияи мазкур бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 48

Конвенсияи мазкур барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳо кушода аст. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд.

 

Моддаи 49

  1. Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.

 

  1. Барои ҳар давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ба он ҳамроҳ мешавад, ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 50

  1. Ҳар давлати иштирокчии ин Консепсия метавонад тағйирот пешниҳод кунад ва онро ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби генералӣ баъди тағйироти пешниҳодшударо ба давлатҳои иштирокчӣ ирсол намудан хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома, ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи давлатҳои иштирокчӣ барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Котиби генералӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар тағйироте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои иштирокчии дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

 

  1. Тағйироти тибқи банди 1 ҳамин модда қабулшуда баробари тасдиқи он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва қабул гардидани он аз ҷониби аз се ду ҳиссаи шумораи давлатҳои иштирокчӣ эътибор пайдо мекунад.

 

  1. Вақте ки тағйирот эътибор пайдо мекунад, иҷрои он барои давлатҳои иштирокчие, ки онро қабул кардаанд, ҳатмӣ мегардад, барои дигар давлатҳои иштирокчӣ муқаррароти ин Консепсия ва ҳар тағйироти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ боқӣ мемонад.

 

Моддаи 51

  1. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид матни тағйиротҳоеро, ки аз ҷониби давлатҳо ҳангоми тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ пешниҳод гардидаанд, дастрас менамояд ва ба ҳамаи давлатҳо ирсол мекунад.

 

  1. Тағйироте, ки хилофи мақсаду вазифаҳои ин Конвенсия бошад, пазируфта намешавад.

 

  1. Тағйиротҳоро ҳар вақт бо роҳи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома бекор кардан мумкин аст ва баъд Котиби генералӣ дар ин бора ба ҳама давлатҳо хабар медиҳад. Чунин огоҳинома аз рӯзи онро гирифтани Котиби генералӣ эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 52

Ҳар давлати иштирокчӣ метавонад ин Конвенсияро аз тариқи огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекор кардан баъди гузаштани як соли пас аз дар ин бора огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 53

Маҳфуздорандаи Конвенсияи мазкур Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

 

Моддаи 54

Ҳамин Конвенсия, ки матни англисӣ, арабӣ, испанӣ, русӣ ва франсавиаш бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.

 

Ба тасдиқи ин намояндагони ваколатдори зерин, ки ҳукуматҳояшон ба онҳо ваколатҳои дахлдор додаанд, ин Конвенсияро имзо намуданд.