Лоиҳа

 

Замимаи 1

 ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз «5» августи соли 2023, №357  

 

 

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи

ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (минбаъд – Стратегияи миллӣ) ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст.

 

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифзи онҳоро пешбинӣ мекунад.
  2. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардида нисбат ба қонунгузорӣ мустаҳкам карда шудааст. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, дар сурати мутобиқат накардани онҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
  3. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар асоси мутобиқат ба принсипҳои қонуният, афзалиятнокии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳову санадҳои зерқонунӣ ва бартарии таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ карда мешавад.
  4. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд – СММ) гардид ва ҳамзамон заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ гузошт. Барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон давлат дар сатҳи миллӣ механизм ва расмиётро оид ба такмили қонунгузории миллӣ ва амалия таҳия мекунад.
  5. Бо мақсади дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2002 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ухдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (минбаъд – Комиссия) таъсис дода шуд. Дар ҷаласаҳои Комиссия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо ҳуқуқи овози машваратӣ ба ҳайси нозирони доимӣ иштирок намоянд. Низомномаи Комиссия иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар ҷаласаҳои Комиссия бо ҳуқуқи овози машваратӣ пешбинӣ мекунад.
  6. Котиботи Комиссия аз ҷониби раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – котиботи Комиссия) амалӣ карда мешавад.
  7. Дар давраи солҳои 2010-2023 Тоҷикистон се маротиба расмиёти шарҳи универсалии давриро гузашта, гузоришҳоро ба мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд. Ҳамчунин ёздаҳ мандати расмиёти махсус бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвар дидан кард. Дар натиҷа, зиёда аз 1000 тавсия пешниҳод карда шуд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро гирифтаанд.
  8. Аз соли 2013 сар карда, 20 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ қабул карда шуд.
  9. Нақшаҳо маҷмуи чорабиниҳоро барои иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти масъули давлатиро пешбинӣ мекунанд.
  10. Дар баробари ин, ҳуҷҷатҳои гуногуни стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон қабул карда шудааст, аз ҷумла:

          - Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №28 тасдиқ шудааст;

          - Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст;

          - Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 тасдиқ шудааст;

          - Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 тасдиқ шудааст;

          - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст; 

          - Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ гардидааст; 

          - Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ шудааст;  

          - Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №322 тасдиқ шудааст; 

          - Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 тасдиқ шудааст; 

          - Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №80 тасдиқ шудааст; 

          - Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №385 тасдиқ шудааст; 

          - Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №387 тасдиқ шудааст;

          - Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст;

          - Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №577 тасдиқ гардидааст;

          - Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №310 тасдиқ гардидааст.

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муътамад аст, ки танҳо як заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини ҳимояи муносиби ҳуқуқи инсон дар давлат кифоя нест. Барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи самарабахши ҳуқуқҳои инсон қабули сиёсат, ташкил ва такмил додани ниҳодҳои давлатӣ ва таҳияи чорабиниҳои маҷмуӣ зарур аст. Бинобар ин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли соли 2023 Нақшаи миллии амалҳо вобаста иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2023-2026 қабул карда шуд, ки таҳия ва қабули Стратегияи миллиро пешбинӣ мекунад.
  2. Стратегияи миллӣ ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг карда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад.
  3. Рӯзнома дар самти рушди устувор то соли 2030-ро ба инобат гирифта, дар доираи Стратегияи миллӣ механизмҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо мақсади таъмини муносибати ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқи инсон асос меёбад, таҳия карда мешаванд.
  4. Стратегияи миллӣ дар асоси тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ дар самти ҳуқуқи инсон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2023 пешниҳод гардида буданд, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар доираи Рӯзнома дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст, таҳия гардидааст.
  5. Стратегияи миллӣ воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
  6. Қабули Стратегияи миллӣ ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муосидат мекунад.

 

 

  1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ

 

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зиммаи худ гирифтааст, аҳаммияти калон дода, оид ба таҳияи сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мутобиқсозии қонунгузории кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ кӯшишҳо анҷом медиҳад ва ислоҳоти низоми давлатиро бо истифода аз муносибатҳои ба ҳуқуқи инсон асосёфта мегузаронад.
  2. Солҳои охир бо мақсади иҷрои тавсияҳои сохторҳои СММ қонунҳои нав қабул гардида, ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар баробари ин, соҳаҳое мавҷуданд, ки такмили минбаъдаи қонунгузориро талаб менамоянд.
  3. Маҷмуи тавсияҳо ба масъалаҳои гузарондани ислоҳот дар низоми гуногун, ба монанди идома додани ислоҳоти низоми судӣ ва таъмин кардани мустақилияти мақомоти судӣ, ташкил намудани низоми самараноки адлияи ноболиғон, инчунин гузаронидани ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дахл доранд.
  4. Шумораи бештари тавсияҳо ба ташкили механизмҳои самарабахши пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон равона гардидаанд, ба монанди:

- мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ ва дастрасии ниҳодҳои байналмилалӣ ва миллӣ барои гузаронидани мониторинг;

- низоми мутамаркази ҳисоб ва бақайдгирии дастгиркунӣ;

- механизми мустақил барои қабули шикоятҳо ва тафтиши самараноки шиканҷа;

- механизм ва барномаҳои тавонбахшии қурбониёни шиканҷа. 

  1. Тавсияҳо дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак ба таҳияи сиёсати фарогир ва стратегия нисбати кӯдакон, ки тамоми кӯдакон ва тамоми масъалаҳои ҷудо намудани захираҳои зарурии инсонӣ ва молиявиро барои амалигардонии онҳо фаро мегирад, дахл дорад.
  2. Соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд ва 27 майи соли 2009 аввалин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъин карда шуд. Моҳи апрели соли 2012 ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВҲИ) аз расмиёти аккредитатсия дар Зеркумита оид ба аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии ниҳодҳои миллӣ оид ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон гузашт, ки дар натиҷа ВҲИ бо мақоми «B» аккредитатсия карда шуд ва тавсияҳои дахлдор гирифт. Сохторҳои СММ ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳоро ҷиҳати таҳкими фаъолияти ВҲИ мутобиқ ба Принсипҳои Париж, ба монанди мустақилияти ВҲИ ва дастгоҳи он, мустаҳкам намудани дастгоҳи ВҲИ ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо, аз ҷумла тавассути давра ба давра зиёд намудани маблағгузории фаъолияти ВҲИ доданд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012 Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро қабул намуд. Барнома дар асоси Даҳсолаи дуюми СММ оид ба ҳуқуқи инсон таҳия шуда, ҳадафи он таълим ва омӯзиши судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ мебошад. Мақомоти давлатӣ тавассути низоми худии такмили ихтисос, инчунин дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзишӣ, аз он ҷумла тайёр кардани дастурҳои методӣ ва дастурамалҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мегузаронанд.
  4. Ба давлат тавсия дода шуд, ки диққати ҷиддиро барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дода, иқдому саъйро дар таълими ҳуқуқи инсон дар низоми таҳсилоти умумӣ, инчунин барои намояндагони ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ идома диҳад.
  5. Маълумоти оморӣ ва нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон нақши муҳимро мебозанд. Кумитаи зидди шиканҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки маълумоти омории марбут ба мониторинги иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва намуди дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф дар сатҳи миллӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи шикоятҳо, тафтишоти гузаронидашуда, парвандаҳои оғозшуда ва ҳукмҳои айбдоркунанда вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, савдои одамон ва зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ, инчунин оид ба воситаҳои ҷуброн, махсусан маълумот дар бораи товони зарари ба қурбониён расонидашуда ва тавонбахшӣ ҷамъоварӣ кунад.
  6. Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки давлат бояд ҷамъоварии маълумоти омориро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон, вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамаи шахсони то 18-сола, ки барои таҳлили вазъи кӯдакон ва таҳияи сиёсати мақсаднок заруранд, беҳтар кунад.
  7. Аз ҷониби ниҳодҳои гуногуни СММ тавсияҳо оид ба бозбинии сиёсати буҷетӣ ва ҷудо намудани захираҳо барои амалигардонии ҳуқуқи инсон пешниҳод шуда буд. Ба сифати чораҳои умумӣ, ба давлат тавсия дода шуд, ки иқтидори шахсони мансабдори давлатиро дар соҳаи таҳияи буҷет, ба нақша гирифтан, назорат ва баҳодиҳии таъсироти сармоягузориҳо дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ таҳким бахшида, инчунин низоми назорат ва арзёбии барномаҳои гуногуни мавҷудаи субсидияро ташкил намояд. 
  8. Қисми тавсияҳо барои фаъолгардонии сиёсат дар самти ҳавасманд гардонидани баробарии гендерӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон, барҳам додани табъизи гендерӣ дар ҷомеа, оила ва бозори меҳнат равона шудаанд. Ба бахшҳои алоҳида тавсияҳое ҷудо карда шудаанд, ки ба тақвияти иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ ва намояндагии онҳо дар мақомоти давлатӣ, дар соҳаи таълими касбӣ дахл доранд.
  9. Ҳуқуқ ба муносибати инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ як қатор чораҳои маҷмуиро дар бар мегирад, ки ба беҳгардонии шароити нигоҳдории шахсоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, равона гардидаанд. Тавсияҳо ба гузарондани ислоҳоти муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла мониторинг ва баҳогузории муассисаҳои ислоҳӣ, зиёд кардани ғунҷоиши маҳбасҳо, тағйири сиёсат ва амалияи иҷрои ҷазо бо дар назар доштани тавонбахшӣ ва ҳамгироӣ, интишори маълумоти оморӣ дар бораи шумораи маҳбусони дар ин низомбуда, инчунин амалигардонии Қоидаҳои СММ, ки ба муносибат бо занони маҳкумшуда дахл доранд (Қоидаҳои Бангкок), равона гардидаанд. Силсилаи тавсияҳо ба таҷдиди назар кардани қонунгузорӣ ва шароити нигоҳдории шахсоне, ки ба муҳлати дарози маҳрум сохтан аз озодӣ ва якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, дахл доранд.
  10. Тавсияҳо оид ба манъи ғуломӣ ва пешгирии савдои одамон ба қабули чораҳои самаранок ва муассир оид ба пешгирии савдои одамон, аз ҷумла муқаррар намудани расмиёт ва ҷудо кардани захираҳои дахлдор, ки барои муайян кардани қурбониёни савдои одамон, тафтишоти фаврӣ оид ба муайян намудани ҷойи ҷойгиршавии шахсон, аз он ҷумла одамрабоӣ, таъқиби судии шахсони гунаҳкор, таъмин намудани ҷуброни зарар ба қурбониёни савдои одамон ва ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ равона гардидаанд.
  11. Гурӯҳи дигари тавсияҳо ба масъалаҳои мутобиқгардонии қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таъмини озодии изҳори ақида ва муттаҳидшавӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, қабули барномаҳо ва сиёсат бо мақсади мустаҳкам кардани муколама миёни динҳо ва таҳкими таҳаммулпазирӣ, идомаи мубориза бо ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати шахсони мансуб ба ақаллиятҳои динӣ равона шудаанд.
  12. Ба сифати чораҳои дорои хусусияти умумӣ ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки амалисозии иқдомҳои минбаъдаро барои мустаҳкам кардани низоми судӣ, аз ҷумла тавассути амалӣ намудани барномаи ислоҳоти бахши судӣ ва таъмин намудани мурофиаи судии кушода, одилона ва мустақил мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии истеҳсолоти судии одилона давом диҳад.
  13. Вобаста ба масъалаҳои мустақилияти мақомоти судӣ тавсия шуд, ки оид ба таъмини салоҳиятнокӣ, мустақилӣ ва ивазнашаванда будани судяҳо чораҳои самаранок, аз ҷумла бо роҳи таҷдиди назар намудани тартиби таъин, пешравӣ дар хизмат ва озод намудани онҳо, таъмин намудан бо музди меҳнати арзанда, кам кардани ваколатҳои аз ҳад зиёди прокуратура ва ба комиссияҳои тахассусӣ додани мустақилият чораҳои самарабахш андешад.
  14. Ниҳодҳои гуногуни СММ ба гузаронидани ислоҳоти низоми адвокатура дар кишвар диққат дода, тавсия доданд, ки озодии адвокатҳо барои иҷро намудани уҳдадориҳои касбӣ таъмин гардида, аз ҳама гуна дахолати сохторҳои иҷроия ба фаъолияти касбии аз ҷониби адвокатҳо амалишаванда худдорӣ карда шавад.
  15. Вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон аз ҷумла тавсия дода шуд, ки низоми баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳо нисбат ба ноболиғон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, риояи синни ҳадди поёнии фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ таъмин гардида, инчунин ба онҳо бе истифодаи низоми адолати судии ҷиноятӣ ҳимоя пешниҳод карда шавад, низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон бо такяи махсус ба чорабиниҳои тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ бояд ташкил карда шавад.
  16. Вобаста ба мусоидат ба ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии инсон тавсияҳои алоҳида ворид гардиданд. Тавсияҳои дорои хусусияти умумӣ ба таҳияи стратегияи миллӣ дар соҳаи рушд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, оммавигардонии маълумот дар бораи вазъи қарзи беруна ҷиҳати таъмини ҳисоботдиҳандагии мақомоти салоҳиятдор ва шахсони мансабдор, додани иҷозати баргузории арзёбии вазъи буҷет, баланд бардоштани шаффофият дар соҳаи гирифтан, идора намудан ва сарф кардани фондҳои расмии рушд, инчунин тақвият додани кӯшишҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, кафолати манфиатҳо ва ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон, инчунин ҳавасмандгардонии рушди иқтимоию иқтисодӣ дахл доранд.
  17. Тавсияҳо дар ин самт ба қабули чораҳо оид ба таъмини ҳуқуқ ба меҳнат, аз ҷумла идомаи корҳо дар амалисозии ҳуқуқ ба меҳнати ҳар як кас, кӯшишҳо оид ба коҳиши минбаъдаи бекорӣ, аз ҷумла миёни занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд ва дар минтақаҳои деҳот, бахусус тавассути амалӣ гардонидани барномаҳои махсуси мақсадноки дастгирии болоравии иқтисодиёт ва рушд равона гардидаанд.
  18. Дар қисмати қабули чораҳои умумӣ, ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки корҳоро оид ба мустаҳкам ва васеъ намудани доираи фарогирии ҳуқуқ ба таълим, махсусан он чизе, ки ба таълими кӯдакон дахл дорад, идома диҳад, чораҳои заруриро барои амалигардонии самараноки барномаи таълими умумӣ андешад, механизмҳои миллиро бо мақсади таъмини дастрасӣ ба таълими дахлдор мустаҳкам намояд.
  19. Оид ба масъалаҳои татбиқи низоми таҳсилоти фарогир зарур аст, ки таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла бо роҳи ҷудо намудани захираҳо барои мутобиқшавии оқилона ва таълими касбии иловагӣ барои омӯзгорон, инчунин чораҳои самаранок оид ба табъиз накардани кӯдакони маъюб дар низоми таълими муқаррарӣ таъмин карда шавад.
  20. Дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ васеъ карда шуда, барои ҳавасмандгардонии таҳсилоти томактабӣ, махсусан барои оилаҳои камбизоат чораҳо андешида шавад, маърифатнокии падару модар дар бораи муҳим будани инкишоф ва таълими кӯдак аз айёми хурдсолӣ баланд бардошта шавад, механизмҳои ғайрирасмии ҷамъиятӣ дар ин самт ҳавасманд гардонида шуда, ба таҳияи нақшаи рушди фарогирии бармаҳали кӯдакон мусоидат карда шавад.
  21. Тақвият бахшидани кӯшишҳо оид ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ миёни кӯдакон аз ҳисоби сабук кардани таъсири буҳрони иқтисодӣ ба кӯдакон, таваҷҷуҳи махсус додан ба мушкилоти оилаҳо ва кӯдакон ҳангоми таҳияи стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бояд тадбирҳои мақсаднок оид ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии камбизоатӣ ба инкишофи онҳо, тандурустӣ ва таҳсилоти онҳоро дар бар гирад, таъкид карда шуд. Дар стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ниёзҳои кӯдакон ба назар гирифта шаванд ва иштироки падару модар ва кӯдакон дар таҳияи чунин стратегияҳо ҳавасманд карда шавад.

 

 

  1. ҲАДАФ, ВАЗИФАҲО ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ

 

  1. Ҳадафи асосии Стратегияи миллӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, мебошад.
  2. Вазифаҳои асосии Стратегияи миллӣ ба ҳисоб мераванд:

- такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ ва мақомоти дигари байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқ инсон; 

- таҳия ва қабули чораҳои маҷмуӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон мутобиқи тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ равона гардидаанд; 

- беҳтар намудани механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ оид ба ҳуқуқи инсон миёни мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар ҳамкории зич бо ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; 

- андешидани чораҳои таъсирбахш оид ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон тавассути амалӣ гардонидани барномаҳои омӯзишӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, инчунин тайёрии касбӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо, адвокатҳо ва мутахассисони дигар, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма;  

- мунтазам гузаронидани баҳогузории захираҳои молиявии мавҷуда барои амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки барои дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бо мақсади зиёдгардонӣ ва ё азнавтақсимкунии тақсимоти маблағҳои буҷетӣ барои амалигардонии пурратари маҷмуи чораҳо оид ба татбиқи тавсияҳои механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон;

- таҳия ва ҷорӣ намудани низоми фарогиранда, ҳамоҳангсозанда ва самараноки ҷамъоварии маълумоти ба синну сол, ҷинс, мавқеи ҷуғрофӣ, тобеияти нажодӣ, вазъи иқтисодю иҷтимоӣ, маъюбӣ гурӯҳбандишуда ва ғайра, инчунин гузаронидани таҳлил, мониторинг ва баҳогузории амалигардонии ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳияи сиёсати суроғавӣ дар самти ҳуқуқи инсон;

- тасдиқ (ратификатсия)-и шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; 

- идомаи таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон бо роҳи ташкили машваратҳо ва тавсеаи муколамаҳо, ҷалби мунтазам барои иштирок дар банақшагирӣ, амалигардонӣ, мониторинг ва баҳогузории сиёсат, нақшаҳо ва барномаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон.  

  1. Амалисозии Стратегияи миллӣ ба ҷоринамоии муносибати бонизом ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳо ва таъмини амалҳои мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, муқаррар намудани механизми самаранок ва дастраси механизми риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар оварда мерасонад.
  2. Стратегияи миллӣ ба принсипҳои асосии зерин асос ёфтааст:

 - муносибати ба ҳуқуқи инсон асосёфта, ки барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти ҳуқуқи инсон хизмат карда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ (дар ҳама зинаҳои идоракунии давлатӣ) иҷрои уҳдадориҳоро пешбинӣ мекунад, ки бо ин роҳ фаъолиятнокии шаффофтар ва низоми ҳисоботдиҳии идоракунии давлатӣ муҳайё карда мешавад;

- муттасилии ҷараён, ки тағйироти мунтазами ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва амалиро талаб мекунад, ки бояд дар фаъолияти ҳамаи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи инсон бармеоянд ва ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги кориашон маҳсуб меёбанд, инъикос гардад;

- возеҳу шаффоф амалӣ намудани Стратегияи миллӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари шахсони манфиатдор ба амалигардонии ин ҳуҷҷат ва мониторинги он;   

- мушаххасӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳо ва муайяншаванда будани натиҷаҳои амалисозии Стратегияи миллӣ;

- таъмини баробарӣ ва роҳ надодан ба табъиз ҳангоми амалӣ намудани Стратегияи миллӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон.

 

 

  1. САМТҲОИ СТРАТЕГИИ ФАЪОЛИЯТ ВА САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

 

  1. Самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолият ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ инҳо ба шумор мераванд:

- пурзӯр намудани механизму расмиёти миллӣ дар соҳаи пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон;

- таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳияи механизмҳои самараноки пешгирӣ ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои худсарона маҳрум намудан аз ҳаёт;

- таҳияи низоми самараноки пешгирӣ, тафтиш, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин пешниҳоди воситаи самараноки ҷуброни зарар, аз ҷумла товон ва тавонбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо;

- таҳия (такмил)-и расмиёти самараноки тафтиши судии парвандаҳои алоқаманд бо савдои одамон ва шаклҳои дигари ғуломии муосир ва ҳимояи қурбониён, инчунин низоми пешгирӣ, муайянкунӣ ва тавонбахшии қурбониёни савдои одамон ва шаклҳои дигари ғуломии муосир ва ба онҳо пешниҳод намудани хизматрасонии дахлдор;

- такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ дар бораи ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, доираи ҳуқуқии мавҷудаи ҳама шаклҳои дастгиркунӣ ва нигоҳ доштан дар маҳбас, аз ҷумла дастгиркунии маъмурӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои СММ;

- ташкил (такмил)-и низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии ба эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ асосёфта;

- таъмини минбаъдаи мустаҳкам намудани низоми адолати судии мустақил, самаранок ва шаффофи барои ҳама дастрас бо таъмин кардани кафолати ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ, аз ҷумла таъмин намудани мустақилияти судяҳо ва адвокатҳо;

- таъмини кафолатҳои асосии ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида, муттаҳид шудан, ҷамъомадҳои осоишта ва эътиқоди динӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;

- ҳавасманд гардонидани ҷомеаи бисёрсамта ва гуногунандешӣ, таъмини кафолати иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва дар интихоботу раъйпурсӣ;

- таъмини ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакҳои табъиз мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон;

- мусоидат намудан дар ба даст овардани баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварии оилавӣ, инчунин муқовимати самаранок ба оқибатҳои истифодаи зӯроварӣ;

- таъмини кафолатҳои асосии ҳуқуқи дастрасӣ ба манзили муносиб, пешниҳоди манзил ва сарпаноҳи муносиб, инчунин ҳангоми амалӣ гардонидани чорабиниҳо зимни кӯчонидани иҷборӣ;

- таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби бехатари ошомиданӣ ва ҳолати санитарӣ;

- қабули чораҳои самарабахш ҷиҳати ба даст овардани сатҳи аз ҳама баланди имконпазири солимии ҷисмонӣ ва руҳӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ёрии тиббию санитарӣ;

- андешидани (пурзӯр кардани) ҳама чораҳои зарурӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба таълими босифат дар муҳити фарогир;

- таъмини амалигардонии пурраи кафолати ҳуқуқ ба меҳнат, музди баробари меҳнат, таъминот ва суғуртаи иҷтимоӣ мутобиқ ба уҳдадориҳои байналмилалӣ;

- дар ҳаҷми пурра таъмин намудани истифодаи ҳуқуқҳои худ аз ҷониби кӯдакон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо;

- ба роҳ мондани муносибати ба ҳуқуқҳои инсон асосёфта дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар ҳамкории зич бо шахсони маъюб ва ташкилотҳои намояндаи онҳо;

- таъмин намудани кафолатҳои асосии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар ҳудуд ва ё доираи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд, мутобиқ ба уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- таъмини дастрасии бемамониат ба расмиёти гирифтани паноҳгоҳ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезагон, инчунин андешидани чораҳои самаранок, ки ба коҳиш ва пешгирӣ намудани бешаҳрвандӣ равона гардидаанд.           

  1. Маблағгузории Стратегияи миллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои дигари ғайрибуҷетӣ, маблағгузории шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

 

 

  1. АМАЛИСОЗӢ, МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ

 

  1. Амалисозии Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он бо фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар ҳама давраҳо таъмин карда мешавад.
  2. Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ нақшаҳои амал барои се сол таҳия карда мешавад, ки дар онҳо амалҳои мушаххас, натиҷаҳо, муҳлати амалигардонӣ ва мақомоти масъули давлатӣ нишон дода мешаванд. Чорабиниҳое, ки дар нақшаҳои амал пешбинӣ шудаанд, дар ҳамкории зич бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал баровада мешаванд.
  3. Мониторинг ва арзёбии самаранокии амалигардии Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он бо тартиби муқарраргардида дар муҳлати тамоми давраи амалисозии он анҷом дода мешавад. Бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба амалигардонии Стратегияи миллӣ ҷалб мешаванд, машваратҳо гузаронида хоҳад шуд.
  4. Арзёбии шашмоҳа ва солона бо мақсади баҳогузории натиҷаҳо, таҳлили рушд нисбати мақсад ва вазифаҳои гузошташуда, муайян намудани мушкилот, таҳияи чораҳои самарабахш барои ҳалли мушкилоти бамиёномада ва таъмини амалисозии бомуваффақи Стратегияи миллӣ гузаронида мешавад.
  5. Ҳамоҳангии амалигардонии Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он, аз ҷумла мониторинг ва арзёбии онҳо аз ҷониби котиботи Комиссия амалӣ карда мешавад. Шахсони масъули вазорату идораҳо оид ба ҳуқуқи инсон ҳар шашмоҳа ба котиботи Комиссия аз рӯйи натиҷаҳои амалигардонии нақшаҳои амали Стратегияи миллӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд.