КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ БАРҲАМ ДОДАНИ
ТАМОМИ ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН
Бо қатъномаи 34/180 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 18 декабри соли 1979 қабул шудааст ва барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳ шудан кушода аст. Мутобиқи моддаи 27 (1) аз 3 сентябри соли 1981 эътибор пайдо кардааст.[1]
Давлатҳои иштирокчии Конвенсияи мазкур,
бо дарназардошти он, ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бовариро ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну шараф ва арзишҳои шахсияти инсон ва ба баробарҳуқуқии занону мардон тасдиқ намуд,
бо дарназардошти он, ки Эъломияи умумии ҳукуқи инсон принсипҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ менамояд ва эълон медорад, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд ва ҳap як шахс бидуни ягон фарқият, аз ҷумла фарқияти ҷинсӣ бояд тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълонгардидаро дошта бошад,
бо дарназардошти он, ки ба зиммаи давлатҳои иштирокчии Паймонҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон уҳдадории таъмин намудани ҳуқуқи баробари истифодаи тамоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои занону мардон гузошта мешавад,
бо дарназардошти Конвенсияҳои байналмилалии таҳти ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон басташуда,
ҳамчунин бо дарназардошти қатъномаҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон,
вале, бо ташвиш аз он ки, сарфи назар аз ин ҳуҷҷатҳои гуногун мисли пештара табъизи зиёд нисбати занон ҷой дорад,
бо хотирнишон намудан аз он, ки табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну эътибори инсонро халалдор месозад, ба иштироки баробари занон ва мардон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари худ монеъ мегардад, ба болоравии некуаҳволии ҷомеа ва оила халал мерасонад, ва аз ин бештар ба пурра зоҳир намудани имкониятҳои занон ба нафъи кишварҳои худ ва инсоният мушкилоти зиёд ба миён меорад,
бо ташвиш аз он ки дар шароити қашшоқӣ занон барои дастрасӣ доштан ба озуқаворӣ, тандурустӣ, маориф, тайёрии касбӣ, шуғл, инчунин дигар эҳтиёҷот имкониятҳои камтар доранд,
бо боварӣ аз он, ки муқаррар намудани тартиботи нави иқтисодии байналмилалии ба баробарӣ ва адолат асосёфта дар таъмини баробарии байни мардону занон мусоидат хоҳад кард,
бо таъкид аз он, ки барҳам додани апартеид, ҳама шаклҳои нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, мустамликадорӣ, мустамликадории нав, таҷовузгариҳо, истисмор, ҳукмронӣ ва дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амалӣ гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур мебошад,
бо тасдиқ аз он, ки таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, паст шудани шиддати муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкории мутақобилаи байни давлатҳо сарфи назар аз низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо, силоҳпартоии пурра ва умумӣ, хусусан ҳалъи силоҳи ядроӣ таҳти назорати қатъӣ ва самараноки байналмилалӣ, пойдор гардидани принсипҳои адолат, баробарӣ ва манфиати мутақобила дар муносибатҳои байни кишварҳо ва татбиқи ҳуқуқҳои халқҳои таҳти ҳукмронии хориҷӣ ва мустамликавӣ ва тасарруфи хориҷӣ қарордошта ба худмуайянкунӣ ва истиқлолият, инчунин эҳтироми истиқлолияти миллӣ ва тамомияти арзии давлат ба пешрафт ва рушди иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард ва дар натиҷа ба ноил гардидан ба баробарии пурраи байни мардону занон кӯмак менамоянд,
бо боварӣ аз он, ки рушди пурраи давлатҳо, некуаҳволии тамоми ҷаҳон ва кори сулҳ иштироки ҳарчи бештари занонро дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо талаб мекунанд,
бо назардошти аҳамияти саҳми занон дар некӯаҳволии оила ва рушди ҷомеа, ки то ҳол пурра эътироф нагардидааст, аҳамияти иҷтимоии модар ва нақши ҳар ду волидайн дар оила ва дар тарбияи фарзандон, ва бо дарки он, ки нақши зан дар идома додани насл набояд сабаби табъиз гардад, зеро тарбияи фарзандон масъулияти якҷояи мардону занон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеро талаб мекунад,
ба хотири он, ки барои ноил гардидан ба баробарии пурраи байни мардону занон тағйир додани нақши анъанавии ҳам мардон ва ҳам занон дар ҷомеа ва дар оила зарур мебошад,
бо азми қатъӣ ҷиҳати татбиқ намудани принсипҳои дар Эъломия дар бораи барҳам додани табъиз нисбати занон эълонгардида ва барои ин мақсад андешидани тадбирҳои зарурӣ барои барҳам додани чунин табъиз дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
[1] Конвенсияи мазур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми июни соли 1993 тасдиқ ва аз 25-уми ноябри соли 1993 нисбат ба Ҷумњурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардааст.
КИСМИ I
Моддаи 1
Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия мафҳуми «табъиз нисбат ба занон» ҳама гуна фарқият, истиснокунӣ ё маҳдудкуниро аз рӯи нишонаи ҷинс ифода мекунад, ки ба кам кардан ё тамоман аз байн бурдани эътироф, истифодабарӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои занон, сарфи назар аз вазъи оилавии онҳо баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо равона гардидааст.
Моддаи 2
Давлатҳои иштирокчӣ табъиз нисбати занонро дар тамоми шаклҳояш маҳкум мекунанд ва розианд, ки бидуни таъхир бо истифодаи тамоми воситаҳои дахлдор сиёсати барҳам додани табъиз нисбати занонро ба роҳ монанд ва бо ин мақсад уҳдадор мешаванд:
а) принсипи баробарҳуқуқии мардону занонро дар конститутсияҳои миллии худ ё дигар қонунгузории дахлдор, агар он ҳануз дохил карда нашуда бошад ворид кунанд ва бо мусоидати қонун ва дигар воситаҳои дахлдор татбиқи амалии ин принсипро таъмин намоянд;
- b) тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла дар он љое, ки зарураст љазоҳоеро истифода мекунанд, ки ҳама гуна табъизро нисбати занон манъ менамояд;
- c) ҳифзи ҳуқуқии ҳуқуқи занонро дар асоси баробарӣ бо мардон таъмин мекунанд ва бо кӯмаки судҳои салоҳиятдори миллӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ ҳифзи самараноки занонро аз ҳама гуна амалҳои табъизӣ ҳимоя мекунанд;
- d) аз содир намудани ягон гуна кирдори табъизӣ ё амалҳо нисбати занон худдорӣ мекунанд ва кафолат медиҳанд, ки мақомот ва муассисаҳои давлатӣ мутобиқи ин уҳдадориҳо фаъолият мекунанд;
- e) тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон яз ҷониби ягон шахс, ташкилот ё корхона меандешанд;
- f) тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои тағйир ё бекор кардани қонунҳои амалкунанда, қарорҳо, расму оин ё амалҳое, ки нисбати занон табъиз мебошанд, меандешанд;
- g) тамоми меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии худро, ки нисбати занон табъиз мебошанд, бекор мекунанд.
Моддаи 3
Давлатҳои иштирокчӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои таъмини рушди ҳамаҷониба ва пешрафти занон меандешанд, то ки амалишавӣ ва истифодаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро ба онҳо дар асоси баробарӣ бо мардон кафолат диҳанд.
Моддаи 4
- Аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ андешида шудани тадбирҳои муваққатии махсус, ки барои тезонидани таъмини баробарии воқеӣ байни мардону занон равона гардидааст, ҳамон тавре, ки дар ин Конвенсия муайян гардидааст, табъиз ҳисобида намешаванд, вале онҳо набояд ба ҳеҷ ваҷҳ боиси нигоҳ доштани стандартҳои нобаробар ё мушаххас гарданд; ин тадбирҳо бояд пас аз ноил гаштан ба мақсадҳои баробарии имкониятҳо ва баробарҳуқуқи муносибатҳо бекор карда шаванд.
- Аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ андешида шудани тадбирҳои махсус, ки ба ҳифзи модарӣ равона шудааст, аз ҷумла тадбирҳое, ки дар ин Конвенсия зикр шудаанд, табъиз ҳисобида намешаванд.
Моддаи 5
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро бо мақсадҳои зерин меандешанд:
- a) тағйир додани моделҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии рафтори мардону занон бо мақсади ноил гардидан ба аз байн бурдани хурофот ва барҳам додани расму оин ва тамоми амалияи дигаре, ки ба ғояҳои ноқис ё бартарияти яке аз ҷинсҳо ё қолабии нақши мардону занон асос ёфтаанд;
- b) таъмин намудани он, ки тарбияи оилавӣ дарки дурусти модариро буданро ҳамчун вазифаи иҷтимоӣ ва эътирофи масъулияти умумии мардону занонро барои тарбия ва рушди кӯдакони худ дар бар гирад, ба шарте ки дар ҳама ҳолатҳо бояд манфиатҳои кӯдакон бартарият дошта бошад.
Моддаи 6
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои пешгирӣ намудани ҳама намудҳои фурӯши занон ва истисмори фоҳишагарии занон меандешанд.
ҚИСМИ II
Моддаи 7
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳоро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз ҷумла ба занон шароити баробар бо мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд:
- a) овоздиҳӣ дар ҳама гуна интихобот ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби халқ интихобшаванда;
- b) иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳама гуна вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ;
с) иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳое, ки ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд.
Моддаи 8
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро меандешанд, то ки ба занон имконияти баробар бо мардон ва бе ягон табъиз намояндагӣ намудан аз ҳукуматҳои худ дар арсаи байналмилалӣ ва иштирок дар кори созмонҳои байналмилалиро таъмин намоянд.
Моддаи 9
- Давлатҳои иштирокчӣ ба занон ҳуқуқи бо мардон баробарро нисбат ба соҳиб шудан, тағйир додан ё нигоҳ доштани шаҳрвандии онҳо фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла таъмин менамоянд, ки на бастани ақди никоҳ бо хориҷиён, на тағйир ёфтани шаҳрвандии шавҳар ҳангоми ақди никоҳ боиси худ аз худ тағйир ёфтани шаҳрвандии зан намегардад, ӯро ба шахси бешаҳрванд табдил намедиҳад ва наметавонанд ӯро маҷбур созад, ки шаҳрвандии шавҳари худро қабул кунад.
- Давлатҳои иштирокчӣ ба занон ҳуқуқҳои баробар бо мардонро нисбати шаҳрвандии кӯдакони онҳо фароҳам меоранд.
Моддаи 10
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро барои он меандешанд, ки табъиз нисбати занонро барҳам диҳанд, то ки ба онҳо ҳуқуқҳои баробар бо мардонро дар соҳаи маориф таъмин кунанд ва, аз ҷумла дар асоси баробарии мардону занон инҳоро таъмин намоянд:
а) шароити якхела барои интихоби касб ё ихтисос, барои дастрасӣ ба таълим ва гирифтани дипломҳо дар муассисаҳои таълимии ҳамаи шаклҳо ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо; ин баробарӣ дар таълими томактабӣ, умумӣ, махсус ва олии техникӣ, инчунин дар тамоми шаклҳои тарбияи касбӣ таъмин мегардад;
- b) дастрасӣ ба барномаҳои якхелаи таълимӣ, имтиҳонҳои якхела, ҳайати омӯзгорони ихтисоси якхела, иншоотҳои мактабӣ ва таҷҳизоти баробарсифат;
- c) бартарафсозии ҳама гуна консепсияҳои қолабии нақши мардону занон дар ҳама гуна сатҳҳо ва дар ҳама гуна шаклҳои таълим бо роҳи ҳавасмандгардонии таълими якҷоя ва дигар навъҳои таълим, ки барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо ва, аз ҷумла бо роҳи таҷдиди назар намудани дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои мактабӣ ва мутобиқгардонии воситаҳои таълим мусоидат хоҳанд кард;
- d) имкониятҳои баробар дар гирифтани стипендия ва дигар кӯмакпулиҳо барои таълим;
- e) имкониятҳои баробари дастрасӣ ба барномаҳои идомадиҳии таълим, аз ҷумла барномаҳои паҳн намудани саводнокӣ дар байни калонсолон ва барномаҳои саводнокии функсионалӣ, ки, аз ҷумла ба ҳарчи зудтар кам кардани ҳама гуна фарқият дар дониши мардону занон равона гардидаанд;
- f) кам кардани шумораи духтароне, ки мактабро хатм накардаанд ва таҳияи барномаҳо барои духтарону заноне, ки пеш аз мӯҳлат мактабро тарк намудаанд;
- g) имкониятҳои баробар барои фаъолона иштирок намудан дар машғулиятҳои варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;
- h) дастрасӣ ба иттилооти махсуси таълимӣ бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саломатӣ ва некуаҳволии оила, аз ҷумла иттилоот ва машваратҳо дар бораи банақшагирии оила.
Моддаи 11
- Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар соҳаи шуғл меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми одамон;
- b) ҳуқуқ барои имконияти баробар ҳангоми қабул ба кор, аз ҷумла истифодаи меъёрҳои баробари интихоб ҳангоми қабул;
с) ҳуқуқ ба интихоби озоди ихтисос ё навъи кор, пешравӣ дар вазифа ва кафолати шуғл, инчунин ба истифодаи ҳама гуна имтиёз ва шароитҳои кор, ба гирифтани тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ, аз ҷумла шогирдӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мунтазам;
- d) ҳуқуқ ба музди баробар, аз ҷумла ба имтиёзҳо ва шароитҳои баробар нисбати меҳнати баробарарзиш, инчунин ба муносибати баробар нисбати баҳодиҳӣ ба сифати кор;
е) ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳангоми ба нафақа баромадан, бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва дар дигар ҳолатҳои гум кардани қобилияти корӣ, инчунин ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшаванда;
- f) ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла оид ба нигоҳдории функсияи давом додани насл.
- Барои пешгирӣ намудани табъиз нисбати занон бинобар сабаби шавҳардорӣ ё модарӣ ва ба онҳо кафолат додани ҳуқуқи самаранок ба меҳнат давлатҳои иштирокчӣ тадбирҳои дахлдорро меандешанд, то ки:
а) аз кор озод карданро бо сабаби ҳомиладорӣ ё рухсатии ҳомиладорӣ ё таваллуд ё табъиз бинобар сабаби оиладориро бо таҳдиди татбиқи љазо манъ кунанд;
- b) рухсатиҳои пардохтшаванда ё рухсатиҳои баробар бо кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бинобар ҳомиладорӣ ё таваллудро бе аз даст додани ҷои кори пештара, мансаб ё кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҷорӣ намоянд;
с) пешниҳод намудани хизматрасониҳои зарурии иловагии иҷтимоиро љонибдорӣ намоянд, то ки ба падару модарон имконият диҳанд онҳо иҷрои уҳдадориҳои оилавиро бо фаъолияти меҳнатӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ якҷоя иҷро кунанд, аз ҷумла тавассути таъсис ва васеъ намудани шабакаи муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон;
- d) ба занҳо ҳифзи махсусро дар давраи ҳомиладорӣ дар он навъҳои корҳое, ки зарарнокиашон барои саломатии онҳо тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.
- Қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин модда зикр гардидааст, мунтазам дар заминаи донишҳои илмию техникӣ аз нав баррасӣ ва таҷдиди назар мегардад, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ бекор карда ё васеъ карда мешавад.
Моддаи 12
- Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар соҳаи тандурустӣ меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро, аз ҷумла дар бахши марбут ба танзими оила, таъмин намоянд.
- Дар баробари меъёрҳои банди 1 ҳамин модда давлатҳои иштирокчӣ ба занон хизматрасонии дахлдорро дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва давраи баъд аз таваллуд таъмин мекунанд ва ҳангоми зарурат хизматрасониҳои бепул, инчунин ғизои дахлдорро дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмакконӣ мерасонанд.
Моддаи 13
Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба кӯмакпулиҳои оилавӣ;
- b) ҳуқуқ барои гирифтани қарзҳо, қарз таҳти кафолати амволи ғайриманқул ва дигар шаклҳои қарзи молиявӣ;
с) ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои истироҳатӣ, варзишӣ ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ.
Моддаи 14
- Давлатҳои иштирокчӣ мушкилиҳои махсусеро, ки занони дар деҳот истиқоматкунанда бо онҳо бармехӯранд ва нақши муҳимеро, ки онҳо дар таъмини некуаҳволии иқтисодии оилаҳои худ мебозанд, инчунин фаъолияти онҳоро дар соҳаҳои ғайримолии хоҷагӣ ба инобат мегиранд ва тамоми тадбирҳоро барои таъмини амалигардонии муқаррароти ин Конвенсия нисбати занони дар деҳот истиқоматкунанда меандешанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои заруриро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар деҳот меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон иштироки онҳоро дар рушди деҳот ва дар дарёфти фоида аз чунин рушд таъмин намоянд, аз ҷумла ҳуқуқҳои зеринро ба чунин занон таъмин мекунанд:
а) иштирок дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои рушд дар тамоми сатҳҳо;
- b) дастрасӣ ба хизматрасонии дахлдори тиббӣ, аз ҷумла иттилоот, маслиҳатҳо ва хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои танзими андозаи оила;
с) бевосита истифода намудан аз имкониятҳои барномаҳои суғуртаи иҷтимоӣ;
- d) дастрас намудани ҳама навъҳои омодагӣ ва таҳсили расмӣ ва ғайрирасмӣ, аз ҷумла саводнокии функсионалӣ, инчунин истифода бурдан аз хизматрасонии ҳама воситаҳои хизматҳои ҷамоавӣ, хадамотҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани сатҳи техникии онҳо;
е) ташкил намудани гурӯҳҳои худкӯмакрасонӣ ва кооперативҳо, бо мақсади таъмини дастрасии баробар ба имкониятҳои иқтисодӣ тавассути кори кироя ё фаъолияти мустақили меҳнатӣ;
- f) иштирок дар ҳама шаклҳои фаъолияти коллективӣ;
- g) дастрасӣ ба кредитҳо ва қарзҳои кишоварзӣ, низоми фурӯш, технологияи дахлдор ва ба вазъи ҳуқуқии баробар дар ислоҳоти замин ва аграрӣ, инчунин дар нақшаҳои азнавободкунии заминҳо;
- h) истифодаи шароити зарурии зиндагӣ, хусусан шароити манзил, хизматрасонии санитарӣ, таъминти барқ ва об, инчунин нақлиёт ва воситаҳои алоқа.
ҚИСМИ IV
Моддаи 15
- Давлатҳои иштирокчӣ баробарии занонро бо мардон дар назди қонун эътироф мекунанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ ба занон қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ якхела бо мардон ва имконияти якхелаи татбиқи онро фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла ба занон ҳуқуқҳои баробарро ҳангоми бастани шартномаҳо ва идораи амвол, инчунин муносибати баробар нисбати онҳоро дар ҳама марҳилаҳои мурофиаи судҳо ва трибуналҳо таъмин менамоянд.
- Давлатҳои иштирокчӣ ба мувофиқа расиданд, ки тамоми шартномаҳо ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳои хусусие, ки аз нигоҳи ҳукуқӣ қобилияти ҳуқуқдории занонро маҳдуд менамоянд, беэътибор ҳисобида мешаванд.
- Давлатҳои иштирокчӣ ба мардону занон нисбати қонунгузории марбут ба рафтуомади шахс ва озодии интихоби ҷои зист ва ҷои истиқомат ҳуқукҳои якхела медиҳанд.
Моддаи 16
- Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳама масъалаҳои марбут ба никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ меандешанд, аз ҷумла дар асоси баробарии мардону занон инҳоро таъмин мекунанд:
а) ҳуқуқҳои баробар дар бастани аҳди никоҳ;
- b) ҳуқуқҳои баробар ба интихоби озоди ҳамсар ва ба бастани аҳди никоҳ танҳо бо розигии озодона ва пурраи худ;
с) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ;
- d) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробари мардону занон ҳамчун падару модарон, сарфи назар аз вазъи оилавӣ, дар масъалаҳои марбут ба кӯдакони онҳо; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
е) ҳуқуқҳои якхела барои озодона ва бомасъулият ҳал кардани масъалаи шумораи кӯдакон ва фосилаи байни таваллуди онҳо ва доштани дастрасӣ ба иттилоот, таълим, инчунин воситаҳое, ки ба онҳо дар татбиқи ин ҳуқуқ имконият медиҳанд;
- f) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои якхела дар мавриди васигӣ, парасторӣ, шахси боваринок ва фарзанхондии кӯдакон будан ё амалӣ кардани вазифаҳои ба ин монанд, ҳангоме ки онҳо дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидаанд; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
- g) ҳуқуқҳои шахсии баробари зану шавҳар, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби номи хонаводагӣ, ихтисос ва машғулият;
- h) ҳуқуқҳои баробари зану шавҳар нисбати доштан, ба даст овардан, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулк чӣ музднок ва чӣ бемузд.
- Маросими никоҳ ва никоҳи кӯдак эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, бо мақсади муайян намудани синну соли ҳадди ақали ақди никоҳ ва бақайдгирии ҳатмии ақди никоҳ дар санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ, андешида мешаванд.
ҚИСМИ V
Моддаи 17
- Барои баррасии рафти татбиқи ин Конвенсия Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон (минбаъд «Кумита» номида мешавад), ки ҳангоми эътибор пайдо намудани Конвенсия аз ҳаждаҳ ва пас аз тасдиқи он ё ҳамроҳшавии давлати сию панҷуми узв ба он аз бисту се коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва салоҳият дар соҳаи фарогирандаи ин Ковенсия мебошанд, таъсис дода мешавад. Ин коршиносонро давлатҳои иштирокчӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд ва онҳо уҳдадориҳои худро шахсан иҷро менамоянд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи географӣ ва намояндагии шаклҳои мухталифи тамаддун, инчунин низомҳои асосии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.
- Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки Давлатҳои иштирокчӣ пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як Давлати иштирокчӣ метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбарӣ намояд.
- Интихоботи ибтидоӣ пас аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Ковенсия доир карда мешаванд. Ақаллан се моҳ пеш аз рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои иштирокчӣ бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номзадҳои худро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Котиби генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбо ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбарӣ шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои иштирокчие, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод мекунад.
- Интихоби аъзои Кумита дар маҷлиси давлатҳои иштирокчии Конвенсия, ки Котиби генералӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлис, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ кворумро ташкил медиҳанд, шахсони ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ иштирокнамудаи давлатҳои иштирокчиро сазовор шудаанд.
- Аъзоёни Кумита ба муҳлати чор сол интихоб мегарданд. Вале муҳлати ваколатҳои нуҳ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида баъди ду сол ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нуҳ аъзо дар асоси қуръапартоӣ аз ҷониби раиси Кумита интихоб карда мешаванд.
- Интихоби панҷ аъзои иловагии Кумита мутобиқи муқаррароти бандҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда пас аз тасдиқ ё ба Конвенсия ҳамроҳ шудани давлати сию панҷум гузаронида мешавад. Муҳлати ваколатҳои ду аъзои иловагӣ, ки ҳамин тариқ интихоб гардидаанд, баъди ду сол ба охир мерасад; номҳои ин ду аъзо ба тариқи қуръапартоӣ аз ҷониби Раиси Кумита интихоб карда мешаванд.
- Барои пур кардани ҷойҳои ишғолнагардидаи пешбининашуда давлати иштирокчие, ки коршиноси он минбаъд узви Кумита намебошад, коршиноси дигарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ таъин мекунад, ба шарте ки Кумита маъқул донад.
- Аъзои Кумита аз ҳисоби маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид бо тартиб ва шартҳое, ки Ассамблея бо дарназардошти аҳамияти уҳдадориҳои Кумита муқаррар менамояд, мукофотпулие мегиранд, ки онро Ассамблеяи Генералӣ тасдиқ мекунад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи самарабахши вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва маблағҳои зарурӣ фароҳам меорад.
Моддаи 18
- Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои аз ҷониби Кумита баррасӣ гардидан оид ба тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ё дигар тадбирҳое, ки онҳо барои иҷрои муқаррароти ин Конвенсия андешидаанд ва доир ба пешрафте, ки дар робита бо ин ба даст омадааст, маърӯза пешниҳод намоянд:
а) дар давоми як соли пас аз барои давлати манфиатдор эътибор пайдо намудани ҳамин Конвенсия;
- b) баъд аз ин ақаллан пас аз ҳар чор сол ва минбаъд ҳар вақте, ки Кумита онро талаб кунад.
- Дар маърӯзаҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте, ки ба сатҳи иҷрои уҳдадориҳои ин Конвенсия таъсир мерасонанд, зикр гарданд.
Моддаи 19
- Кумита қоидаҳои расмиёти худро тасдиқ менамояд.
- Кумита шахсони мансабдори худро ба муҳлати ду сол интихоб менамояд.
Моддаи 20
- Кумита ҳар сол, чун қоида, дар муҳлати на зиёда аз ду ҳафта, бо мақсади баррасии маърӯзаҳое, ки мутобиқи моддаи 18 ин Конвенсия пешниҳод шудаанд, ҷаласаҳо мегузаронад.
- Ҷаласаҳои Кумита чун қоида дар Муасисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё дар ҳар ҷои дигари мувофиқе, ки Кумита муайян менамояд, гузаронида мешаванд.
Моддаи 21
- Кумита ҳар сол тавассути Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба фаъолияти худ маърӯза пешниҳод мекунад ва метавонад таклифҳо ва тавсияҳои умумиеро, ки ба омузиши маърӯзаҳо ва иттилооти аз давлатҳои иштирокчӣ гирифташуда асос ёфтаанд. Чунин таклифҳо ва тавсияҳои умумӣ якҷоя бо эродҳои баённамудаи давлатҳои иштирокчӣ, агар чунин эродҳо баён гардида бошанд, ба маърӯзаи Кумита дохил карда мешаванд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳои Кумитаро барои маълумот ба Комиссия оид ба вазъи занон мефиристад.
Моддаи 22
Муассисаҳои махсус ҳуқуқ доранд ҳангоми баррасии масъалаҳои татбиқи чунин муқаррароти ин Конвенсия, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дохил мешаванд, пешниҳод гарданд. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсус пешниҳод кунад, ки маърӯзаҳоро оид ба татбиқи Конвенсия дар соҳаҳои ба доираи фаъолияти онҳо дохилбуда, пешниҳод намоянд.
ҚИСМИ VI
Моддаи 23
Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия ба ягон муқаррароте, ки барои ноил гардидан ба баробарҳуқуқии байни мардону занон мусоидтар буда, онҳо метавонанд дар инҳо зикр гардида бошанд, дахл намекунад:
а) дар қонунгузории давлати иштирокчӣ; ё
- b) дар дигар Конвенсияи байналмилалӣ, Шартнома ё Созишномае, ки барои чунин давлат эътибор дорад.
Моддаи 24
Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд тамоми тадбирҳои заруриро дар сатҳи миллӣ барои ноил гардидан ба татбиқи пурраи ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофгардида андешанд.
Моддаи 25
- Конвенсияи мазкур барои имзо кардан аз ҷониби ҳамаи давлатҳо кушода мебошад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуздорандаи Конвенсияи мазкур таъин карда мешавад.
- Конвенсияи мазкур бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
- Ин Конвенсия барои ба он ҳамроҳ шудани ҳамаи давлатҳо кушода мебошад. Ҳамроҳшавӣ аз тариқи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.
Моддаи 26
- Хоҳиш оид ба таҷдиди назар намудани Конвенсияи мазкур метавонад ҳар вақт аз ҷониби ҳар давлати иштирокчӣ ба тариқи ирсол намудани огоҳинома ба унвонии Котиби генералии СММ пешниҳод карда шавад.
- Ассамблеяи Генералии СММ, агар андешидани ягон тадбирро зарур шуморад, дар хусуси он ки андешидани маҳз кадом тадбирҳо нисбати чунин хоҳиш зарур мебошад, қарор қабул мекунад.
Моддаи 27
- Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 28
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид матни қайду шартҳоеро, ки давлатҳо дар лаҳзаи тасдиқ кардан ё ҳамроҳшавӣ баён намудаанд, мегирад ва ба ҳама давлатҳо мефиристад.
- Ба қайду шартҳои ба мақсаду вазифаҳои ин Конвенсия мутобиқнабуда роҳ дода намешавад.
- Қайду шартҳо метавонанд дар ҳар вақт бо роҳи огоҳиномаи дахлдоре, ки ба унвони Котиби генералӣ фиристода шудааст ва баъдан он дар ин бора ба тамоми давлатҳои иштирокчӣ хабар медиҳад, бозпас гирифта шаванд. Чунин огоҳинома аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад
Моддаи 29
- Ҳамаи баҳсҳо байни ду ё якчанд давлатҳои иштирокчӣ дар мавриди тафсир ё истифодаи Конвенсияи мазкур, ки аз тариқи гуфтушунид ҳал нагардидааст, бо дархости яке аз тарафҳо ба баррасии ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар муҳлати шаш моҳи пас аз лаҳзаи додани ариза оид ба баррасии ҳакамӣ тарафҳо дар мавриди ташкили баррасии ҳакамӣ ба мувофиқа нарасида бошанд, ҳар кадоме аз ин тарафҳо метавонанд ин баҳсро бо роҳи пешниҳод намудани ариза мутобиқи Статути Суд ба Суди Байаналмилалӣ супорад.
- Ҳар давлати иштирокчӣ метавонад ҳангоми имзо ё тасдиқи Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳшавӣ ба он изҳорот намояд, ки он худро дар робита ба иҷрои уҳдадориҳои дар банди 1 ин модда зикргардида вазифадор намеҳисобад. Дигар давлатҳои иштирокчӣ нисбати ягон давлати иштирокчие, ки чунин қайду шартро гузоштааст, уҳдадориҳои аз банди зикрардидаи ҳамин модда барояндаро ба зимма намегиранд.
- Ҳар давлати иштирокчие, ки мутобиқи банди 2 ҳамин модда қайду шарт гузоштааст, метавонад ҳар вақт қайду шарти худро бо роҳи огоҳонии Котиби генералии СММ бардорад.
Моддаи 30
Конвенсияи мазкур, ки матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он бо ҳам баробаранд, барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.
БО ТАСДИҚИ НУКТАҲОИ ЗИКРГАРДИДА дар зер имзогузоштагоне, ки ба таври зарурӣ барои ин ваколатдор гардидаанд, Конвенсияи мазкурро имзо намуданд.