КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОРАИ
БАРҲАМ ДОДАНИ ТАМОМИ ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ
Бо қатъномаи 2106 А (XX) Ассамблеяи генералии СММ
аз 21 декабри соли 1965 қабул шуда,
4 январи соли 1969 эътибор пайдо кардааст.[1]
Давлатҳои иштирокчии ин Конвенсия,
бо дарназардошти он ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба принсипҳои шаъну шараф ва баробарӣ, ки хоси ҳар як инсон мебошанд ва тамоми давлатҳои аъзои Созмон уҳдадор шудаанд дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои ноил шудан ба яке аз мақсадҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҳавасмандгардонӣ ва рушди эҳтироми умумӣ ва риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бидуни фарқияти нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ иборат аст, амалҳои якҷоя ва мустақил анҷом диҳанд,
бо дарназардошти он ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд ва ҳар як шахс бидуни ягон фарқият, хусусан, бидуни фарқият бо нишонаи нажод, ранги пӯст ё баромади миллӣ бояд тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълонгардидаро дошта бошад,
бо дарназардошти он ки тамоми одамон дар назди қонун баробаранд ва тибқи қонун ба ҳифзи баробар аз ҳама гуна табъиз ва аз ҳама гуна таҳрик ба табъиз ҳуқуқ доранд, бо дарназардошти он ки Созмони Милали Муттаҳид мустамликадорӣ ва ҳама гуна амали бо он вобастаи сегрегатсия ва табъизро дар куҷое набошад ва дар кадом шакле, ки онҳо зоҳир мегарданд, маҳкум намудааст ва Эъломияи оид ба додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои мустамлика аз 14 декабри соли 1960 (қатъномаи 1514 (XV) Ассамблеяи Генералӣ) зарурати фавран ва бечунучаро ба ин хотима бахшиданро тасдиқ ва ботантана эълон намудааст,
бо дарназардошти он ки Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 20 ноябри соли 1963 (қатъномаи 1904 (XVIII) Ассамблеяи Генералӣ) зарурати ҳарчи зудтар барҳам додани табъизи нажодиро дар тамоми ҷаҳон, дар ҳама гуна шаклҳо ва зуҳуроти он ва таъмини дарку эҳтироми шаъну шарафи шахсияти инсонро ботантана тасдиқ менамояд,
бо боварӣ аз он ки ҳама гуна назарияи бартарияти ба фарқияти нажодӣ асосёфта аз ҷиҳати илмӣ ғалат, аз ҷиҳати маънавӣ - ношоиста ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ - беадолатона ва хатарнок мебошад ва наметавонад барои табъизи нажодӣ дар куҷое набошад, на дар назария ва на дар амалия далел бошад,
бо тасдиқи он ки табъизи одамон бо нишонаи нажод, ранги пӯст ё баромади этникӣ барои муносибатҳои дӯстона ва осоиштаи байни миллатҳо монеа мебошад ва метавонад боиси халалдор шудани сулҳ ва амнияти байни халқҳо, инчунин ҳамзистии мутаносиби шахсон ҳатто дар дохили як давлат гардад,
бо боварӣ аз он ки мавҷудияти монеаҳои нажодӣ хилофи ғояҳои ҳама гуна ҷомеаи инсонӣ мебошад,
бо изҳори ташвиш аз зуҳуроти табъизи нажодӣ, ки ҳанӯз дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, инчунин сиёсати давлатии ба принсипҳои бартарияти нажодӣ ё бадбинии нажодӣ, ба монанди сиёсати апартеид, сегрегатсия ё тақсимот асосёфта,
бо азми қатъӣ ҷиҳати андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои ҳарчи зудтар барҳам додани табъизи нажодӣ дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он ва пешгирию решакан намудани назарияҳо ва амалияи нажодпарастонаи татбиқи онҳо бо мақсади мусоидат ба якдигарфаҳмӣ байни нажодҳо ва бунёди ҷомеаи байналмилалии озод аз ҳама гуна шаклҳои сегрегатсияи нажодӣ ва табъизи нажодӣ,
бо дарназардошти Конвенсияи оид ба табъиз дар соҳаи кироя ва меҳнат, ки Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар соли 1958 тасдиқ намудааст ва Конвенсияи оид ба пешгирии табъиз дар соҳаи маориф, ки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар соли 1960 тасдиқ намудааст,
бо майлу хоҳиши татбиқ намудани принсипҳои дар Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ баёнгардида ва барои ноил гардидан ба ин мақсад таъмин намудани доиргардии ҳарчи зудтари тадбирҳои амалӣ,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
[1] Конвенсияи мазкур соли 1995 аз ҷониби Ҷумњурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудааст.
ҚИСМИ I
Моддаи 1
- Дар ин Конвенсия ибораи "табъизи нажодӣ" ҳама гуна фарқият, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пӯст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё нописандии эътироф, истифода ё баробар татбиқ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
- Ин Конвенсия нисбати фарқиятҳо, истиснокуниҳо, маҳдудиятҳо ё афзалиятҳое, ки давлатҳои аъзои ин Конвенсия дар байни шаҳрвандон ва ғайришаҳрвандон ба роҳ мемонанд, татбиқ намегардад.
- Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия наметавонад ҳамчун омили таъсиррасонанда ба муқаррароти қонунгузории давлатҳои аъзо марбут ба мансубияти миллӣ, шаҳрвандӣ ё натурализатсия шарҳ дода шавад, ба шарте ки дар чунин қарорҳо нисбати ягон миллати муайян табъиз зоҳир нагардад.
- Қабули тадбирҳои махсус бо мақсади истисноии таъмини пешрафти зарурии баъзе гурӯҳҳои нажодӣ ё этникӣ ё шахсони алоҳидаи эҳтиёҷманд ба муҳофизате, ки метавонад барои он зарур бошад, ки ба чунин гурӯҳҳо ё шахсон истифодаи баробар ва татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро таъмин намояд, ҳамчун табъизи нажодӣ арзёбӣ намегардад, ба шарте ки зимнан чунин тадбирҳо дар натиҷа боиси нигоҳ доштани ҳуқуқҳои махсус барои гуруҳҳои мухталифи нажодӣ нагарданд ва онҳо баъд аз ноил гардидан ба он мақсадҳое, ки барояшон онҳо ҷорӣ карда шуда буданд, дар ҳоли эътибор боқӣ намонанд.
Моддаи 2
- Давлатҳои аъзо табъизи нажодиро маҳкум мекунанд ва ӯҳдадор мешаванд, ки бидуни таъхир, бо тамоми усулҳои имконпазир сиёсати барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодиро ба роҳ мемонанд ва ба ҳамдигарфаҳмии байни тамоми нажодҳо мусоидат менамоянд ва бо ин мақсад:
а) ҳар як давлати иштирокчӣ уҳдадор мешавад нисбати шахсон, гуруҳҳо ё муассисаҳо ягон кирдор ё амали вобаста ба табъизи нажодиро содир намекунад ва кафолат медиҳад, ки тамоми мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҳам маҳаллӣ ва ҳам умумимиллӣ мутобиқи ин уҳдадориҳо амал хоҳанд кард;
- b) ҳар як давлати иштирокчӣ уҳдадор мешавад табъизи нажодиро, ки ягон шахс ё ташкилот амалӣ менамояд, ҳавасманд, ҳимоя ва дастгирӣ намекунад;
с) ҳар як давлати иштирокчӣ бояд барои аз нав дида баромадани сиёсати ҳукумат дар доираи миллӣ ва маҳаллӣ, инчунин барои ислоҳ ва бекор кардан ё аз эътибор соқит намудани ҳама гуна қонунҳо ва қарорҳое, ки боиси пайдоиш ё пойдор гардидани табъизи нажодӣ дар ҳама ҷое, ки он вуҷуд дорад, тадбирҳои самарабахш андешад;
- d) ҳар як давлати иштирокчӣ бояд бо истифодаи тамоми воситаҳои зарурӣ, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ, вобаста ба вазъият, табъизи нажодиро, ки ҳама гуна шахсон, гуруҳҳо ё ташкилотҳо амалӣ менамоянд, манъ кунад ва ба он хотима бахшад;
е) ҳар як давлати иштирокчӣ уҳдадор мешавад дар ҳолатҳои зарурӣ ташкилотҳо ва ҷунбишҳои муттаҳидкунандаи гуногуннажодӣ, ҳамчунин дигар тадбирҳои барои рафъи монеаҳои нажодӣ равонагардидаро ҳавасманд гардонад ва онҳоеро, ки ба афзудани тақсимоти нажодӣ мусоидат менамоянд, дастгирӣ намекунад.
- Давлатҳои аъзо бояд дар ҳолатҳои зарурӣ тадбирҳои махсус ва мушаххасро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо бо мақсади таъмини рушди матлуб ва ҳифзи баъзе гурӯҳҳои нажодӣ ё шахсони ба онҳо тааллуқдошта андешанд, то ки истифодаи пурра ва баробари ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ба онҳо кафолат диҳанд. Чунин тадбирҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд баъд аз ноил гардидан ба он мақсадҳое, ки барояшон онҳо ҷорӣ карда шуда буданд, дар натиҷа боиси нигоҳдории ҳуқуқҳои нобаробар ё махсус барои гурӯҳҳои мухталифи нажодӣ гарданд.
Моддаи 3
Давлатҳои аъзо сегрегатсияи нажодӣ ва апартеидро махсус маҳкум намуда, уҳдадор мешаванд ҳама гуна чунин амалҳоро дар қаламраве, ки дар салоҳияти онҳо қарор дорад, пешгирӣ, манъ ва решакан кунанд.
Моддаи 4
Давлатҳои аъзо ҳама гуна ташвиқот ва тамоми ташкилотҳоеро, ки дар заминаи ғояҳо ё назарияҳои бартарияти як нажод ё гурӯҳи шахсони ранги муайяни пӯст ё баромади этникӣ ё онҳоеро, ки кӯшиш доранд нафрат ва табъизи нажодиро дар ҳама гуна шакл асоснок созанд ё ҳавасманд гардонанд, маҳкум мекунанд ва уҳдадор мешаванд тадбирҳои фаврӣ ва мусбие андешанд, ки ба решакан намудани ҳама гуна таҳрик ба чунин табъиз ё амалҳои табъиз равона гардидаанд ва бо ин мақсад онҳо мутобиқи принсипҳои дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқҳои ба таври возеҳ дар моддаи 5 ин Конвенсия баёнгардида, ҳамчунин:
а) ҳама гуна паҳнкунии ғояҳои ба бартарият ё нафрати нажодӣ асосёфта, ҳама гуна таҳрик ба табъизи нажодӣ, инчунин тамоми амалҳои зӯроварӣ ё таҳрик ба чунин амалҳоро, ки зидди ҳама гуна нажод ё гурӯҳҳои шахсони дигар ранги пӯст ё баромади этникӣ равона гардидаанд, инчунин пешниҳод намудани ҳама гуна кӯмак барои амалӣ сохтани фаъолияти нажодпарастӣ, аз ҷумла маблағгузории онро ҳамчун ҷинояти бо қонун ҷазододашаванда эълон мекунанд;
- b) ташкилотҳо, инчунин фаъолияти муташаккил ва ҳама гуна фаъолияти дигари ташвиқотиро, ки табъизи нажодиро ҳавасманд мегардонанд ва ба он таҳрик мекунанд, ғайриқонунӣ эълон ва манъ мекунанд ва иштирок дар чунин ташкилотҳо ё дар чунин фаъолиятро ҷинояти бо қонун ҷазододашаванда эътироф менамоянд;
с) ҳавасмандгардонии табъизи нажодӣ ё таҳрик ба онро ба мақомоти ҳокимияти давлатии миллӣ ё маҳаллӣ ё муассисаҳои давлатӣ иҷозат намедиҳанд.
Моддаи 5
Мутобиқи уҳдадориҳои асосии дар моддаи 2 ин Конвенсия баёнгардида давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд табъизи нажодиро дар тамоми шаклҳояш манъ ва барҳам диҳанд ва баробарҳуқуқии ҳар як шахсро дар назди қонун, бидуни фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё этникӣ, хусусан нисбати татбиқи ҳуқуқҳои зерин таъмин намоянд:
а) ҳуқуқи баробарӣ дар назди суд ва тамоми дигар мақомоте, ки адлияи судиро амалӣ менамоянд;
- b) ҳуқуқи амнияти шахсӣ ва ҳимоя аз ҷониби давлат аз зӯроварӣ ё зарари ҷисмонӣ, ки чи аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ, чӣ аз ҷониби ягон шахси алоҳида, гурӯҳҳо ё муассисаҳо расонида мешавад;
с) ҳуқуқҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳукуқи иштирок дар интихобот - овоздиҳӣ ва пешбарӣ намудани номзадии худ - дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар, ҳуқуқи иштирок дар идораи кишвар, ҳамчунин дар идораи корҳои давлатӣ дар ҳама гуна зинаҳо, инчунин ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ;
- d) дигар ҳуқуқҳои шахсӣ, аз ҷумла:
- i) ҳуқуқ ба ҳаракат ва истиқомати озод дар ҳудуди давлат;
- ii) ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар, аз ҷумла кишвари худ ва баргаштан ба кишвари худ;
iii) ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ;
- iv) ҳуқуқи бастани ақди никоҳ ва интихоби ҳамсар;
- v) ҳуқуқи соҳибият ба амвол, чӣ дар алоҳидагӣ ва чӣ якҷоя бо
дигарон;
- vi) ҳуқуқ ба мерос;
vii) ҳуқуқи озодӣ ба ақида, виҷдон ва дин;
viii) ҳуқуқи озодӣ ба фикру ақида ва озодона изҳор намудани онҳо;
iх) ҳуқуқи озодӣ ба ҷамъомадҳо ва ассотсиатсияҳои осоишта;
е) ҳуқуқҳо дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла:
- i) ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озоди кор, шароити одилона ва
мусоиди меҳнат, муҳофизат аз бекорӣ, пардохти баробар барои меҳнати баробар, мукофотонии одилона ва қаноатбахш;
- ii) ҳуқуқ ба таъсиси иттифоқҳои касаба ва дохил шудан ба онҳо;
iii) ҳуқуқ ба манзил;
- iv) ҳуқуқ ба тандурустӣ, кӯмаки тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва
хизматрасонии иҷтимоӣ;
- v) ҳуқуқ ба маълумот ва тарбияи касбӣ;
- vi) ҳуқуқ ба иштироки баробар дар ҳаёти фарҳангӣ;
- f) ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳама гуна ҷой ё ҳама гуна хизматрасонии барои истифодаи ҷамъиятӣ таъингардида, ба монанди, нақлиёт, меҳмонхонаҳо, ресторанҳо, қаҳвахонаҳо, театрҳо ва боғҳои истироҳатӣ.
Моддаи 6
Давлатҳои аъзо ба ҳар як шахсе, ки салоҳияти онҳо ба он паҳн мегардад, ҳимояи самарабахш ва воситаҳои ҳимояро тавассути судҳои босалоҳияти миллӣ ва дигар институтҳои давлатӣ дар сурати ҳама гуна кирдорҳои табъизи нажодӣ, таҳрики хилофи ин Конвенсия, ба ҳуқуқҳои инсонии ӯ ва озодиҳои асосӣ инчунин ҳуқуқи ба ин судҳо пешниҳод намудани даъвоҳо оид ба ҷуброни одилона ва баробар ё қонеъгардонии ҳама гуна зиёни дар натиҷаи чунин табъиз расонидашударо таъмин мекунанд.
Моддаи 7
Давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, аз ҷумла дар соҳаи таълиму тарбия, фарҳанг ва иттилоот, бо мақсади мубориза бо хурофоте, ки боиси табъизи нажодӣ мегардад, ҳавасмандгардонии якдигарфаҳмӣ, тоқатпазирӣ ва дӯстии байни миллатҳо ва гурӯҳҳои нажодӣ ё этникӣ, инчунин ташвиқи мақсадҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва ин Конвенсия тадбирҳои фаврӣ ва самарабахш андешанд.
ҚИСМИ II
Моддаи 8
- Бояд Кумита дар бораи барҳам додани табъизи нажодӣ (минбаъд "Кумита" номида мешавад), ки иборат аз ҳаждаҳ коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва беғаразии эътирофгардида мебошанд, таъсис дода шавад. Ин коршиносонро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ, ки бояд уҳдадориҳои худро ба сифати шахсӣ иҷро намоянд, интихоб мекунанд ва зимнан таваҷҷуҳ ба тақсимоти одилонаи географӣ ва намояндагии шаклҳои мухталифи тамаддун, инчунин системаҳои асосии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.
- Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои аъзо пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати иштирокчӣ метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбарӣ намояд.
- Интихоботи ибтидоӣ пас аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Конвенсия доир карда мешаванд. Ҳар дафъа, ақаллан се моҳ пеш аз рӯзи интихобот, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номҳои шахсони пешбаринамудаашонро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Котиби генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбарӣ шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои аъзое, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои аъзои ин Конвенсия пешниҳод мекунад.
- Интихоби аъзои Кумита дар маҷлисҳои давлатҳои аъзои Конвенсия, ки Котиби генералӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлис, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо кворумро ташкил медиҳанд, аъзои ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ иштирокнамудаи давлатҳои аъзои ин Конвенсияро сазовор шудаанд.
- а) Аъзои Кумита ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд, вале мӯҳлати ваколатҳои нӯҳ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида дар охири давраи дусола ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ аъзо дар асоси қуръа аз ҷониби раиси Кумита муайян карда мешаванд;
- b) барои пур кардани ҷойҳои ишғолнагардидаи пешбининашуда давлати иштирокчии Конвенсия, ки коршиноси он минбаъд иштирокчии Кумита намебошад, коршиноси дигарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ таъин мекунад, ба шарте ки Кумита маъқул донад.
- Давлатҳои аъзо барои пӯшонидани хароҷоти аъзои Кумита дар давраи дар Кумита иҷро намудани вазифа масъул мебошанд.
Моддаи 9
- Давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои аз ҷониби Кумита баррасӣ гардидан оид ба тадбирҳои андешидашудаи қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ё дигар тадбирҳое, ки бо кӯмаки онҳо муқаррароти ин Конвенсия татбиқ мегарданд, маърӯза пешниҳод намоянд: а) дар давоми як соли пас аз барои ин давлат эътибор пайдо намудани ин Конвенсия; ва b) минбаъд ҳар ду сол ва ҳар лаҳзае, ки Кумита онро талаб мекунад. Кумита метавонад аз давлатҳои аъзои Конвенсия иттилооти иловагӣ дархост намояд.
- Кумита ҳар сол тавассути Котиби Генералӣ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид маърӯза оид ба фаъолияти худ пешниҳод мекунад ва метавонад пешниҳод ва тавсияҳои умумие ворид намояд, ки ба омӯзиши маърӯзаҳо ва иттилооти аз давлатҳои аъзои Конвенсия гирифташуда асос ёфтаанд. Ба маълумоти Ассамблеяи Генералӣ чунин пешниҳодҳо ва тавсияҳои умумӣ якҷоя бо эродҳои баённамудаи давлатҳои аъзои Конвенсия, агар чунин эродҳо баён гардида бошанд, расонида мешаванд.
Моддаи 10
- Кумита қоида ва расмиёти худро муқаррар мекунад.
- Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб менамояд.
- Котиботи Кумита аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид таъмин мегардад.
- Маҷлисҳои Кумита одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешаванд.
Моддаи 11
- Агар ягон давлати иштирокчӣ чунин шуморад, ки дигар давлати иштирокчӣ муқаррароти Конвенсияро иҷро намекунад, он метавонад дар ин бора ба Кумита маълумот диҳад. Кумита баъдан ин маълумотро ба давлати манфиатдори иштирокчӣ месупорад. Дар мӯҳлати се моҳ давлате, ки огоҳинома гирифтааст ба Кумита баённома ё изҳороти хаттие пешниҳод менамояд, ки дар онҳо ин масъала ва тадбирҳое, ки метавонанд аз ҷониби ин давлат андешида шаванд, баён гардидаанд.
- Агар масъала бо қаноатмандии ҳар ду давлат бо роҳи музокироти дуҷониба ё дигар роҳҳои ба онҳо дастрасбуда дар тӯли шаш моҳи пас аз огоҳиномаи аввалинро гирифтани чунин давлат танзим нагардад, он гоҳ ҳар кадоме аз ин ду давлат ҳуқуқ дорад бори дигар ин масъаларо бо роҳи ирсоли огоҳиномаи дахлдор ба Кумита, инчунин ба дигар давлат, ба баррасии Кумита пешниҳод намояд.
- Кумита масъалаи мутобиқи банди 2 ин модда ба он супоридашударо баъд аз муқаррар намудани он ки мутобиқи принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тамоми воситаҳои дастраси дохилии ҳифзи ҳуқуқ дар ин маврид санҷида ва истифода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ин қоида дар он ҳолатҳое амал намекунад, ки истифодаи ин воситаҳо аз ҳад зиёд тӯл мекашад.
- Оид ба ҳама гуна масъалаҳое, ки ба баррасии он таҳвил гардидаанд, Кумита метавонад ба давлатҳои манфиатдори аъзо пешниҳод намояд, ки ҳама гуна иттилооти марбут ба парвандаро муҳайё кунанд.
- Агар ягон масъалаи аз ин муқаррароти модда бароянда мавриди баррасии Кумита қарор дошта бошад, он гоҳ давлатҳои манфиатдори аъзо ҳуқуқ доранд намояндагони худро барои иштирок дар маҷлисҳои Кумита бе ҳуқуқи овоз дар давраи баррасии ин масъала фиристонанд.
Моддаи 12
а) Пас аз он ки Кумита тамоми иттилооти зарур ҳисобидаашро гирифта, дақиқ тафтиш кардааст, Раис Комиссияи мусолиҳаи махсусро (минбаъд "Комиссия" номида мешавад) дар ҳайати панҷ нафар, ки метавонанд аъзои Кумита бошанд ё набошанд, таъин менамояд. Аъзои Комиссия бо розигии якдилонаи тарафҳои баҳс таъин карда мешаванд ва Комиссия хизматҳои хайрхоҳонаи худро ба давлатҳои манфиатдор бо мақсади танзими осоиштаи ин масъала дар асоси риояи муқаррароти Конвенсия пешниҳод менамояд.
- b) Агар байни давлатҳои тарафҳои баҳс дар тӯли се моҳ дар мавриди тамоми ҳайат ё қисми ҳайати Комиссия мувофиқа ба даст наояд, он гоҳ он аъзои Комиссия, ки дар мавриди таъиноташон байни давлатҳои тарафҳои баҳс мувофиқа ба даст наомадааст, аз ҳайати аъзои Кумита бо аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳо бо роҳи овоздиҳии пӯшида интихоб карда мешаванд.
- Аъзои Комиссия вазифаҳои худро бо сифатҳои шахсии худ иҷро мекунанд. Онҳо набояд шаҳрвандони давлатҳои тарафҳои баҳс ё давлати ғайри иштирокчии Конвенсия бошанд.
- Комиссия Раиси худро интихоб мекунад ва қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд.
- Маҷлисҳои Комиссия одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё бо қарори Комиссия дар ҳама гуна дигар ҷойи мувофиқ гузаронида мешаванд.
- Котибот, ки мутобиқи банди 3 моддаи 10 Конвенсия таъмин карда мешавад, ҳамчунин ба Комиссия хизмат мерасонад, агар баҳси байни давлатҳои аъзои Конвенсия боиси таъсиси Комиссия гардад.
- Давлатҳое, ки тарафҳои бахс мебошанд, тамоми хароҷоти аъзои Комиссияро мутобиқи сметаи пешбининамудаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳиссаҳои баробар ба уҳда доранд.
- Котиби генералӣ ҳуқуқ дорад хароҷоти Комиссияро дар мавриди зарурат, то аз ҷониби давлатҳои тарафҳои баҳс мутобиқи банди 6 ин модда ҷуброн гардидан, пардозад.
- Иттилооти дастраснамуда ва омӯхтаи Кумита ба ихтиёри Комиссия пешниҳод мегардад ва Комиссия метавонад ба давлатҳои манфиатдор пешниҳод намояд, ки ҳама гуна иттилооти марбут ба парвандаро пешкаш кунанд.
Моддаи 13
- Ҳангоме ки Комиссия масъаларо пурра баррасӣ мекунад, он бояд маърӯзае таҳия ва ба Раиси Кумита пешниҳод намояд, ки дар он оид ба ҳама масъалаҳои марбут ба ҷониби воқеии баҳси байни тарафҳо хулосаҳо ва тавсияҳое мавҷуд бошанд, ки он барои ҳалли баҳс зарур меҳисобад.
- Раиси Кумита бояд маърӯзаи Комиссияро ба ҳар як давлати тарафи баҳс фиристонад. Дар мӯҳлати се моҳ ин давлатҳо бояд дар мавриди розӣ будан ё розӣ набудан ба тавсияҳои дар маърӯзаи Комиссия мавҷудбуда ба Раиси Кумита хабар диҳанд.
- Пас аз гузаштани давраи дар банди 2 ин модда пешбинигардида, Раиси Комиссия бояд маърӯзаи Комиссия ва изҳороти давлатҳои манфиатдори аъзоро ба дигар давлатҳои аъзои Конвенсия фиристонад.
Моддаи 14
- Давлати иштирокчӣ метавонад ҳар лаҳза изҳорот намояд, ки он салоҳияти Кумитаро дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати қабул намудан ва баррасӣ кардани маълумот аз шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки тасдиқ менамоянд, ки онҳо ҷабрдидаи аз ҷониби давлати иштирокчӣ халалдор гардидани ягон ҳуқуқи дар ин Конвенсия баёнгардида мебошанд, эътироф мекунад. Кумита набояд ягон маълумоти ба он давлати иштирокчии Конвенсия дахлдоштаеро, ки чунин изҳоротро баён накардааст, гирад.
- Ҳама гуна давлати иштирокчӣе, ки изҳороти дар банди 1 ин модда пешбинигардидаро баён мекунад, метавонад дар доираи низоми миллии ҳуқуқии худ мақомеро таъсис ё нишон диҳад, ки барои дар доираи ҳуқуқии худ қабул ва баррасӣ намудани арзномаҳои шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки тасдиқ менамоянд, ки онҳо ҷабрдидаи аз ҷониби давлати иштирокчӣ халалдор гардидани ягон ҳуқуқи дар ин Конвенсия баёнгардида мебошанд ва дигар воситаҳои дастраси маҳаллии ҳифзи ҳуқуқро истифода намудаанд, салоҳиятдор мебошад.
- Изҳороти мутобиқи банди 1 ин модда баёнгардида, инчунин номи ҳама гуна мақоме, ки мутобиқи банди 2 ин модда таъсис ё нишон дода шудааст, бояд аз ҷониби давлати дахлдори иштирокчӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супурда шаванд, Котиби генералӣ нусхаҳои онҳоро ба давлатҳои боқимондаи аъзо мефиристад.
Изҳорот дар ҳар лаҳза метавонад бо тариқи огоҳонидани Котиби генералӣ бозпас гирифта шавад, вале ин набояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба маълумотҳое, ки мавриди баррасии Кумита қарор доранд, таъсир расонад.
- Рӯйхати арзномаҳо аз ҷониби мақоми таъсисдодашуда ё мутобиқи банди 2 ин модда нишондодашуда таҳия мегардад ва нусхаҳои тасдиқгардидаи ин рӯйхат ҳар сол тавассути каналҳои дахлдор ба Котиби генералӣ супурда мешаванд, зимнан мундариҷаи онҳо набояд ошкор карда шавад.
- Дар ҳолатҳое ки арзномадиҳанда аз амалҳои мақоме, ки мутобиқи банди 2 ин модда таъсис ё нишон дода шудааст, қонеъ нагардад, ӯ ҳуқуқ дорад дар муҳлати шаш моҳ ин масъаларо ба Кумита ирсол намояд.
а) Кумита бо тартиби маҳрамона ҳама гуна маълумоти гирифтаашро ба тавҷҷӯҳи давлати иштирокчӣе, ки барои вайрон кардани ягон муқаррароти Конвенсия айбдор карда мешавад, мерасонад, вале шахси дахлдор ё гурӯҳи шахсон бе розигии возеҳи он ё онҳо номбар карда намешаванд. Кумита набояд маълумоти беимзоро қабул намояд.
- b) Дар муҳлати се моҳ давлати огоҳинома гирифта ба Кумита баённома ё изҳороти хаттие пешниҳод мекунад, ки дар он ин масъала ва тадбирҳое, ки аз ҷониби ин давлат метавонистанд андешида шаванд, инъикос мегарданд.
а) Кумита маълумотро бо дарназардошти тамоми далелҳое, ки аз ҷониби давлати манфиатдори иштирокчӣ ва арзномадиҳанда ба ихтиёри он пешниҳод гардидаанд, баррасӣ менамояд. Кумита набояд ягон маълумоти ҳеҷ гуна арзномадиҳандаро баррасӣ намояд, агар он муқаррар накунад, ки арзномадиҳанда ҳама воситаҳои дастраси дохилии ҳифзи ҳуқуқро истифода кардааст. Вале ин қоида дар ҳолатҳое, ки истифодаи ин воситаҳо аз ҳад зиёд тӯл мекашад, амал намекунад.
- b) Кумита пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро, агар онҳо мавҷуд бошанд, ба давлати манфиатдори иштирокчӣ ва арзномадиҳанда мефиристад.
- Кумита фишурдаи чунин маълумотҳо, дар ҳолати зарурӣ бошад, ҳамчунин шарҳи мухтасари баённомаҳо ва изҳороти давлатҳои манфиатдори аъзо, инчунин пешниҳодҳо ва тавсияҳояшро низ ба маърӯзаи ҳарсолаи худ ворид мекунад.
- Кумита салоҳиятдор аст вазифаҳои дар ин модда пешбинигардидаро танҳо дар ҳолатҳое иҷро намояд, ки ақаллан даҳ давлатҳои аъзои Конвенсия мутобиқи банди 1 ин модда изҳорот намуда бошанд.
Моддаи 15
- То ноил шудан ба мақсадҳои Эъломия оид ба додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои мустамлика, ки дар қатъномаи 1514 (XV) Ассамблеяи Генералӣ аз 14 декабри соли 1960 зикр шудаанд, муқаррароти ин Ковенсия ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқи додани арзномаро, ки дар асоси дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ё аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ба ин халқҳо дода шудаанд, маҳдуд намекунанд.
а) Кумитаи мутобиқи банди 1 моддаи 8 ин Конвенсия таъсисдодашуда нусхаҳои арзномаҳоро аз мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо масъалаҳои бевосита ба принсипҳо ва мақсадҳои ин Конвенсия тааллуқдошта машғуланд, мегирад ва ҳангоми баррасии арзномаҳои истиқоматкунандагони ҳудудҳои таҳти васоят ва ғайрихудидора ва ҳама гуна ҳудудҳои дигаре, ки нисбати онҳо қатъномаи 1514 (XV) марбут ба масъалаҳои пешбининамудаи ин Конвенсия, ки таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд, ба онҳо оид ба ин арзномаҳо фикру ақида ва тавсияҳо пешниҳод мекунад.
- b) Кумита аз мақомоти салоҳиятдори Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои маърӯзаҳои марбут ба тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳоеро, ки бевосита ба принсипҳо ва мақсадҳои ин Конвенсия алоқаманд буда, аз ҷониби давлатҳои идоракунанда дар ҳудудҳои дар зербанди а) ин банд зикргардида анҷом дода мешаванд, мегирад, инчунин дар ин бобат фикру ақидаҳои худро изҳор менамояд ва ба ин мақомот тавсияҳо медиҳад.
- Кумита ба маърӯзаи худ ба Ассамблеяи Генералӣ фишурдаи арзномаҳо ва маърӯзаҳоеро, ки аз мақомоти Созмони Милали Муттаҳид гирифтааст, инчунин фикру ақида ва тавсияҳои Кумитаро оид ба ин арзномаҳо ва маърӯзаҳо ворид мекунад.
- Кумита аз Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид тамоми иттилооти марбут ба мақсадҳои ин Конвенсия ва иттилооти доир ба ҳудудҳои дар зербанди а) банди 2 ин модда зикргардидаро дархост менамояд.
Моддаи 16
Муқаррароти ин Конвенсия марбут ба танзими баҳсҳо ё баррасии шикоятҳо бидуни зиён ба дигар усулҳои ҳалли баҳсҳо ё шикоятҳо дар соҳаи табъиз, ки дар ҳуҷҷатҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ё дар Конвенсияҳои маъқулдонистаи онҳо баён гардидаанд, истифода мешаванд, ва ба давлатҳои аъзо дар истифодаи дигар усулҳои ҳалли баҳсҳо мутобиқи созишномаҳои умумӣ ё махсуси байналмилалии дар муносибатҳои байни онҳо амалкунанда монеъ намегарданд.
ҚИСМИ III
Моддаи 17
- Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ё аъзои ҳама гуна муассисаҳои махсуси он, ҳама давлатҳои аъзои Статути Суди Байналмилалӣ ва ҳама гуна дигар давлате, ки Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид онро барои иштирок дар ин Конвенсия даъват намудааст, кушода аст.
- Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
Моддаи 18
- Ин Конвенсия барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳое, ки дар банди 1 моддаи 17 ин Конвенсия зикр гардидаанд, кушода аст.
- Ҳамроҳшавӣ аз тариқи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 19
- Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани бисту ҳафтум тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани бисту ҳафтум тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 20
- Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид матни қайду шартҳоеро, ки давлатҳо дар лаҳзаи тасдиқ кардан ё ҳамроҳшавӣ баён намудаанд, мегирад ва ба ҳама давлатҳое, ки аъзои ин Конвенсия мебошанд ё давлатҳое, ки метавонанд аъзои ин Конвенсия бошанд, мефиристад. Ҳар кадом давлате, ки ба қайду шартҳо розӣ набошад, бояд дар муҳлати навад рӯз пас аз таърихи огоҳиномаи зикргардида ба Котиби Генералӣ хабар диҳад, ки он ин қайду шартҳоро қабул намекунад.
- Қайду шартҳои ба мақсаду вазифаҳои ин Конвенсия номувофиқ, инчунин қайду шартҳое, ки метавонанд ба кори ягон мақомоти дар асоси ин Конвенсия таъсисдодашуда монеъ шаванд, қабул карда намешаванд. Қайду шарт дар сурате номувофиқ ё ба кор монеъшаванда ҳисобида мешавад, ки агар ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзои Конвенсия ба он муқобил бошанд.
- Қайду шартҳо метавонанд дар ҳар лаҳза бо роҳи огоҳиномаи дахлдоре, ки ба унвони Котиби генералӣ фиристода шудааст, бозпас гирифта шаванд. Чунин огоҳинома аз рӯзи гирифтанаш эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 21
Ҳар кадом давлати иштирокчӣ метавонад ин Конвенсияро аз тариқи огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекор кардан баъди гузаштани як сол пас аз дар ин бора огоҳинома гирифтани Котиби Генералӣ эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 22
Ҳар кадом баҳс байни ду ё якчанд давлатҳои аъзо дар мавриди тафсир ё истифодаи ин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид ё расмиёти махсуси дар ин Конвенсия пешбинишуда ҳал нагардидааст, бо дархости ҳама гуна тарафи баҳс, агар тарафҳои баҳс усули дигари танзимро мувофиқа накарда бошанд, ба Судӣ байналмилалӣ супорида мешавад.
Моддаи 23
- Талабот оид ба аз нав дида баромадани ин Конвенсия метавонад дар ҳар лаҳза аз ҷониби ҳар кадом давлати иштирокчӣ ба тариқи огоҳиномаи хаттӣ, ки ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристода шудааст, пешниҳод карда шавад.
- Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи он ки кадом тадбирҳоро бинобар чунин талабот бояд андешид, дар сурати мавҷуд будани чунин талабот, қарор қабул менамояд.
Моддаи 24
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маълумотро ба ҳамаи давлатҳои дар банди 1 моддаи 17 ин Конвенсия зикргардида дар хусуси:
а) имзо кардан, тасдиқ кардан ва ҳамроҳшавӣ мутобиқи моддаҳои 17 ва 18;
- b) таърихи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия мутобиқи моддаи 19;
с) маълумотҳо ва эъломияҳои мутобиқи моддаҳои 14, 20 ва 23 гирифташуда;
ё) бекор кардан мутобиқи моддаи 21, мерасонад.
Моддаи 25
- Ин Конвенсия, ки матнҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавиаш бо ҳам баробар аст, дар бойгонии Созмони Милали Муттаҳид нигоҳ дошта мешавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ин Конвенсияро ба ҳамаи давлатҳое, ки ба ҳама гуна категорияҳои дар банди 1 моддаи 17 Конвенсия зикргардида мансубанд, мефиристонад.