КОНВЕНСИЯИ ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА ДИГАР НАМУДҲОИ МУНОСИБАТ ВАҶАЗОИ БЕРАҲМОНА, ҒАЙРИИНСОНӢ Ё ТАҲҚИРКУНАНДАИ ШАЪНУ ШАРАФ
Бо қатъномаи 39/46 Ассамблеяи генералии СММ
аз 10 декабри соли 1984 қабул шуда,
26 июни соли 1987 эътибор пайдо кардааст.
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Конвенсия,
бо дарназардошти он, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида, эътирофи ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазири ҳамаи аъзои оилаи инсонӣ асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум мебошад;
бо эътирофи он, ки ин ҳуқуқҳо аз шаъну шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд,
бо дарназардошти уҳдадории давлатҳо мутобиқи Оиннома, махсусан, моддаи 55, ки мусоидат намудан ба эҳтиром ва риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро пешбинӣ менамояд,
бо ба инобат гирифтани моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 7 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳар дуи онҳо пешбинӣ менамоянд, ки ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода шавад,
ҳамчунин, бо дарназардошти Эъломия оид ба ҳифзи ҳамаи шахсон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 9 декабри соли 1975 қабул шудааст,
бо хоҳиши баланд бардоштани самаранокии мубориза зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар тамоми ҷаҳон, ба мувофиқаи зерин расиданд:
ҚИСМИ I
Моддаи 1
- Дар ин Конвенсия мафҳуми «шиканҷа» маънои зеринро дорад: «ҳар амале, ки ба воситаи он ба ягон шахс қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи ҳама гуна хусусият асосёфта дарду азоби сахти ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонида мешавад, то ки аз ӯ ё шахси сеюм маълумот ё баёнот гиранд, ӯро барои амалҳои содиркардаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани ин амалҳо ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, агар чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳӣ ё розигии хомӯшонаи онҳо расонида шавад». Ба ин мафҳум дарду азобе, ки дар натиҷаи ҷазоҳои қонунӣ ё бо ин ҷазоҳо вобаста ё тасодуфан рухдода дохил намешаванд.
- Ин модда ба ягон шартномаи байналмилалӣ ё ягон қонунгузории миллӣ, ки меъёрҳои истифодаи васеътар доранд ё метавонанд дошта бошанд, зарар намерасонад.
Моддаи 2
- Ҳар як давлати иштирокчӣ барои пешгирии амалҳои шиканҷа дар тамоми қаламрави таҳти тобеияи ҳуқуқии он қарордошта чораҳои самарабахши қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро меандешад.
- Ҳеҷ ягон ҳолати истисноӣ, чихеле ки онҳо набошанд хоҳ ҳолати ҷанг ё таҳдиди ҷанг, ноустувории дохилии сиёсӣ ё ҳама гуна дигар вазъияти фавқулодда наметавонад барои шиканҷа асос шавад.
- Фармони сардори болоӣ ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ наметавонад асос барои шиканҷа шавад.
Моддаи 3
- Ҳеҷ як давлати иштирокчӣ набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад (refouler) ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо ба ӯ татбиқи шиканҷа таҳдид мекунад.
- Барои муайян намудани чунин асосҳо мақомоти салоҳиятдор тамоми ҳолатҳои ба парванда дахлдорро, аз ҷумла, дар ҳолатҳои дахлдор дар давлат вуҷуд доштани амалияи доимии поймолкунии дағалона, тоқатнопазир ва оммавии ҳуқуқи инсон ба инобат мегиранд.
Моддаи 4
- Ҳар як давлати иштирокчӣ таъмин менамояд, ки тамоми амалҳои шиканҷа мутобиқи қонунгузории ҷиноии ҷиноят эътироф карда шаванд. Ин ба кушиши шиканҷа додан ва амалҳои ҳама гуна шахси ҳамшарик ва иштирокчӣ дар шиканҷа низ дахл дорад.
- Ҳар як давлати иштирокчӣ барои чунин ҷиноятҳо бо дарназардошти вазнин будани онҳо ҷазои муносиб муқаррар менамояд.
Моддаи 5
- Ҳар як давлати иштирокчӣ чораҳоро меандешад, ки барои муқаррар намудани салоҳияташ нисбат ба ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида, ки дар ҳолатҳои зерин содир шудаанд, заруранд:
- a) агар ҷиноятҳо дар тамоми қаламраве, ки зери тобеияти ҳуқуқии давлат ё дар дохили киштӣ ё ҳавопаймойи дар ин давлат бақайдгирифташуда содир гардида бошанд;
- b) агар ҷинояткори эҳтимолӣ шаҳрванди ин давлат бошад;
- c) агар ҷабрдида шаҳрванди ин давлат бошад ва агар ин давлат онро мувофиқи мақсад шуморад.
- Ҳар як давлати иштирокчӣ ба таври якхела чунин чораҳоро меандешад, ки барои муқаррар намудани салоҳияташ нисбати чунин ҷиноятҳо дар ҳолатҳое, ки ҷинояткори эҳтимолӣ дар тамоми қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дошта бошад ва он (давлат) ӯро мутобиқи моддаи 8 ба дигар давлатҳои дар банди 1 ин модда зикргардида намесупорад, заруранд.
- Ин Конвенсия амалӣ намудани дигар салоҳияти таъқиби ҷиноятиро мутобиқи қонунгузории дохилӣ истисно намекунад.
Моддаи 6
- Ҳар як давлати иштирокчӣ баъд аз баррасии иттилооти дар ихтиёрдошта агар боварӣ ҳосил кунад, ки вазъият онро талаб менамояд, гумонбаршударо дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 4 пешбинишуда, ки дар қаламрави он қарор дорад, ба ҳабс мегирад ё дигар чораҳои ҳуқуқиро барои таъмини ҳозир будани ӯ меандешад. Ба ҳабс гирифтан ва дигар чораҳои ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории ин давлат амалӣ карда мешаванд, вале танҳо дар муддати вақте давом ёфта метавонанд, ки барои андешидани амалҳои мурофиавии ҷиноятӣ ё амалҳои барои супоридани ҷинояткор заруранд.
- Ин давлат фавран таҳқиқи пешакии далелҳоро анҷом медиҳад.
- Ба ҳар шахсе, ки дар асоси банди 1 ин модда ба ҳабс гирифта шудааст, барои фавран барқарор намудани робита бо наздиктарин намояндаи дахлдори давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад ё агар ӯ шахси бешаҳрванд бошад, бо намояндаи ҳамон давлате, ки ӯ дар он одатан истиқомат менамояд, мусоидат карда мешавад.
- Ҳангоме ки давлат мутобиқи ин модда ягон шахсро ба ҳабс мегирад, он фавран давлатеро, ки дар банди 1 моддаи 5 зикр гардидаанд, дар бораи ба ҳабс гирифтани чунин шахс ва ҳолатҳое, ки барои ин асос шудаанд, огоҳ менамояд. Давлате, ки таҳқиқи пешакии дар банди 2 ин модда зикргардидаро анҷом медиҳад, давлатҳои дар боло зикргардидаро аз маълумотҳои гирифтааш фавран огоҳ месозад ва муқаррар мекунад, ки оё давлати мазкур мақсад дорад, ки салоҳияти худро нисбати чунин шахс татбиқ намояд.
Моддаи 7
- Давлати иштирокчие, ки дар қаламрави он шахси гумонбаршуда дар содир намудани ҳамагуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида ошкор карда шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5, агар он ҷинояткорро насупорад, ин парвандаро ба мақомоти салоҳиятдори худ барои таъқиб ҷиноятӣ ирсол менамояд.
- Ин мақомот мувофиқи ҳамон тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории худ, ки ба ҷиноятҳои вазнин дахл дорад, оид ба ин ҳолатҳо қарор қабул менамоянд. Дар ҳолатҳои дар банди 2 моддаи 5 номбаршуда, талаботе, ки нисбати далелҳои барои таъқиби ҷиноятӣ ва маҳкумкунӣ зарурбуда пешниҳод карда мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд нисбат ба он талаботе, ки дар ҳолатҳои дар банда 1 моддаи 5 зикргардида тақозо мегарданд, сабуктар бошанд.
- Ба ҳар шахсе, ки нисбати ӯ бинобар ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида баррасӣ анҷом дода мешавад, муомилаи одилона дар тамоми марҳилаи мурофиа кафолат дода мешавад.
Моддаи 8
- Ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида, ҳамчун ҷиноятҳое ҳисобида мешаванд, ки бояд дар ҳама гуна шартномаҳои миёни давлатҳои иштирокчӣ оид ба супоридани ҷинояткор мавҷудбуда, ворид карда шаванд. Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд чунин ҷиноятҳоро ба ҳама гуна шартномаҳо оид ба супурдани ҷинояткор, ки байни онҳо баста мешавад, ворид намоянд.
- Агар Давлати иштирокчӣ, ки супурдани ҷинояткорро ба мавҷуд будани шартнома алоқаманд месозад, аз дигар давлати иштирокчӣ, ки бо он шартнома оид ба супоридани ҷинояткорро надорад, дар хусуси супурдани ҷинояткор дархост гирад, он метавонад ин Конвенсияро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои супурдани ҷинояткор қабул намояд. Супурдани ҷинояткор мутобиқи дигар шартҳои пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки супурдани ҷинояткор аз он дархост карда шудааст, сурат мегирад.
- Давлатҳои иштирокчие, ки супурдани ҷинояткорро бо мавҷуд будани шартнома вобаста наменамоянд, дар муносибатҳои байни худ чунин ҷиноятҳоро ҳамчун ҷиноятҳое, ки супурдани ҷинояткорро пешбинӣ менамояд ҳисоб мекунанд ва мутобиқи шартҳои пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки супурдани ҷинояткор аз он дархост карда шудааст, баррасӣ менамоянд.
- Ин ҷиноятҳо бо мақсади супурдани ҷинояткор байни давлатҳои иштирокчӣ ҳамон тавре баррасӣ мегарданд, ки онҳо на танҳо дар ҷои содиргардидаашон содир шуда бошанд, инчунин дар қаламраве содир гардидаанд, ки салоҳияти давлати иштирокчӣ мутобиқи банди 1 моддаи 5 нисбати онҳо татбиқ мегардад.
Моддаи 9
- Давлатҳои иштирокчӣ ба ҳамдигар кӯмаки ҳамаҷонибаро оид ба чораҳои андешидашудаи мурофиавӣ-ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳои дар моддаи 4 номбаргардида, аз ҷумла пешниҳоди тамоми далелҳои мавҷудаи барои баррасии судӣ зарурбударо мерасонанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадориҳои худро мутобиқи банди 1 ин модда ва тибқи ҳамагуна шартномаҳои оид ба ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, ки метавонанд байни онҳо баста шаванд, иҷро менамоянд.
Моддаи 10
- Ҳар як давлати иштирокчӣ чораҳои заруриро меандешад, то ки маводи таълимӣ ва иттилоотӣ оид ба манъи шиканҷа пурра ба барномаҳои омӯзиши кормандони мақомоти татбиқи ҳуқуқ, низомӣ ё ғайринизомӣ, кормандони тиббӣ, шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони дигаре, ки метавонанд ба нигоҳдорӣ дар ҳабс ё пурсиши шахсони дар ҳар шакл ба ҳабс гирифташуда, боздоштшуда ё дар маҳрумӣ аз озодӣ қарордошта алоқаманд бошанд, дохил карда шаванд.
- Ҳар як давлати иштирокчӣ ин манъ будани шиканҷаро ба қоидаҳо ё дастурамалҳои марбут ба вазифаҳо ва функсияҳои ҳамаи чунин шахсон ворид менамояд.
Моддаи 11
Ҳар як давлати иштирокчӣ қоидаҳо, дастурамалҳо, усулҳо ва амалияи марбут ба пурсиш, инчунин шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс ё муомила бо шахсони дар ҳама гуна шакл ҳабсшуда, боздоштшуда ё дар маҳрумӣ аз озодӣ дар қаламрави таҳти тобеияти он қарордоштаро бо мақсади роҳ надодан ба ягон амали шиканҷа мунтазам баррасӣ менамояд.
Моддаи 12
Ҳар як давлати иштирокчӣ тафтишоти фаврӣ ва беғаразонаро дар сурати мавҷуд будани далели кофӣ ҳангоми татбиқи шиканҷа дар қаламрави худ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таъмин менамояд.
Моддаи 13
Ҳар як давлати иштирокчӣ ба шахси дар қаламрави он қарордошта ки таҳти шиканҷа қарор гирифтанашро тасдиқ менамояд, ҳуқуқи ба мақомоти салоҳиятдори ин давлат пешниҳод намудани шикоят ва аз ҷониби онҳо фаврӣ ва беғаразона баррасӣ гардидани чунин шикоятро таъмин менамояд.
Барои таъмини ҳимояи даъвогар ва шоҳидон аз ҳама шаклҳои муомилаи бад ё таҳдид бинобар шикояти ӯ ё нишондоди шоҳидӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Моддаи 14
- Ҳар як давлати иштирокчӣ дар низоми ҳуқуқии худ пешбинӣ менамояд, ки ҷабрдидаи шиканҷа ба ҷуброн ва талофии одилона дар асоси кафолати қонун ҳуқуқ дошта бошад, аз ҷумла ба ӯ маблағҳои зарурӣ барои офияти пурра таъмин карда шавад. Дар сурати марги ҷабрдида дар натиҷаи шиканҷа ҳуқуқ ба талофӣ ба шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта дода мешавад.
- Муқаррароти ин модда ба ҳуқуқи ҷабрдида ё дигар шахсон ба талофӣ, ки мутобиқи қонунгузории миллӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, халал намерасонад.
Моддаи 15
Ҳap як давлати иштирокчӣ ба сифати далел истифода нагардидани ҳама гуна баёнотро, ки зери таъсиири шиканҷа гирифта шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна баррасии судӣ таъмин мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо ба муқобили шахси дар содир намудани шиканҷа гумонбаршуда ҳамчун далел истифода мешавад.
Моддаи 16
- Ҳар як давлати иштирокчӣ уҳдадор мешавад дар қаламрави худ дигар амалҳо, муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки мафҳуми шиканҷаи дар моддаи 1 пешбинишуда онҳоро фаро намегирад, пешгирӣ намояд, агар чунин амалҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё дигар шахсони расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ва ё розигии хомӯшонаи онҳо содир гарданд. Аз ҷумла, уҳдадориҳои дар моддаҳои 10, 11, 12 ва 13 зикргардида дар баробари шиканҷа дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро таъкид мекунанд.
- Меъёрҳои ин Конвенсия ба меъёрҳои ҳамагуна шартномаҳои байналмилалӣ ё қонунгузории миллӣ, ки муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро манъ мекунанд ё ба супурдан ё бадарға кардан дахл доранд, халал намерасонад.
ҚИСМИ II
Моддаи 17
- Кумитаи зидди шиканҷа (минбаъд Кумита номида мешавад) таъсис дода мешавад, ки вазифаҳои дар поён пешбинигардидаро иҷро менамояд. Кумита аз даҳ коршиноси дорои сифатҳои олии ахлоқӣ ва салоҳиятнокии эътирофгардида дар соҳаи ҳуқуқи инсон иборат мебошад, ки онҳо ҳамчун шахси алоҳида баромад мекунанд. Коршиносҳоро давлатҳои иштирокчӣ интихоб менамоянд, зимнан ба тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ ва зарурати иштироки якчанд шахси дорои таҷрибаи ҳуқуқӣ аҳамият дода мешавад.
- Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои иштирокчӣ пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати иштирокчӣ метавонад аз ҷумлаи шаҳрвандони худ як номзадро пешбарӣ намояд. Давлати иштирокчӣ мақсаднок будани пешбарии шахсонеро, ки ҳамчунин аъзои Кумита оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъсисдодашуда мебошанд ва хоҳиши дар Кумитаи зидди шиканҷа кор карданро доранд, ба эътибор мегиранд.
- Аъзои Кумита дар маҷлисҳои машваратии давлатҳои иштирокчӣ, ки Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид як маротиба дар ду сол даъват менамояд, интихоб карда мешаванд. Дар ин маҷлисҳои машваратӣ, ки кворуми онҳо аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчиро ташкил медиҳад, номзадҳое ба аъзогии Кумита интихобгардида эътироф мешаванд, ки миқдори зиёдтари овозҳо ва шумораи мутлақи овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ ширкатнамудаи давлатҳои иштирокчии Конвенсияро гирифтаанд.
- Интихоботи ибтидоӣ на дертар аз шаш моҳи пас аз санаи эътибор пайдо намудани ин Конвенсия доир мегардад. Ақаллан чор моҳ пештар аз санаи интихоботи навбатӣ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо мактуб фиристода хоҳиш менамояд, ки дар мӯҳлати се моҳ номзадҳои худро пешниҳод кунанд. Котиби генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсони бо ҳамин тариқ пешбаригардида ва давлатҳои иштирокчии онҳоро пешбаринамуда зикр карда мешаванд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод менамояд.
- Аъзои Кумита ба муҳлати чор сол интихоб мегарданд. Онҳо ҳақ доранд дар сурати такроран пешниҳод гардидан, аз нав интихоб карда шаванд. Вале, муҳлати ваколатҳои панҷ аъзои дар интихоботҳои ибтидоӣ интихобшуда дар охири давраи дусола ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввала номҳои ин панҷ аъзо ба тариқи қуръапартоӣ аз ҷониби раиси маҷлиси машваратӣ, ки дар ин бора дар банди 3 ин модда сухан меравад, муайян карда мешаванд.
- Дар сурати вафот ё ба истеъфо рафтани узви Кумита ё бо ягон сабаби дигар дар Кумита иҷро карда натавонистани вазифаҳои худ давлати иштирокчӣ, ки номзадии ӯро пешбарӣ кардааст, бо ризоияти аксарияти давлатҳои иштирокчӣ барои муҳлати боқимонда аз ҷумлаи шаҳрвандони худ дигар коршиносро таъин менамояд. Номзад дар сурате маъқул дониста мешавад, ки агар нисф ё бештари Давлатҳои иштирокчӣ дар давоми шаш ҳафтаи пас аз гирифтани иттилоот аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба таъиноти пешбинигардида ҷавоби манфӣ надода бошанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ хароҷоти аъзои Кумитаро дар давраи дар Кумита адои вазифа намудани онҳо ба зиммаи худ мегиранд.
Моддаи 18
- Кумита шахсони мансабдори худро ба муҳлати ду сол интихоб менамояд. Онҳо метавонанд такроран интихоб карда шаванд.
- Кумита қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд, вале дар ин қоидаҳо, аз ҷумла, инҳо бояд пешбинӣ карда шаванд:
- a) шаш аъзо кворумро ташкил медиҳанд;
- b) қарорҳои Кумита бо аксарияти овозҳои аъзоёни ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок иҷро гардидани вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва шароити заруриро фароҳам меорад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҷлиси нахустини машваратии Кумитаро даъват менамояд. Пас аз маҷлиси нахустини машваратии худ Кумита дар фосилаи муҳлатҳое ҷамъ мешавад, ки қоидаҳои расмиёти он пешбинӣ менамоянд.
- Давлатҳои иштирокчӣ хароҷоти доир намудани маҷлисҳои машваратии давлатҳои иштирокчӣ ва Кумита, аз ҷумла ҷуброни ҳама гуна хароҷоти Созмони Милали Муттаҳидро, ба монанди пардохти ҳайат ва шароите, ки СозмониМилали Муттаҳид мутобиқи банди 3 ин Конвенсия таъмин менамояд, ба зимма мегиранд.
Моддаи 19
- Давлатҳои иштирокчӣ ба воситаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси тадбирҳои андешидаи онҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои худ мутобиқи ин Конвенсия дар муҳлати як соли баъд аз эътибор пайдо намудани ин Конвенсия барои давлати иштирокчии дахлдор ба Кумита гузориш пешниҳод менамоянд. Минбаъд давлатҳои иштирокчӣ дар чор сол як маротиба доир ба ҳама гуна тадбирҳои нави андешидашуда гузоришҳои иловагӣ, инчунин дигар гузоришҳоеро, ки Кумита метавонад дархост намояд, пешниҳод мекунанд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин гузоришҳоро ба ҳама Давлатҳои иштирокчӣ мефиристад.
- Ҳар як гузориш аз ҷониби Кумита баррасӣ мегардад, ки он метавонад доир ба гузориш фикру мулоҳизаҳои умумии зарурдонистаи худро баён намояд ва онҳоро ба давлати иштирокчии дахлдор равон менамояд. Давлати иштирокчӣ метавонад ҷавобан ба Кумита ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои зарурдонистаи худро пешниҳод намояд.
- Кумита мувофиқи салоҳдиди худ метавонад ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои мутобиқи банди 3 ҳамин модда баённамудаи худро якҷоя бо фикру мулоҳизаҳои оид ба онҳо, ки аз давлати дахлдори иштирокчӣ гирифтааст, ба гузориши солонаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, ворид намояд. Бо хоҳиши давлати иштирокчии дахлдор Кумита метавонад ҳамчунин нусхаи маърӯзаи мутобиқи банди 1 ҳамин модда пешбинигардидаро ворид намояд.
Моддаи 20
- Агар Кумита иттилооти боэътимоде гирад, ки ба ақидаи он ин иттилоот дорои маълумоти комилан асоснок оид ба истифодаи мунтазами шиканҷа дар қаламрави ягон давлати иштирокчӣ мебошад, он гоҳ Кумита ба ин давлати иштирокчӣ пешниҳод менамояд, ки дар баррасии ин иттилоот ҳамкорӣ намояд ва бо ин мақсад мулоҳизоти худро нисбати он пешниҳод кунад.
- Бо дарназардошти ҳама гуна фикру мулоҳизаҳое, ки метавонанд аз ҷониби давлати иштирокчии дахлдор пешниҳод гарданд, ҳамчунин ҳама гуна дигар иттилооти марбут ба масъала, ки дар ихтиёри он мебошад, Кумита агар зарур шуморад, метавонад як ё якчанд аъзои худро барои доир намудани тафтишоти махфӣ ва фавран ба Кумита пешниҳод намудани гузориши дахлдор таъин намояд.
- Агар мутобиқи банди 2 ин модда тафтиш доир гардад, Кумита кӯшиш мекунад бо давлати иштирокчии дахлдор ҳамкориро ба роҳ монад. Бо розигии ин давлати иштирокчӣ чунин тафтиш метавонад боздид аз қаламрави онро низ дар бар гирад.
- Пас аз баррасии натиҷаҳои доирнамудаи ин иштирокчӣ ё аъзоёни тафтишот, ки мутобиқи банди 2 ҳамин модда пешниҳод гардидаанд, Кумита ин натиҷаҳоро якҷоя бо ҳама гуна фикру мулоҳизаҳо ё пешниҳодҳое, ки дар ин ҳолат зарур ҳисобида мешаванд, ба давлати иштирокчии дахлдор равон менамояд.
- Тамоми кори Кумита, ки дар бандҳои 1-4 ин модда зикр гардидаанд хусусияти махфӣ дошта, дар тамоми марҳалаҳои ин кор бояд ба ҳамкорӣ бо давлати иштирокчӣ саъй намояд. Пас аз анҷоми чунин кор нисбати тафтишоти мутобиқи банди 2 доиргардида Кумита метавонад баъд аз машварат бо давлати иштирокчии дахлдор доир ба ворид намудани ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои ин кор ба гузориши ҳарсолаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, қарор қабул намояд.
Моддаи 21
- Мутобиқи ин модда ҳама гуна давлати иштирокчии ин Конвенсия метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки он салоҳияти Кумитаро доир ба гирифтан ва баррасӣ намудани маълумоти марбут ба изҳороти як давлати иштирокчӣ дар хусуси он, ки дигар давлати иштирокчӣ уҳдадориҳои худро аз рӯи ин Конвенсия иҷро намекунад, эътироф менамояд. Чунин маълумотҳо метавонанд мутобиқи расмиёти дар ин модда баёнгардида дар сурате қабул ва баррасӣ гарданд, ки агар онҳо аз ҷониби давлати иштирокчие пешниҳод гардида бошанд, ки он дар бораи эътироф намудани салоҳияти Кумита нисбати худ изҳорот карда бошад. Кумита маълумотҳоро аз рӯи ин модда баррасӣ намекунад, агар онҳо ба он давлати иштирокчие дахл дошта бошанд, ки чунин изҳоротро накарда бошад. Маълумотҳое, ки мутобиқи ин модда гирифта шудаанд, мувофиқи расмиёти зерин баррасӣ мегарданд:
- a) агар ягон давлати иштирокчӣ чунин шуморад, ки дигар давлати иштирокчӣ муқаррароти ин Конвенсияро иҷро намекунад, он гоҳ он метавонад ба тариқи мактуб ин масъаларо ба маълумоти давлати иштирокчии зикргардида расонад. Дар муддати се моҳи пас аз гирифтани чунин мактуб давлате, ки онро гирифтааст ба давлати ин мактубро фиристода баённома ё дигар изҳороти шарҳи ин масъаларо пешниҳод менамояд, ки дар он бояд ҳаддалимкон ва ба қадри зарурӣ ишора ба расмиёти дохилӣ ва тадбирҳои андешидашуда, тадбирҳое, ки андешида хоҳанд шуд ё метавонанд доир ба ин масъала андешида шаванд, зикр гарданд;
- b) агар масъала дар муддати шаш моҳи баъди аз ҷониби давлати гирандаи мактуби аввала гирифта шудани мактуб барои ҳар ду давлати иштирокчии дахлдор қаноатбахш ҳал нагардад, ҳар яке аз ин давлатҳо ҳақ дорад дар ин бобат Кумита ва дигар давлатро огоҳ намуда, ин масъаларо ба Кумита ҳавола намояд;
- c) Кумита масъалаи мутобиқи ин модда ба он фиристодашударо танҳо пас аз боварӣ ҳосил кардан дар он хусус, ки тамоми тадбирҳои имконпазири дохилӣ дар ин ҳолат мутобиқи принсипҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ истифода гардидаанд, баррасӣ менамояд. Ин қоида дар он ҳолатҳое амал намекунад, ки истифодаи ин тадбирҳо беасос тӯл мекашад ё дар гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад;
- d) ҳангоми баррасии хабарҳо тибқи ин модда Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир менамояд;
- e) бо риояи муқаррароти зербанди «с» Кумита ба давлатҳои дахлдори иштирокчӣ бо мақсади ҳалли рафиқонаи масъала дар асоси эҳтироми уҳдадориҳои дар ин Конвенсия пешбинигардида хизматҳои хайрхоҳона мерасонад. Бо ин мақсад Кумита метавонад дар мавриди зарурат комиссияи махсуси муросо таъсис диҳад;
- f) аз рӯи ҳама гуна масъалаи мутобиқи ин модда ба Кумита ҳаволагардида он метавонад аз давлатҳои дахлдори иштирокчии дар зербанди «d» зикргардида талаб намояд, ки ҳама гуна иттилооти ба ин масъала марбутбударо пешниҳод намоянд;
- g) давлатҳои иштирокчии дахлдори дар зербанди «d» зикргардида ҳақ доранд ҳангоми баррасии масъала ба Кумита даъват шаванд ва дар шакли шифоҳӣ ва ё хаттӣ пешниҳодҳо ирсол намоянд;
- h) Кумита дар муддати дувоздаҳ моҳи пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома мутобиқи зербанди «d» маълумот пешниҳод менамояд:
- i) агар дар доираи муқаррароти зербанди «е» муросо ба даст ояд, Кумита дар маълумоти худ далелҳои мухтасар ва муросои бадастомадаро зикр менамояд;
- ii) агар қарор дар доираи муқаррароти зербанди «е» ба мувофиқа расонида нашавад, он гоҳ Кумита хабари худро бо баёни мухтасари далелҳо маҳдуд месозад; пешниҳодоти хаттӣ ва навиштаи баёнияҳои шифоҳӣ, ки аз тарафи давлатҳои иштирокчии дахлдор пешниҳод мегарданд, ба хабар замима карда мешаванд.
Аз рӯи ҳар як масъала хабар ба давлатҳои иштирокчии дахлдор фиристода мешавад .
- Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ Давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро давлатҳои иштирокчӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба давлатҳои дигари иштирокчӣ ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби генералӣ ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Ин гуна бозпас гирифтани баёния ба баррасии дилхоҳ масъалаи мавриди баррасӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, набояд зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдии ҳар кадом давлати иштирокчӣ тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар давлати иштирокчии дахлдор баёнияи нав содир накарда бошад, пазируфта намешавад.
Моддаи 22
- Давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия мувофиқи ин модда метавонад ҳар вақт эълон намояд, ки он салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасӣ кардани хабарҳои шахсҳое, ки дар доираи ҳуқуқии он қарор доранд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо ҷабрдидаи поймол кардани муқаррароти Конвенсия аз тарафи давлати иштирокчӣ мебошанд ё аз ин қабил хабарҳое, ки аз номи онҳо мерасад, эътироф менамояд. Кумита ин гуна хабарро қабул намекунад, агар онҳо ба давлати иштирокчӣ, ки чунин баёния содир накардааст, мансуб бошанд.
- Кумита ҳар гуна хабарро, ки беном фиристода шудааст ё аз нуқтаи назари он иборат аз суиистифодаи ҳуқуқи пешниҳоди чунин хабарҳо аст ва ё бо муқаррароти ин Конвенсия ҷавобгӯ намебошад, тибқи ин модда ғайри қобили қабул ҳисоб мекунад.
- Бо дарназардошти муқаррароти банди 2 Кумита ҳар гуна хабари тибқи ин модда ба он пешниҳодшударо ба иттилои давлати иштирокчӣ, ки тибқи банди 1 баёния содир намудааст ва гӯё ин ё он муқаррароти Конвенсияро вайрон мекунад, ирсол менамояд. Давлати иштирокчӣ иттилоотро гирифта, дар давоми шаш моҳ ба Кумита баёноти хаттӣ ё ариза пешниҳод карда, дар он ба масъала ва чораҳое, ки аз тарафи ин давлат мумкин аст анҷом дода шавад, равшанӣ меандозад.
- Кумита хабари тибқи ин мода гирифташударо бо дарназардошти ҳамаи иттилооти шахси дахлдор ё аз номи ӯ ва давлати иштирокчии дахлдор пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад.
- Кумита ҳеҷ гуна хабарро аз ҳар кадом шахс тибқи ин модда баррасӣ намекунад, агар боварӣ надошта бошад, ки:
- a) ин масъала тавассути дигар расмиёти тафтишот ё танзими байналмилалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ нашуда истодааст;
- b) ин шахс тамоми чораҳои мавҷудаи дохилидавлатии ҳимояи ҳуқуқиро истифода кардааст; ин қоида дар ҳолатҳое амал намекунад, ки татбиқи ин чораҳо беасос тӯл кашида мешавад ё гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад.
- Ҳангоми баррасии хабарҳо аз рӯи ин модда Кумита маҷлиси пӯшида мегузаронад.
- Кумита нуқтаи назари худро ба давлати иштирокчии дахлдор ва шахси дахлдор мефиристад.
- Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия, мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро давлати иштирокчӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба давлатҳои иштирокчии дигар ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби генералӣ дар ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Чунин бозпас гирифтани баёния набояд ба баррасии масъалаи мавриди хабардиҳӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдие, ки шахс ё аз номи ӯ фиристода мешаванд, тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар давлати дахлдори иштирокчӣ баёнияи нав содир накарда бошад, қабул карда намешаванд.
Моддаи 23
Аъзои Кумита ва комиссияҳои махсуси муросо, ки мувофиқи зербанди е) банди 1 моддаи 21 таъин мешаванд, ба имтиёзу дахлнопазирии коршиносҳое, ки бо супориши Созмони Милали Муттаҳид амал мекунанд, бо тарзе, ки дар фаслҳои дахлдори Конвенсия дар бораи афзалиятҳо ва дахлнопазирии Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 24
Кумита ба Давлатҳои иштирокчӣ ва Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи фаъолияти худ тибқи ҳамин Конвенсия гузориши солона пешниҳод мекунад.
ҚИСМИ III
Моддаи 25
- Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо кушода аст.
- Ин Конвенсия бояд тасдиқ (ратификатсия) карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
Моддаи 26
Ин Конвенсия барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳо кушода аст. Ҳамроҳ шудан аз тариқи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 27
- Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани ифтихорномаи тасдиқии бистум ва ё ҳуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як Давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани ифтихорномаи тасдиқии бистум ва ё ҳуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, ҳамин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани ифтихорномаи тасдиқии бистум ва ё ҳуҷҷат оид ба ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 28
- Ҳар давлат ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани ва ё ҳамроҳшавӣ ба ин Конвенсия, метавонад изҳор намояд, ки он салоҳиятҳои Кумитаро, ки моддаи 20 муайян кардааст, эътироф намекунад.
- Ҳар давлати иштирокчӣ, ки тибқи банди 1 ин модда тавзеҳот ворид кардааст, метавонад дар ҳар лаҳза он тавзеҳоти худро бо дар ин хусус огоҳ кардани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид бозпас гирад.
Моддаи 29
- Ҳар давлати иштирокчии ин Конвенсия метавонад иловаҳо пешниҳод кунад ва онро ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид иловаи пешниҳодшударо ба давлатҳои иштирокчӣ ирсол намуда, хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи давлатҳои иштирокчӣ барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Котиби генералӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар иловае, ки бо аксари овозҳои давлатҳои иштирокчии дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Котиби генералӣ барои тасдиқ ба ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод карда мешавад.
- Иловаи тибқи банди 1 ҳамин модда қабулшуда баъди он ки аз се ду ҳиссаи шумораи давлатҳои иштирокчии ин Конвенсия ба Котиби генералӣ дар бораи мутобиқи расмиёти конститутсиониашон қабул карда шудани онҳо огоҳинома мефиристанд, эътибор пайдо мекунад .
- Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунад, иҷрои онҳо барои давлатҳои иштирокчӣ, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мегардад, барои дигар давлатҳои иштирокчӣ муқаррароти ҳамин Конвенсия ва ҳар муқаррароти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 30
- Ҳама гуна ихтилоф байни ду ва ё зиёда давлатҳои иштирокчӣ дар мавриди тафсир ё татбиқи ҳамин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид наметавонад ҳаллу фасл гардад, бо хоҳиши яке аз онҳо ба суди ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз таърихи супоридани дархост ба суди ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар бораи баргузории суди ҳакамӣ ба мувофиқа расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо ихтилоф мумкин аст мувофиқи Статути Суди Байналмилалӣ ба Суди Байналмилалӣ равон карда шавад.
- Ҳар давлат ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани ин Конвенсия ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он метавонад изҳор намояд, ки он уҳдадориро, ки аз муқаррароти банди 1 ҳамин модда бармеоянд, ба зимма намегирад. Дигар давлатҳои иштирокчӣ дар муносибат бо давлати иштирокчӣ, ки чунин изҳорот медиҳад, уҳдадории муқаррароти банди 1 ҳамин модда пешбининамударо ба зимма надоранд.
- Ҳар давлати иштирокчӣ, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад ҳар замон бо огоҳ намудани Котиби генералӣ изҳороти худро бозпас гирад.
Моддаи 31
- Ҳар давлати иштирокчӣ метавонад ҳамин Конвенсияро аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид якҷониба бекор кунад. Якҷониба бекор кардан баъди гузаштани як сол пас аз огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ эътибор пайдо мекунад.
- Якҷониба бекор кардан давлати иштирокчиро аз уҳдадориҳояш марбут ба ҳамин Конвенсия барои ҳар амале ё камбуде, ки то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба ба вуқуъ пайваста буд, озод намекунад, ҳамчунин якҷониба бекор кардан ба ҳар масъалае, ки баррасиаш давом дорад ва он аз тарафи Кумита то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ба ҳеҷ ваҷҳ зиён намерасонад.
- Баъди таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба барои ягон давлати иштирокчӣ, Кумита баррасии масъалаҳои навро марбут ба давлати дахлдор оғоз намекунад.
Моддаи 32
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маълумотро ба ҳамаи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи давлатҳои ҳамин Конвенсияро ба имзо расонда ва ё ба он ҳамроҳшуда дар хусусӣ:
- a) имзо кардан, тасдиқ кардан ва ҳамроҳшавӣ мутобиқи моддаҳои 25 ва 26;
- b) таърихи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия мутобиқи моддаи 27 ва таърихи эътибор пайдо кардани ҳар гуна илова мутобиқи моддаи 29;
- c) якҷониба бекор кардан мутобиқи моддаи 31, мерасонад.
Моддаи 33
- Ҳамин Конвенсия, ки матни англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсавиаш бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Конвенсияро ба ҳамаи давлатҳо мефиристад.