КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО
Конвенсияи мазкур бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 45/158 аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст[1].
МУҚАДДИМА
Давлатҳои иштирокчии ҳамин Конвенсия бо дарназардошти принсипҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак баён гардидаанд,
инчунин бо дарназардошти принсипҳо ва стандартҳои дар ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки дар доираи Созмони байналхалқии меҳнат таҳия шудаанд, махсусан Конвенсия дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ (№97), Конвенсия дар бораи сӯиистифодабариҳо дар соҳаи муҳоҷират ва оид ба таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо имкониятҳои баробар ва муроҷиатҳо (№143), дар Тавсияномаҳо оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ (№86), Тавсияномаҳо оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ (№151), дар Конвенсия оид ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ (№29) ва Конвенсия дар бораи барҳам додани меҳнати маҷбурӣ (№105) дарҷ гардидаанд,
бори дигар муҳимияти принсипҳоеро, ки дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг оид ба мубориза бар зидди табъиз дар соҳаи маориф дарҷ ёфтаанд,
бо ёдоварӣ аз Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Эъломияи Конгресси чоруми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо ҳуқуқвайронкунандагон, Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва Конвенсияҳо оид ба ғуломӣ,
бо ёдоварӣ аз он, ки яке аз вазифаҳои Созмони байналхалқии меҳнат, мутобиқи Оинномаи он, ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашоне мебошад, ки берун аз кишвари худ дар дигар кишварҳо кор мекунанд ва бо дарназардошти донишу таҷрибаи ин ташкилот дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо,
бо эътирофи муҳимияти коре, ки дар робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид анҷом дода шудааст, аз ҷумла дар Комиссияи ҳуқуқи инсон ва Комиссияи рушди иҷтимоӣ, инчунин дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва инчунин дар дигар созмонҳои байналмилалӣ,
инчунин бо эътирофи пешрафте, ки баъзе давлатҳо дар асоси муносибатҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар бобати ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба даст овардаанд ва инчунин муҳимият ва судмандие, ки созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин соҳа доранд,
бо эҳсоси аҳамият ва миқёсҳои падидаи муҳоҷират, ки миллионҳо одамон ба он ҷалб карда шудаанд ва фарогири шумораи зиёди давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад,
бо дарназардошти таъсири ҷараёнҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба давлатҳо ва шахсони дахлдор ва кӯшиши муқаррар кардани меъёрҳое, ки барои мувофиқ гардондани мавқеи давлатҳо аз тариқи қабули принсипҳои асосии марбут ба муносибат бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо,
бо дарназардошти вазъи осебпазирӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксар вақт онҳо ва аъзои оилаи онҳо дар он қарор мегиранд, аз ҷумла он ки онҳо дар давлати аслиашон қарор надоранд ва ба душвориҳое мумкин аст рӯ ба рӯ шаванд, ки ба истиқоматашон дар давлати кори кироя марбут мебошанд,
бо боварӣ ба он, ки ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо то ҳол дар ягон ҷо ба дараҷаи даркорӣ эътироф нагардидааст ва аз ин рӯ ҳимояи дахлдори байналмилалиро тақозо менамояд,
бо дарназардошти он ҳолате, ки муҳоҷират аксар вақт боиси мушкилоти ҷиддӣ барои аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва барои худи онҳо, махсусан, ба сабаби ҷудоии оилаҳо мегардад,
бо дарназардошти он, ки мушкилоти инсондӯстӣ, ки бо муҳоҷират алоқаманданд, дар ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ боз ҳам тезу тунд мегарданд,
ва бо боварӣ ба он, ки дар робита бо ин зарур аст, ки пешбурди фаъолияти дахлдор бо мақсади пешгирӣ ва барҳам додани рафту омад ва интиқолдиҳии ғайриқонунию махфиёнаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамзамон бо таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои асосии инсонии онҳо, ба роҳ монда шавад,
бо дарназардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатии ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ надошта, аксар вақт дар муқоиса бо дигар муҳоҷирони меҳнатии дар шароитҳои кории камтар мусоид киро карда мешаванд ва инро баъзе корфармоён истифода бурда, чунин қувваи кориро бо мақсади ба даст овардани фоида аз рақобати носолим, ҷалб менамоянд,
инчунин бо дарназардошти он, ки эътирофи васеи ҳуқуқҳои асосии инсонии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба киро кардани коргарони муҳоҷири мақоми доимӣ надошта, монеъ мешавад ва ғайр аз ин пешниҳоди баъзе ҳуқуқҳои иловагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, ҳамаи муҳоҷирон ва корфармоёнро ба эҳтиром ва риоя намудани қонунҳо ва тартиботи аз тарафи давлати дахлдор муқарраргардида, ташвиқ хоҳад кард,
бо боварӣ ба зарурати таъмини ҳимояи байналмилалии ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва бори дигар тасдиқ ба он, ки муқаррар кардани меъёрҳои асосӣ дар Конвенсияи ҳамаро фарогиранда, ки метавонад татбиқи умумӣ дошта бошад,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
ҚИСМИ I
Доираи татбиқ ва мафҳумҳо
Моддаи 1
- Конвенсияи мазкур бе ҳеҷ як фарқгузорӣ аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаҳои дигар нисбати ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиби дигарро пешбинӣ мекунанд, татбиқ карда мешавад,.
- Конвенсияи мазкур дар тамоми давоми ҷараёни муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки омодагӣ ба муҳоҷират, сафар, транзит ва ҳамаи давраи буду бош ва фаъолияти пардохташавандаро дар давлати кори кироя ва инчунин бозгашт ба давлати асл ё давлати истиқомати маъмулиро дар бар мегирад, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 2
Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур:
- Истилоҳи «муҳоҷири меҳнатӣ» шахсеро ифода мекунад, ки ба фаъолияти музднок дар давлате машғул мешавад, машғул аст ё машғул шудааст, ки шаҳрванди он намебошад.
а) Истилоҳи «корманди наздисарҳадӣ» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ҷои истиқомати маъмулашро дар давлати ҳамсоя нигоҳ дошта, ба он одатан ҳар рӯз ё ҳадди аққал як маротиба дар як ҳафта бармегардад;
- b) истилоҳи «корманди мавсимӣ» муҳоҷири меҳнатиеро ифода менамояд, ки кораш аз рӯи хусусияташ аз шароитҳои мавсимӣ вобаста буда, танҳо дар давоми як қисми сол иҷро карда мешавад;
с) истилоҳи «баҳрнавард», ки моҳигиронро низ дар бар мегирад, муҳоҷирони меҳнатиеро ифода мекунад, ки барои кор дар киштие ба киро гирифта шудааст, ки ин киштӣ дар давлате, ки шаҳрванди он нест, ба қайд гирифта шудааст;
- d) истилоҳи «корманди дар дастгоҳи наздисоҳилии cтатсионарӣ коркунанда» муҳоҷирони меҳнатиеро ифода мекунад, ки барои кор дар дастгоҳи назди соҳилие ба киро гирифта шудаанд, ки он дастгоҳ дар тобеияти ҳуқуқии давлате мебошад, ки онҳо шаҳрванди он нестанд;
е) истилоҳи «корманде, ки кораш ба рафту омад алоқаманд аст» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки одатан дар як давлат истиқомат намуда, бо сабаби хусусияти кораш маҷбур аст ба дигар давлат ё давлатҳо ба муҳлатҳои кӯтоҳ рафту омад кунад;
- f) истилоҳи «корманди лоиҳа» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ба давлати кори кироя танҳо аз рӯи лоиҳаи мушаххас, ки корфармои ӯ дар ин давлат амалӣ менамояд, ба муҳлати муайян роҳ дода шудааст;
- q) истилоҳи «корманди кирояи мақсаднок» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки:
- i) аз тарафи кироягир ба муҳлати муайяни маҳдуд барои иҷрои вазифа ё уҳдадориҳои мушаххас ба давлати кори кироя фиристода шудааст; ё
- ii) дар давоми муҳлати маҳдуд ва муайян кореро иҷро мекунад, ки малакаи касбӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ё дигар малакаи махсусро талаб мекунад; ё
iii) бо хоҳиши кироягир дар давлати кори кироя дар давоми муҳлати маҳдуд ва муайян кореро иҷро мекунад, ки хусусияти муваққатӣ ё кӯтоҳмуддат дорад;
ва давлати кори кирояро бояд бо гузаштани муҳлати иҷозатдодашудаи буду бош ё пештар тарк кунад, агар ӯ ин уҳдадориҳои мушаххасро дигар иҷро накунад ё ба ин кор машғул набошад;
- h) истилоҳи «корманди бидуни кироя коркунанда» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ба фаъолияти пардохтшаванда, ки аз кори кироя фарқ дорад, машғул буда, аз ҳисоби чунин фаъолият воситаи рӯзгузаронии худро таъмин месозад ва чун қоида, танҳо ё якҷоя бо аъзои оилаи худ кор мекунад, инчунин ҳар як муҳоҷири меҳнатии дигар, ки мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи давлати кори кироя ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамчун корманди бидуни кироя коркунанда эътироф гардида аст.
Моддаи 3
Конвенсияи мазкур ба инҳо татбиқ намешавад:
а) нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ фиристода ё кироя шудаанд ё шахсоне, ки аз тарафи ягон давлат берун аз ҳудуди он барои иҷрои вазифаҳои расмӣ, ки иҷозат ва вазъи онҳо тавассути ҳуқуқи байналмилалӣ ё созишномаҳои мушаххаси байналмилалӣ ё конвенсияҳо танзим карда мешаванд, фиристода ё кироя шудаанд;
- b) нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи давлат ё аз номи он берун аз ҳудуди он фиристода ё кироя шудаанд ва дар амалисозии барномаҳои рушд ё дигар барномаҳои ҳамкорӣ иштирок мекунанд, ки иҷозат ва вазъи онҳо тавассути созишномаи бо давлати кори кироя басташуда танзим карда мешавад ва тибқи ин созишнома онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобида намешаванд;
с) нисбат ба шахсоне, ки дар давлати аслии худашон истиқомат намекунанд ва ба сифати сармоягузорон фаъолият мекунанд;
- d) нисбат ба гурезагон ва шахсони бешаҳрванд, агар чунин татбиқшавӣ дар қонунгузории дахлдори миллӣ ё ҳуҷҷати байналмилалие, ки ба давлати иштирокчии дахлдор паҳн мегардад, пешбинӣ нашуда бошад;
е) нисбат ба хонандагон ва коромӯзон;
- f) нисбат ба баҳрнавардон ва кормандоне, ки дар дастгоҳҳои статсионарии наздисоҳилӣ кор карда, ба онҳо иҷозати истиқомат ва машғул шудан ба фаъолияти музднок дар давлати кори кироя дода нашудааст.
Моддаи 4
Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия истилоҳи «аъзои оила» шахсонеро ифода мекунад, ки дар никоҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ё бо онҳо дар муносибатҳое қарор доранд, ки мувофиқи ҳуқуқи татбиқшаванда мумкин аст бо никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин фарзандон ва дигар шахсоне, ки дар таъминоти онҳо қарор дошта, мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни давлатҳои дахлдор аъзои оила эътироф мешаванд.
Моддаи 5
Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо:
- a) дорои ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ ҳисобида мешаванд, агар онҳо барои ворид шудан, буду бош ва фаъолияти музднок дар давлати кори кироя мувофиқи қонунгузории ин давлат ва созишномаҳои байналмилалие, ки ин давлат иштирокчии онҳо аст, иҷозат гирифта бошанд;
- b) ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ надошта ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба шартҳои дар зербанди (а)- и моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯ набошанд.
Моддаи 6
Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия:
- a) истилоҳи «давлати аслӣ» давлатеро ифода менамояд, ки шахси дахлдор шаҳрванди он мебошад;
- b) истилоҳи «давлати кори кироя» давлатеро ифода менамояд, ки дар он муҳоҷири меҳнатӣ вобаста ба ҳолати мушаххас ба фаъолияти музднок машғул мешавад, машғул аст ё машғул шудааст;
с) истилоҳи «давлати транзит» давлатеро ифода менамояд, ки шахси дахлдор ҳангоми рафтан ба давлати кори кироя ё омадан аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё давлати истиқомати маъмулӣ ба воситаи он мегузарад.
ҚИСМИ II
Манъи табъиз дар муносибат бо ҳуқуқҳо
Моддаи 7
Давлатҳо – иштирокчиён уҳдадор мешаванд, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуд ё таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бея гон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин созанд.
ҚИСМИ III
Ҳуқуқҳои инсонии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо
Моддаи 8
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо метавонанд ҳар кадом давлат, аз ҷумла давлати аслии худро озодона тарк намоянд. Ин ҳуқуқ набояд мавриди ягон навъи маҳдудият қарор дода шавад, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар асоси қонун, барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ, ҳуқуқу озодиҳои дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқҳои дар ин қисми Конвенсия эътирофшуда мувофиқ мебошанд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ҳар вақт ба давлати аслии худ баргарданд ва дар он ҷо монанд.
Моддаи 9
Ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ҳаёт қонун ҳимоя мекунад.
Моддаи 10
Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд мавриди шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи онҳо қарор дода шаванд.
Моддаи 11
- Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд дар ғуломӣ ва ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шаванд.
- Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ҷалб карда шаванд.
- Дар он давлатҳое, ки барои ҷиноят мумкин аст ба сифати ҷазо маҳрумкунӣ аз озодӣ бо ҷалб ба корҳои ҳатмӣ пешбинӣ карда шавад, банди 2 моддаи мазкур барои иҷро намудани корҳои ҳатмӣ, ки бо ҳукми суди босалоҳият бароварда шудааст, монеъ шуда наметавонад.
- Барои мақсадҳои ин модда истилоҳи «меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ» инҳоро дар бар намегирад:
а) ҳар кадом кор ё хизмат, ки дар банди 3 ҳамин модда номбар нашуда, ки одатан шахси дар маҳбас буда дар асоси қарори қонунии суд, ё шахси шартан аз чунин маҳбас озодшуда, бояд иҷро намояд;
- b) ҳар кадом хизмат, ки дар вазъияти фавқуллода ё офатҳои табиии ба ҳаёт ё некӯаҳволии ҷомеа таҳдидкунанда, ҳатмӣ мебошад;
с) ҳар кадом кор ё хизмате, ки ба уҳдадории маъмулии шаҳрванд мансуб мебошад, агар шаҳрвандони ҳамин давлат низ ба онҳо ҷалб карда шаванд.
Моддаи 12
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба озодии андеша, виҷдон ва дин ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ аз озодии доштан, бо хоҳиши худ қабул кардани дин ё эътиқод ва озодии пайравӣ кардан ба дин ё эътиқоди худ шахсан ё дар якҷоягӣ бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, ибодат намудан, иҷро намудани расму оинҳои динӣ ва маросимӣ ва таълимоти динҳоро дар бар мегирад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо набояд мавриди маҷбуркунӣ қарор дода шаванд, ки он боиси маҳдуд гардидани озодии бо хоҳиши худ доштан ё қабул кардани дин ё эътиқоди онҳо гардад.
- Озодии пайравӣ ба дин ё эътиқодро танҳо дар асоси қонун, бо мақсади ҳимояи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқ, ҳуқуқу озодиҳои асосии шахсони дигар маҳдуд кардан мумкин аст.
- Давлатҳо – иштирокчиёни ҳамин Конвенсия уҳдадор мешаванд, ки озодии падару модар ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро, агар яке аз онҳо муҳоҷири меҳнатӣ бошад, барои тарбияи динию ахлоқии фарзандонашон мувофиқи эътиқоди худ эҳтиром кунанд.
Моддаи 13
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд бе мамониат ақидаи худро дошта бошанд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо барои озодона баён кардани ақидаи худ ҳуқуқ доранд; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани ҳама гуна иттилоот ва андашаҳоро новобаста аз ҳудудҳои давлатӣ дар шаклҳои шифоҳӣ, хаттӣ, тавассути матбуот, дар шакли ифодаи бадеӣ ё бо тарзҳои дигар бо интихоби худашон дар бар мегирад.
- Истифода бурдан аз ҳуқуқи дар банди 2-и ҳамин модда пешбинишуда уҳдадорӣ ва масъулиятҳои махсусро талаб менамояд. Аз ин рӯ, он метавонад дорои баъзе маҳдудиятҳо бошад, аммо маҳдудиятҳои мазкур бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд ва барои инҳо зарур бошанд:
а) барои эҳтироми ҳуқуқ ва номи неки шахсони дигар;
- b) барои ҳимояи амнияти миллии давлатҳои дахлдор, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ;
с) бо мақсади пешгирии ҳама гуна ташвиқоти ҷанг;
- d) бо мақсади пешгирии ҳама гуна баромадҳое, ки бадбинии миллӣ, нажодӣ ё диниро тарғиб намуда, табъиз, хусумат ё зӯровариро бармеангезанд.
Моддаи 14
Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд мавриди дахолати худсарона ва ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, сӯиқасди худсаронаву ғайриқонунӣ ба дахлнопазирии манзил ё мукотибаи маҳрамона, ё шаклҳои дигари алоқаи ӯ, ё сӯиқасдҳои ғайриқонунӣ ба шаъну шараф ва номи неки ӯ қарор гиранд. Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ ба ҳимояи қонун аз чунин дахолатҳо ё чунин сӯиқасдҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 15
Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд беасос аз моликияте, ки дар танҳоӣ ё якҷоя бо шахсони дигар соҳибӣ менамоянд, маҳрум карда шаванд. Дар он ҷое, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи давлати кори кироя дороиҳои муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ пурра ё қисман мусодира карда мешаванд, шахси дахлдор ба ҷуброни одилона ва муносиб ҳуқуқ дорад.
Моддаи 16
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ доранд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳимояи самараноки давлат аз зӯроварӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, таҳдид ва тарсондан чи аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ва чи аз тарафи шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ё муассисаҳо, ҳуқуқ доранд.
- Ҳама гуна тафтиши шахсияти муҳоҷирони меҳнатӣ ё аъзои оилаҳои онҳо аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо набояд танҳо ё якҷоя бо дигарон худсарона ба ҳабс гирифта шаванд ё дар ҳабс нигоҳ дошта шаванд; онҳо набояд аз озодӣ маҳрум карда шаванд, ба ғайр аз асосҳо ва тартибе, ки қонун муқаррар кардааст.
- Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ба ҳабс гирифта мешаванд, аз лаҳзаи ба ҳабс гирифтан ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи сабабҳои ба ҳабс гирифтанашон ва бе таъхир, ба забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи ҳама гуна айбе, ки нисбат ба онҳо эълон мешавад, хабар расонида мешавад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки бо гумони содир намудани ҷиноят ҳабс ва ё боздошт мегарданд, бидуни таъхир ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки аз рӯи қонун салоҳияти ҳокимияти судиро дорад, оварда шуда, ба муҳокимаи судӣ дар муҳлати оқилона ё ба озодшавӣ ҳуқуқ доранд. Дар ҳабс дар интизории баррасии судӣ нигоҳ доштан қоидаи умумӣ ба шумор нарафта, озод кардани онҳо метавонад бо пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба муҳокимаи судӣ дар ҳамаи дигар марҳилаҳои он ва дар мавриди зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукм таъмин карда шавад.
- Ҳангоми ба ҳабс гирифтан ё дар маҳбас нигоҳ дошта шудан, ё то суд дар ҳабс нигоҳ дошта шудан ва ё ба ин ё он шакл боздошт шудани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ:
а) ба муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии ӯ ё давлате, ки аз манфиатҳои ин давлат намояндагӣ мекунад, агар ӯ дар ин хусус хоҳиш кунад, фавран хабари ба ҳабс гирифтан ё боздошт шудан ва сабабҳои онҳо, расонида мешавад;
- b) шахси дахлдор ҳуқуқ дорад, ки ба муассисаҳои номбурда тамос гирад. Ҳамаи маълумоти шахсони дахлдор, ки ба муассисаҳои номбурда фиристода шудаанд, фавран ба маълумоти онҳо расонида мешавад ва дастгиршудагон низ ҳуқуқ доранд, ки бидуни таъхир хабари ба муассисаҳои номбурда ё аз онҳо фиристодаро гиранд;
с) ба шахси дахлдор дар бораи ин ҳуқуқ ва ҳуқуқҳое, ки аз ҳар кадом шартномаҳои дахлдор бармеоянд, агар онҳо дар муносибати байни давлатҳои дахлдор қобили татбиқ бошанд, дар хусуси мукотиба кардан ва мулоқот кардан бо намояндагони муассисаҳои номбурда ва шартнома бастан бо онҳо доир ба намояндагӣ кардан аз ҳуқуқҳои шахси дахлдор фавран хабар дода мешавад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки бо сабаби ҳабс ё дастгиршавӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки ба суд муроҷиат кунанд, то ки ин суд тавонад бетаъхир дар бораи қонунӣ будани боздошти онҳо қарор барорад ва агар дастгиркунӣ ғайриқонунӣ бошад, дар хусуси озод карда шудани онҳо амр диҳад. Дар мавриди иштироки онҳо дар чунин муҳокима онҳо аз хизмати тарҷумони шифоҳӣ дар ҳолати зарурат ройгон истифода мебаранд, агар онҳо забони истифодашавандаро нафаҳманд ё бо он гап зада натавонанд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз ҳабс ва боздошти ғайриқонунӣ ҷабр дидаанд, барои ҷуброн ҳуқуқ доранд, ки бо ҷазои ҳуқуқӣ тақвият дода мешавад.
Моддаи 17
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шараф, ки мансуб ба шахсияти инсонӣ ва хоси фарҳанги инсонӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки айбдоршаванда мебошанд, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, аз шахсони маҳкумшуда ҷудо нигоҳ дошта шуда, ба онҳо низоми алоҳидаи мувофиқ бо мақоми шахсони маҳкумнашуда пешниҳод карда мешавад. Айбдоршавандагони ноболиғ аз айбдоршавандагони ба балоғат расида ҷудо карда шуда, парвандаи онҳо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат баррасӣ карда мешавад.
- Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ, ки дар давлати транзит ё дар давлати кори кироя барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират боздошт шудааст, ба қадри имконпазир, аз шахсони маҳкумшуда, ё шахсони дар интизории баррасии суд дар ҳабс нигоҳдошташаванда, ҷудо нигоҳ дошта мешавад.
- Дар ҳамаи давраҳои мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта шудан, мақсади асосии муомила бо муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз нав тарбия намудан ва тавонбахши иҷтимоии онҳо ба ҳисоб меравад. Ҷинояткорони хурдсол аз калонсолон ҷудо нигоҳ дошта шуда, ба онҳо муомилаи муносиб ба синну сол ва вазъи ҳуқуқиашон таъмин карда мешавад.
- Ҳангоми дастгир шудан ё адои ҷазо намудан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баробари шаҳрвандони ин давлат аз ҳуқуқи якхелаи дидорбинӣ бо аъзои оилаи худ истифода мебаранд.
- Дар ҳама маврид, ҳангоми аз озодӣ маҳрум шудани муҳоҷири меҳнатӣ, мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор мушкилоте, ки аъзои оила, аз ҷумла ҳамсар ва кӯдакони хурдсоли ӯ дучор хоҳанд шуд, ба назар мегиранд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, агар мувофиқи қонуни дар давлати кори кироя ё давлати транзит амалкунанда мавриди ягон шакли дастгиркунӣ ё ҳабс қарор гиранд, онҳо айнан аз ҳамон ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки шаҳрвандони ин давлатҳо дар вазъияти монанд бархурдоранд.
- Агар муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ бо мақсади муқаррар кардани вайронкунии ин ё он қоидаҳои муҳоҷират дастгир гарданд, онҳо ҳеҷ гуна хароҷоти ба ин амал алоқамандро ба уҳда надоранд.
Моддаи 18
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар қатори шаҳрвандони давлати дахлдор дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳангоми эълони ҳама гуна айбдории ҷиноятӣ ё муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар ҷараёни мурофиаи судӣ, онҳо барои муҳокимаи одилонаи парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, ҳуқуқ доранд.
- Нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар содир кардани ҷиноят айбдор мешаванд, то замони мувофиқи қонун исбот гардидани гунаҳгориашон фарзияи бегуноҳӣ амал мекунад.
- Ҳангоми ба онҳо пешниҳод кардани ҳама гуна айбдоркунии ҷиноятӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ҳадди ақал ба кафолатҳои зерин ҳуқуқ доранд:
а) бе таъхир ва муфассал, бо забони ба онҳо фаҳмо дар бораи хусусият ва асосҳои айби эълонгардида иттилоот дошта бошанд;
- b) барои омода кардани ҳимояи худ ва мулоқот бо адвокате, ки худи онҳо интихоб кардаанд, муҳлат ва имкониятҳои кофӣ дошта бошанд;
с) бе таъхири беасос мавриди муҳокимаи суд қарор дода шаванд;
- d) муҳокимаи судӣ дар ҳузури онҳо гузарад, худро шахсан ё ба воситаи адвокате, ки худи онҳо интихоб кардаанд, ҳимоя кунанд; агар онҳо адвокат надошта бошанд, оид ба ин ҳуқуқ огоҳонида шаванд, аз хизмати адвокати ба онҳо таъингардида, вақте ки манфиатҳои адолати судӣ онро талаб менамояд, дар ҳама ҳолат ва ба таври ройгон, ҳангоме ки барои пардохти чунин хизматҳо маблағи кофӣ надоранд, истифода баранд;
е) шоҳидони зидди онҳо нишондод додаро пурсиш намоянд ё барои пурсиш намудани онҳо ҳуқуқ дошта бошанд, барои даъват ва пурсиши шоҳидони ба ҷонибдории онҳо нишондоддиҳанда бо ҳамаи шарту шароите, ки барои шоҳидони зидди онҳо шоҳидӣ дода таъмин буданд, ҳуқуқ дошта бошанд;
- f) агар онҳо забони дар суд истифодашавандаро нафаҳманд ё бо он гап зада натавонанд, ҳуқуқ доранд аз ёрии тарҷумон ба таври ройгон истифода баранд;
- q) барои додани нишондод ба муқобили худ ё эътироф кардани гуноҳи худ маҷбур карда нашаванд.
- Дар муносибат ба ноболиғон мурофиа бояд тарзе сурат гирад, ки синну сол ва зарурияти ёрӣ расондан барои аз нав тарбия намудани онҳо ба инобат гирифта шавад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудаанд, барои аз нав баррасӣ шудани маҳкумшавӣ ва ҳукми онҳо аз тарафи мақомоти болоии судӣ мувофиқи қонун ҳуқуқ доранд.
- Агар муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ бо қарори ниҳоӣ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ва агар ҳукми барои ӯ бароварда баъдтар бар асоси ягон ҳолати нав ё нав ошкоршуда мавҷуд будани хатои судиро бе шакку шубҳа исбот менамояд, бекор карда шуда бошад ё авф карда шуда бошад, он гоҳ шахсе, ки дар натиҷаи чунин маҳкумкунӣ ҷазо дидааст, ҷубронпулӣ мегирад, агар исбот карда нашавад, ки ҳолати номаълуми мазкур пурра ё қисман бо айби шахси дахлдор сари вақт ошкор карда нашудааст.
- Муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯро барои ҷинояте, ки ӯ мувофиқи қонун ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии давлати дахлдор қатъӣ маҳкум ё сафед карда шуда буд, такроран суд кардан ё ҷазо додан мумкин нест.
Моддаи 19
- Муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ набояд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф карда шаванд, агар он дар натиҷаи ҳаракат ё беҳаракатие содир шуда бошад, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи дохилидавлатӣ ё ҳуқуқи байналмилалӣ кирдори мазкур дар лаҳзаи содиршавӣ ҷиноят ҳисоб намешуд; ҳамчунин набояд ҷазои вазнинтар аз оне, ки дар лаҳзаи содиршавии кирдор татбиқ мегардид, таъин карда шавад. Агар баъди содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ қонун ҷазои нисбатан сабуктарро муқаррар намуда бошад, он гоҳ амали ин қонун ба ӯ татбиқ мегардад.
- Ҳангоми баровардани ҳукм барои ҳуқуқвайронкуние, ки муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ содир кардаааст, мулоҳизаҳои инсондӯстие, ки ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқи истиқомат ё кор ёфтан тааллуқ доранд, бояд ба назар гирифта шаванд.
Моддаи 20
- Иҷро накардани ягон уҳдадориҳои шартномавӣ набояд асос барои ҳабс гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ гардад.
- Иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз созишномаи меҳнатӣ бармеоянд, набояд асос барои маҳрум сохтани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз иҷозатномаи истиқомат ё кор ё боиси берун кардани онҳо гардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷрои чунин уҳдадорӣ яке аз шартҳои гирифтани чунин иҷозатнома бошад.
Моддаи 21
Ғайр аз шахси мансабдори давлатӣ, ки қонун ба ӯ салоҳиятҳои дахлдорро додааст, ҳеҷ кас наметавонад бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи ворид шудан ё буду бош, истиқомат ё сокин шудан дар қаламрави миллӣ, ё иҷозатномаи корро мусодира намояд, нобуд созад ё кӯшиши нобуд сохтан намояд. Ҳама гуна мусодираи иҷозатдодашудаи чунин ҳуҷҷатҳо набояд бе додани забонхати муфассал ба амал бароварда шавад. Дар ягон ҳолат ба нобуд кардани шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳои ба он монанди муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ роҳ дода намешавад.
Моддаи 22
- Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чораҳои берункунии дастҷамъона татбиқ намегардад. Ҳар як ҳолати берун кардан бо тартиби инфиродӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҳудуди давлати иштирокчӣ танҳо бо мақсади ба иҷро расонидани қароре, ки мақоми салоҳиятдор мувофиқи қонун қабул кардааст, мумкин аст берун карда шаванд.
- Чунин қарор бо забони фаҳмо ба маълумоти онҳо расонида мешавад. Дар ҳолати ҳатмӣ набудани чунин маълумотдиҳӣ, бо хоҳиши онҳо қарор дар шакли хаттӣ ба маълумоташон расонида мешавад, ҳангоми мавҷуд набудани ҳолатҳои истисноие, ки ба манфиатҳои амнияти давлатӣ алоқаманданд, сабабҳои қабул карда шудани чунин қарор низ хабар дода мешавад. Шахсони манфиатдор оид ба ин ҳуқуқҳо то баровардан ва аз рӯи зарурат ҳангоми баровардани қарор, огоҳ карда мешаванд.
- Ба истиснои ҳолатҳое, ки қарори ниҳоиро мақомоти судӣ мебарорад, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд далелҳоро муқобили берун карда шудан ва аз нав дида баромадани парвандаашон аз тарафи мақоми салоҳиятдор пешниҳод созанд, агар манфиатҳои олии амнияти давлатӣ чизи дигарро талаб накунад. То анҷоми аз нав дида баромадани парванда шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба манъи қарори берункунӣ дархост пешниҳод намоянд.
- Агар қарори иҷрошуда оид ба берун кардан баъдтар бекор карда шавад, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд мувофиқи қонун дар бораи ҷубронпулӣ дархост пешниҳод намоянд ва қарори пештар қабулшуда наметавонад барои такроран ба ҳамин давлат ворид шудани онҳо монеа гардад.
- Дар ҳолати берун кардан ба шахсони дахлдор пеш аз берун шудан ё баъди берун шудан имконияти муносиб барои ҳаллу фасл намудани ҳама гуна даъвоҳои вобаста ба музди кор ё дигар маблағҳое, ки бояд ба онҳо пардохта шаванд ва ҳамагуна уҳдадориҳои ба иҷро нарасида, дода мешавад.
- Бе зарар расондан ба иҷрои қарор оид ба берун кардан, муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, ки қарори мазкур нисбати ӯ татбиқ мегардад, метавонад барои ворид шудан ба давлати дигар, ба ғайр аз давлати аслиаш иҷозат пурсад.
- Дар ҳолати берун кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ онҳо хароҷоти вобаста ба берункуниро ба дӯши худ намегиранд. Ба шахси дахлдор мумкин аст талабот оид ба пардохти хароҷоти сафараш пешниҳод гардад.
- Чораи берун кардан аз давлати кори кироя ба ҳамаи ҳуқуқҳои муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, ки мувофиқи қонунҳои ин давлат ба даст овардаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани музди кор ва маблағҳое, ки бояд ба ӯ пардохта шаванд, зарар намерасонад.
Моддаи 23
Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми вайрон гардидани ҳуқуқҳои ҳамин Конвенсия эътирофкарда, ҳуқуқ доранд, ки аз муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии худ ё давлате, ки манфиатҳои ин давлатро намояндагӣ мекунад, ҳимоя ва кӯмак гиранд. Махсусан шахси дахлдор ҳангоми берункунӣ бидуни таъхир оид ба ин ҳуқуқ огоҳ карда шуда, ҳукумати давлате, ки шахс аз ҳудуди он берун карда мешавад, барои ба амал баровардани ин ҳуқуқ мусоидат менамояд.
Моддаи 24
Ҳар кадом муҳоҷири меҳнатӣ ва ҳар кадом аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ дар ҳама ҷо ҳуқуқ доранд, ки субъекти ҳуқуқӣ будани онҳо эътироф карда шавад.
Моддаи 25
- Муҳоҷирони меҳнатӣ аз муомилаи на камтар мусоидаткунандае истифода мебаранд, ки нисбат ба шаҳрвандони давлати кори кироя дар масъалаҳои пардохти музди меҳнат ва:
а) дигар шароитҳои кор, яъне: кори зиёда аз вақти кор, вақти корӣ, истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатиҳои пардохтшаванда, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ, қатъи муносибатҳои байниҳамдигарии меҳнатӣ ва ҳама гуна шароити дигари меҳнат, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия ин мафҳум паҳн мегардад;
- b) шароитҳои дигари шуғл, махсусан: ҳадди аққали синни шуғл, маҳдудияти кори хонагӣ ва дигар масъалаҳое, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия шароити шуғл ба ҳисоб мераванд.
- Дар шартномаҳои хусусии кироя рад намудани принсипи муносибати баробар, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтааст, ғайриқонунӣ мебошад.
- Давлатҳо – иштирокчиён тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд, то шароитеро муҳаё созанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ягон ҳуқуқи ба принсипи мазкур асосёфта аз рӯи ягон номувофиқатӣ дар мақоми иқомат ё шуғл маҳрум нашаванд. Махсусан, корфармоён аз ягон уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ё шартномавӣ озод намешаванд, уҳдадориҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ бинобар чунин номувофиқатӣ маҳдуд намегардад.
Моддаи 26
- Давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқҳои зерини муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро эътироф мекунанд:
а) иштирок дар маҷлисҳо ва чорабиниҳои иттифоқҳои касаба ва ҳама гуна иттиҳодияҳои дигар, ки мувофиқи қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар манфиатҳо таъсис дода шудаанд, бо риоя кардани танҳо қоидаҳои созмони дахлдор;
- b) озодона дохил шудан ба ҳама гуна иттифоқҳои касаба ва ҳар навъи иттиҳодияҳои дар боло номбаршуда, бо риоя кардани танҳо қоидаҳои созмони дахлдор;
с) барои ёрӣ ва дастгирӣ муроҷиат кардан ба ҳама гуна иттифоқи касаба ва ҳар навъи иттиҳодияи дар боло номбаршуда.
- Барои амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо ҳеҷ гуна маҳдудият гузоштан мумкин нест, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст ва дар ҷомеаи демократӣ барои таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.
Моддаи 27
- Он чи ки марбут ба таъминоти иҷтимоӣ аст, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давлати кори кироя аз ин ҳуқуқҳо баробари шаҳрвандони он ба дараҷае, ки онҳо талаботи пешбининамудаи қонунгузории татбиқшавандаи ин давлат ва шартномаҳои татбиқшавандаи дуҷониба ё бисёрҷонибаро иҷро менамоянд, истифода мебаранд. Мақомоти салоҳиятдори давлати аслӣ ва давлати кори кироя метавонанд ҳар вақт расмиёти заруриро барои муайян намудани шароитҳои татбиқи ин меъёр муқаррар созанд.
- Дар мавридҳое, ки қонунгузории татбиқшаванда барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ ба кӯмакпулиро пешбинӣ накунад, давлатҳои дахлдор дар асоси муносибати баробар бо шаҳрвандони худ имконияти ба шахсони манфиатдор ҷуброн кардани маблағҳои аъзоҳаққиеро, ки онҳо дар робита бо ин кӯмакпулӣ додаанд, баррасӣ мекунанд.
Моддаи 28
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баробари шаҳрвандони давлати дахлдор барои гирифтани ҳама гуна ёрии тиббӣ, ки барои нигоҳдории ҳаёт ё пешгирии зарари ислоҳнопазири ба саломатии онҳо таҳдидкунанда бениҳоят зарур аст, ҳуқуқ доранд. Ба онҳо рад намудани расондани чунин ёрии таъҷилии тиббиро бинобар сабаби ягон тағйироте дар вазъи иқомат ё шуғл мумкин нест.
Моддаи 29
Ҳар як кӯдаки муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани ном, сабти таваллуд ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 30
Ҳар як кӯдаки муҳоҷири меҳнатӣ баробари шаҳрвандони давлати дахлдор ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Ба муассисаҳои томактабии таълимии давлатӣ ё мактабҳо рафтани онҳо набояд ба сабаби мавҷуд набудани вазъи доимӣ, аз ҷумла иқомат ё шуғли яке аз волидон, ё ба сабаби набудани вазъи доимӣ, аз ҷумла иқомати чунин кӯдак дар давлати кори кироя рад ё маҳдуд карда карда шавад.
Моддаи 31
- Давлатҳои иштирокчӣ чунин шароитеро таъмин менамоянд, ки ба фарҳанги махсуси муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо эҳтиром гузошта шавад ва ба онҳо барои нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангӣ бо давлати аслиашон монеа эҷод нагардад.
- Давлатҳои иштирокчӣ метавонанд бо мақсадҳои кӯмак расондан ва мусоидат намудан ба кӯшишҳо дар ин самт тадбирҳои заруриро андешанд.
Моддаи 32
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо анҷом ёфтани буду бошашон дар давлати кори кироя ҳуқуқ доранд, ки маблағу пасандозҳои худро интиқол диҳанд ва мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи давлати дахлдор молу мулк ва ашёи шахсии худро берун баранд.
Моддаи 33
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд аз давлати аслӣ, давлати кори кироя ё давлати транзит вобаста ба шароит иттилоотеро дастрас созанд, ки ба ин масъалаҳо дахл дорад:
а) ҳуқуқҳои онҳо, ки аз ҳамин Конвенсия бармеоянд;
- b) шароити буду бош, ҳуқуқу вазифаҳои онҳо мувофиқи қонун ва амалияи давлатҳои дахлдор ва дигар масъалаҳои ба ин монанд, ки ба онҳо имконият медиҳанд, то тартиботи маъмурӣ ва ғайраро дар ин давлат риоя созанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳоеро, ки мувофиқи мақсад мешуморанд, барои паҳн намудани маълумоти мазкур ё таъмини пешниҳоди он аз ҷониби кироягирон, иттифоқҳои касаба ё мақомоту муассисаҳои дигари дахлдор меандешанд. Дар мавридҳои зарурӣ онҳо бо дигар давлатҳои манфиатдор ҳамкорӣ менамоянд.
- Чунин маълумоти комилан мувофиқ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо бо хоҳиши онҳо ройгон ва ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо фаҳмида метавонанд, пешниҳод мешавад.
Моддаи 34
Ҳеҷ як муқаррароти ин қисми Конвенсия муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро аз уҳдадории риоя намудани қонунҳо ва қоидаҳои ҳар кадом давлатҳои транзит ва давлати кори кироя ё аз уҳдадории эҳтиром намудани фарҳанги махсуси аҳолии чунин давлатҳо озод намекунад.
Моддаи 35
Ягон чиз дар ин қисми Конвенсия набояд чун дарназардорандаи муқаррарсозии мақоми доимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ надоранд, ё ягон ҳуқуқе барои
гирифтани чунин вазъи доимӣ, тафсир карда шавад, ҳамчунин набояд барои иҷрои тадбирҳое, ки ба фароҳам овардани шароити оқилона ва одилона ба муҳоҷирати байналмилалӣ тибқи муқаррароти қисми VI ҳамин Конвенсия нигаронида шудаанд, монеъ гардад.
ҚИСМИ IV
Дигар ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дорои ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ мебошанд
Моддаи 36
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дорои ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ дар давлати кори кироя мебошанд, ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки дар қисми III муқаррар шудаанд, аз ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки дар ин қисми Конвенсия муқаррар гардидаанд.
Моддаи 37
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд ҳанӯз то сафар кардан ё на дертар аз ворид шудан ба давлати кори кироя аз тарафи давлати аслӣ ё давлати кори кироя вобаста ба ҳолати мушаххас дар бораи тамоми шароитҳои иҷозати онҳо, махсусан оид ба шароитҳои буду бош ва фаъолияти муздноке, ки онҳо метавонанд машғул шаванд, инчунин доир ба талаботе, ки онҳо бояд дар давлати кори кироя риоя намоянд ва мақомоте, ки онҳо бояд бо мақсади ягон навъи тағйирёбии ин шароитҳо муроҷиат кунанд, пурра огоҳ карда шаванд.
Моддаи 38
- Давлатҳои кори кироя тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки вобаста ба ҳолати мушаххас ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иҷозат диҳанд, ки бе расонидани зарар ба иҷозатномаи буду бош ё кор, муваққатан он ҷоро тарк кунанд. Дар ин ҳолат давлатҳои кори кироя эҳтиёҷот ва уҳдадориҳои хосаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, махсусан дар давлатҳои аслӣ, ба эътибор мегиранд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар бораи шароитҳои додани иҷозатнома барои муваққатан он ҷоро тарк кардан, пурра маълумот дошта бошанд.
Моддаи 39
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо аз ҳуқуқҳои озодона рафту омад кардан дар қаламрави давлати кори кироя ва интихоби озодонаи ҷои истиқомат дар он истифода мебаранд.
- Ҳуқуқҳои дар банди 1 ҳамин модда зикрёфта, мавриди ҳеҷ гуна маҳдудкунӣ қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ гардида, барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар заруранд ва бо ҳуқуқҳои дигари дар ин Конвенсия эътирофшуда, мувофиқ мебошанд.
Моддаи 40
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади таъмин ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар манфиатҳо дар давлатҳои кори кироя иттиҳодияҳо ва иттифоқҳои касаба таъсис диҳанд.
- Истифода аз ин ҳуқуқ мавриди ҳеҷ гуна маҳдудият қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public) ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.
Моддаи 41
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаёти ҷамъиятии давлати буду бошашон иштирок намоянд, дар ин давлат мувофиқи қонунгузории он интихоб кунанд ва интихоб шаванд.
- Ба давлатҳое, ки муқаррароти мазкур дахл дорад, аз рӯи зарурат ва мувофиқи қонунгузории худ барои амалишавии ин ҳуқуқ мусоидат мекунанд.
Моддаи 42
- Давлатҳои иштирокчӣ масъалаи созмон додани расмиёт ё муассисаҳоеро, ки тавассути онҳо чи дар давлати аслӣ ва чи дар давлати кори кироя эҳтиёҷоти махсус, майлу хоҳиш ва уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мумкин аст ба эътибор гирифта шаванд, баррасӣ намуда, дар ҳолатҳои дахлдор имкониятеро пешбинӣ мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ин муассисаҳо намояндагони ба таври озод интихобнамудаи худро дошта бошанд.
- Давлатҳои кори кироя мувофиқи қонунгузории миллии худ ба он мусоидат менамоянд, ки ҳангоми қабули қарорҳои марбут ба зист ва идоракунии ҷамеаҳои маҳаллӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо машварат карда шавад ё онҳо дар қабули чунин қарорҳо иштирок намоянд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар давлати кори кироя аз ҳуқуқҳои сиёсӣ истифода баранд, агар ин давлат дар ба амал баровардани соҳибихтиёрии худ ба онҳо чунин ҳуқуқҳоро пешниҳод намояд.
Моддаи 43
- Муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳрвандони давлати кори кироя аз низоми баробар истифода мебаранд, аз ҷумла:
а) дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасониҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигари нисбати муассиса ва хизматрасониҳои дахлдор амалкунанда;
- b) дастрасӣ ба хадамоти раҳнамоии касбӣ ва кортаъминкунӣ;
с) дастрасӣ ба муассисаҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ;
- d) таъмин бо манзил, аз ҷумла манзиле, ки аз рӯи барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва ҳимоя аз истисмор тавассути пардохти иҷорапулӣ барои манзил, пешниҳод мегардад;
- e) дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ бо шарти риоя намудани талаботе, ки барои иштирок дар барномаҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад;
- f) дастрасӣ ба кооперативҳо ва муассисаҳои худидора, ки тағйири вазъи онҳоро ҳамчун муҳоҷир дар назар надорад, бо шарти риоя намудани меъёрҳо ва қоидаҳои кооператив ва муассисаҳои дахлдор;
- g) дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок дар он.
2.Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини баробарии ҳақиқии вазъ шароит фароҳам меоранд, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, дар ҳама ҳолатҳо, вақте ки шароити аз тарафи давлати кори кироя муқарраргардидаи буду боши онҳо ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ бошад, истифода бурда тавонанд.
- Давлатҳои кори кироя ба кироягир – муҳоҷирони меҳнатӣ дар фароҳам овардани шароити манзилӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои онҳо монеа эҷод намесозанд. Дар асоси моддаи 70 ҳамин Конвенсия давлати кори кироя метавонад фароҳам овардани чунин шароитро бо талаботе вобаста созад, ки онҳо одатан дар ин давлат истифода бурда мешаванд.
Моддаи 44
- Давлатҳои иштирокчӣ бо эътирофи он, ки оила ҷузъи табиӣ ва асосии ҷамъият буда, барои ҳимоя гардидан аз тарафи ҷамъият ва давлат ҳуқуқ дорад, барои таъмини ҳимояи ягонагии оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои заруриро меандешанд.
- Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади мусоидат намудан ба пайвастани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳамсарони худ ё шахсоне, ки бо муҳоҷири меҳнатӣ дар муносибатҳое мебошанд, ки тибқи ҳуқуқи татбиқёбанда мумкин аст ба никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин бо фарзандони ноболиғи онҳо, ки никоҳ надоранд, тадбирҳоеро ба амал мебароранд, ки онҳо зарур мешуморанд ва ба доираи салоҳияташон дохил мешаванд.
- Давлатҳои кори кироя бо дарназардошти андешаи инсондӯстӣ масъалаи фароҳам овардан низоми баробарро бо дигар аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи муқаррароти банди 2-и ҳамин модда ба тариқи мусбат баррасӣ мекунанд.
Моддаи 45
- Аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати кори кироя аз низоми баробар бо шаҳрвандони ин давлат истифода мебаранд, дар иртибот бо:
а) дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасониҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигаре, ки нисбати ин муассисаҳо ва хизматрасониҳои дахлдор амал мекунанд;
- b) дастрасӣ ба муассиса ва идораҳои тайёрӣ ва роҳнамоии касбӣ бо шарти ба иҷро кардани талабот оид ба иштирок;
с) дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ бо шарти риоя намудани талаботе, ки нисбат ба иштирок дар барномаҳои дахлдор пешбинӣ карда мешаванд;
- d) дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок дар он.
- Давлатҳои кори кироя ҳангоме, ки ин бамаврид дониста шавад, дар ҳамкорӣ бо давлати аслӣ сиёсатеро пеш мебаранд, ки ба ҷалб кардани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар низоми таълими мактабии маҳаллӣ махсусан таълими забони маҳаллӣ, ба онҳо равона шудааст.
- Давлатҳои кори кироя кӯшиш мекунанд, ки барои ба фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ таълим додани забони модариашон ва шинос намудани онҳо бо фарҳанги аслӣ (модарӣ) мусоидат намоянд, давлатҳои аслӣ бошад дар ин бобат вақте ки зарурат пеш ояд, ҳамкорӣ мекунанд.
- Давлатҳои кори кироя метавонанд барномаҳои махсуси таълимиро ба забони модарии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар мавриди зарурат ҳамкорӣ бо давлати аслӣ ташкил намоянд.
Моддаи 46
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо дарназардошти қонунгузории татбиқшавандаи давлатҳои дахлдор, инчунин созишномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлатҳои дахлдор оид ба ин масъала, ки аз иштирок дар иттиҳодияҳои гумрукӣ бармеоянд, барои содироту воридоти амволи шахсӣ, ашёҳои таъиноти маишӣ, инчунин ашёҳое, ки барои амалӣ намудани фаъолияти музднок заруранд ва барои онҳо дар давлати кори кироя иҷозат дода мешавад, аз пардохти боҷ озод карда мешаванд, аз ҷумла:
а) ҳангоми баромадан аз давлати аслӣ ё давлате, ки маъмулан истиқомат мекунанд;
- b) ҳангоми бори аввал иҷозат гирифтан ба давлати кори кироя;
с) ҳангоми пурра баромадан аз давлати кори кироя;
- d) ҳангоми пурра бозгаштан ба давлати аслӣ ё давлате, ки маъмулан истиқомат мекунанд.
Моддаи 47
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, ки маблағҳои бадастоварда ва пасандозҳои худро, аз ҷумла маблағҳое, ки барои нигоҳ доштани оилаи онҳо заруранд, аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё ҳар кадом давлати дигар интиқол диҳанд. Чунин интиқол бояд мувофиқи расмиёти муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшавандаи давлати дахлдор ва созишномаҳои байналмилалии татбиқшаванда амалӣ карда шаванд.
- Давлатҳои дахлдор барои осон намудани чунин интиқолҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.
Моддаи 48
- Бе расондани зарар ба созишномаҳои татбиқшаванда оид ба бартараф намудани андозбандии дукарата, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хусуси музди кор дар давлати кори кироя:
а) бо ҳама гуна андоз, боҷу пардохтҳо новобаста аз хусусияташон, ки аз андоз, боҷу пардохти дар ҳолатҳои шабеҳ барои шаҳрвандони худашон муқарраршуда баландтар ё вазнинтар мебошад, андозбандӣ карда намешаванд;
- b) барои сабукӣ додан ё озод кардан аз ҳама гуна андозҳо новобаста аз хусусияташон, ба ҳама гуна тахфифҳои андозӣ, ки ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои шабеҳ, аз ҷумла тахфифҳои андозӣ ба шахсони дар таъминоти онҳо буда - аъзои оилаҳои онҳо пешниҳод мегардад, ҳуқуқ доранд.
- Давлатҳои иштирокчӣ андешидани тадбирҳои заруриро бо мақсади бартараф намудани андозбандии дукарата аз музди кор ва пасандозҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таъмин месозанд.
Моддаи 49
- Агар мувофиқи қонунгузории миллӣ барои истиқомат ва кори кироя иҷозати алоҳида пешбинӣ шуда бошад, давлатҳои кори кироя ба муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозати истиқоматро то ҳадди имкон барои даврае медиҳанд, ки ба муҳлати ба онҳо додашудаи амали иҷозатномаи машғул шудан ба кори музднок баробар бошад.
- Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба онҳо дар давлати кори кироя озодона интихоб кардани навъи фаъолияти музднок иҷозат дода мешавад, танҳо бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти музднокашон то гузаштани муҳлати амали иҷозатномаи кор ё иҷозатномаҳои шабеҳи онҳо, вазъи доимӣ ё иҷозатномаи истиқоматро гумкарда ба ҳисоб намераванд.
- Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии дар банди 2-и ҳамин модда зикрёфта пешниҳод кардани вақти кофӣ барои ҷустуҷӯи навъи дигари фаъолияти музднок, то ҳадди имкон иҷозатномаи истиқомати онҳо дар давоми давраи мувофиқ ба муҳлате, ки тӯли он мумкин аст онҳо ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ дошта бошанд, бекор карда намешавад.
Моддаи 50
- Ҳангоми вафоти муҳоҷири меҳнатӣ ё бекор шудани никоҳ, давлати кори кироя масъалаи ба аъзои оилаи ин муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар ин давлат дар асоси пайвастани оила истиқомат доранд, пешниҳод намудани иҷозатномаи истиқоматро мусбат баррасӣ мекунад; давлати кори кироя муҳлате, ки дар давоми он дар ин давлат онҳо аллакай зиндагӣ кардаанд, ба эътибор мегирад.
- Ба аъзои оила, ки барояшон додани чунин иҷозатнома рад карда шудааст, то баромадан аз ин давлат муҳлати вақти оқилона дода мешавад, то онҳо тавонанд корҳои худро дар давлати кори кироя ба анҷом расонанд.
- Меъёрҳои бандҳои 1 ва 2-и ҳамин модда набояд ҳамчун маҳдудкунандаи ягон хел ҳуқуқ барои истиқомат ё кор, ки бо дигар асосҳо ба чунин аъзои оила аз рӯи қонунгузории давлати кори кироя ё аз рӯи шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи нисбат ба ин давлат татбиқшаванда пешниҳод шудааст, маънидод карда шавад.
Моддаи 51
Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар давлати кори кироя барояшон иҷозати озодона барои худ интихоб кардани фаъолияти музднок дода нашудааст, мақоми қонунӣ надошта ба ҳисоб намераванд ва иҷозатномаи истиқомати онҳо фақат ба сабаби қатъ ёфтани фаъолияти музднокашон то гузаштани муҳлати амали иҷозатномаи кор эътибори худро гум намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар иҷозатномаи истиқомат, фаъолияти муздноки мушаххас алоҳида пешакӣ қайд шуда бошад ва онҳо барои машғул шудан ба он роҳ дода шуда бошанд. Чунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар давоми муҳлати боқимондаи амали иҷозатномаи корашон барои ҷустуҷӯи кори дигари кироя, иштирок дар барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ ва азнавтайёркунӣ, бо дарназардошти шароит ё маҳдудиятҳое, ки дар иҷозатномаи кор пешакӣ муайян шудаанд, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 52
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд дар давлати кори кироя бо дарназардошти маҳдудият ва шартҳои дар поён зикргардида фаъолияти муздноки худро озодона интихоб кунанд.
- Давлати кори кироя нисбат ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ метавонад:
а) барои категорияҳои (дараҷаҳои) кори кироя, вазифаҳо, навъи машғулият ё фаъолият ҳангоми ба манфиатҳои ин давлат зарур будан ва дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидан, маҳдудият муқаррар намояд;
- b) озодона интихоб кардани фаъолияти музднокро мувофиқи қонунгузории худ, ки ба эътирофи тахассуси касбии берун аз ҳудуди он гирифташуда дахл дорад, маҳдуд созад. Бо вуҷуди ин давлатҳои иштирокчии дахлдор кӯшиш мекунанд, ки эътироф гардидани чунин тахассусро таъмин намоянд.
- Нисбат ба муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи аз рӯи муҳлат маҳдуди корро гирифтаанд, давлати кори кироя метавонад инчунин:
а) ҳуқуқи озодона интихоб кардани фаъолияти муздноки худро пешниҳод созад, ба шарте, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар қаламрави он бо мақсади фаъолияти музднок дар давоми муҳлати дар қонунгузории миллии он пешбинишуда, ки набояд аз ду сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ карда бошад;
- b) бо мақсади амалӣ намудани сиёсат оид ба пешниҳоди афзалият ба шаҳрвандони худ ё шахсони бо онҳо бо ин мақсад омезишёфта (ассимилятсияшуда), аз рӯи амали қонунгузорӣ ё созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба дастрасии муҳоҷири меҳнатиро ба фаъолияти музднок маҳдуд созад. Ҳама гуна чунин маҳдудият нисбат ба муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар ҳудуди он бо мақсади фаъолияти музднок тайи муддати дар қонунгузории миллӣ пешбинигардида, ки набояд аз панҷ сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ мекунад, татбиқнопазир аст.
- Давлатҳои кори кироя шартҳоеро муқаррар менамоянд, ки мувофиқи онҳо муҳоҷири меҳнатии барои кори кироя ба кишвар иҷозатдодашуда метавонад барои интихоби озодонаи кор иҷозатнома гирад. Даврае, ки тӯли он муҳоҷири меҳнатӣ қонунӣ дар давлати кори кироя қарор дошт, ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 53
- Ба аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатие, ки худ дорои иҷозатномаи истиқомат ё рухсатномаи ворид шудан ба кишвар, ки муҳлаташ номаҳдуд ё худ ба худ таҷдидшаванда аст, интихоби озоди фаъолияти музднок бо ҳамон шартҳое, ки ба муҳоҷири меҳнатии мазкур мувофиқи моддаи 52-и ҳамин Конвенсия татбиқ мешаванд, иҷозат дода мешавад.
- Нисбат ба аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, ки барояшон озодона интихоб кардани фаъолияти музднок иҷозат дода нашудааст, давлатҳои иштирокчӣ ба онҳо барои гирифтани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти музднок нисбат ба он коргароне, ки барои ворид шудан ба давлати кори кироя бо дарназардошти созишномаҳои татбиқшавандаи дуҷониба ва бисёрҷониба рухсат гирифтан мехоҳанд, масъалаи пешниҳод кардани афзалиятро баррасӣ менамоянд.
Моддаи 54
- Бе расонидани зарар ба шароитҳое, ки ба онҳо иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи кор, инчунин ҳуқуқҳои дар моддаҳои 25 ва 27-и ҳамин Конвенсия пешбинишуда пешниҳод намудаанд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ низоми баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя пешниҳод мегардад, аз ҷумла:
а) ҳимояи аз кор озодкунӣ;
- b) кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
с) дастрасӣ ба барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ, ки бо мақсади мубориза бар зидди бекорӣ гузаронида мешаванд;
- d) дастрасӣ ба дигар кори кироя дар ҳолати аз даст додани кор ё қатъ гардидани навъи дигари фаъолияти музднок бо риояи муқаррароти моддаи 52-и ин Конвенсия.
- Агар муҳоҷири меҳнатӣ изҳор намояд, ки шартҳои созишномаи меҳнатии ӯ аз тарафи кироягир вайрон шудаанд, ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлати кори кироя мувофиқи шартҳое, ки дар банди 1-и моддаи 18-и ин Конвенсия зикр ёфтааст, бо дархости худ муроҷиат кунад.
Моддаи 55
Муҳоҷирони меҳнатие, ки барояшон иҷозатномаи машғул шудан ба ягон фаъолияти музднок дода шудааст, бо дарназардошти шартҳои додани чунин иҷозатнома, ба муносибати баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя барои ба амал баровардани ин фаъолияти музднок, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 56
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки ҳамин қисми Конвенсия нисбат ба онҳо паҳн мешавад, аз давлати кори кироя берун кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонунгузории миллии ин давлат пешбинӣ шудаанд ва бо риояи кафолатҳое, ки дар қисми III пешбинӣ гардидаанд.
- Истифода бурдани берун карда шудан бо мақсади маҳрум кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз ҳуқуқҳое, ки ба онҳо тавассути иҷозатномаи истиқомат ва иҷозатномаи кор пешниҳод шудааст, мумкин нест.
- Ҳангоми баррасии масъалаи берун кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, бояд андешаҳои инсондӯстӣ, инчунин муҳлати истиқомати шахси мазкур дар давлати кори кироя ба назар гирифта шавад.
ҚИСМИ V
Меъёрҳое, ки ба гуруҳҳои мушаххаси муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо татбиқ мешаванд
Моддаи 57
Гуруҳҳои мушаххаси муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар ҳамин қисми Конвенсия зикр ёфтаанд ва дорои ҳуҷҷат ё вазъи доимӣ мебошанд, аз ҳуқуқҳои дар қисми III дарҷгардида ва ба истиснои тағйироти дар поён зикргардида аз ҳуқуқҳои дар қисми қисми IV пешбинигардида истифода мебаранд.
Моддаи 58
- Коргарони наздисарҳадӣ, ки таърифашон дар банди 2 (а) моддаи 2 Конвенсияи мазкур дода шудааст, аз ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки дар қисми IV пешбини шудаанд ва ин ҳуқуқҳо нисбати онҳо мумкин аст ба сабаби будубош ва корашон дар ҳудуди давлати кори кироя ва бо дарназардошти он, ки онҳо дар ин давлат ҷои истиқомати муқаррариро надоранд, татбиқ карда шаванд.
- Давлатҳои кори кироя масъалаи пешниҳод намудани ҳуқуқи озодона интихоб кардани фаъолияти музднокро ба коргарони наздисарҳадӣ баъди гузаштани муҳлати муайяни вақт, хайрхоҳона баррасӣ мекунанд. Пешниҳоди чунин ҳуқуқ ба вазъи коргари наздисарҳадӣ будани онҳо таъсир расонад.
Моддаи 59
- Коргарони мавсимӣ, ки таърифашон дар банди 2 b) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия дода шудааст, аз ҳамаи ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд ва ин ҳуқуқҳо нисбат ба онҳо бо сабаби ҳузур доштан ва кор карданашон дар ҳудуди давлати кори кироя ва мувофиқ будан бо вазъи онҳо дар ин давлат ҳамчун коргарони мавсимӣ, яъне бо дарназардошти он, ки онҳо дар ин давлат танҳо як қисми сол ҳузур доранд, татбиқ карда мешавад.
- Давлати кори кироя бо дарназардошти банди 1-и ҳамин модда масъалаи ба коргарони мавсимӣ, ки дар ҳудуди он муҳлати зиёд ба кироя гирифта шуда буданд, пешниҳод намудани имконияти машғул шудан ба навъи дигари фаъолияти музднокро баррасӣ намуда, нисбат ба коргарони дигаре, ки кӯшиш мекунанд дар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи татбиқшаванда барои ворид шудан ба ин давлат иҷозатнома гиранд, ба онҳо бартарӣ медиҳад.
Моддаи 60
Коргароне, ки корашон ба рафту омад алоқаманд аст ва таърифашон дар банди 2 е) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия дода шудааст, аз ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд ва ин ҳуқуқҳо мумкин аст нисбат ба онҳо бо сабаби ҳузур доштан ва кор карданашон дар ҳудуди давлати кори кироя пешниҳод карда шавад ва онҳо бо вазъи коргарони корашон дар ин давлат ба рафту омад алоқамандбуда, мувофиқ мебошад.
Моддаи 61
- Коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда, ки таърифашон дар банди 2 (f) моддаи 2 Конвенсияи мазкур оварда шудааст ва аъзои оилаи онҳо дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қисми IV ба истиснои бандҳои 1 (b) ва (с)- и моддаи 43; банди 1(d) моддаи 43, ки марбут ба додани манзил тибқи барномаҳои таъмини иҷтимоӣ аст; банди 1 (b) моддаи 45 ва дар моддаҳои 52-55 пешбинӣ гардидаанд.
- Агар коргари дар лоиҳа коркунанда изҳор кунад, ки шартҳои шартномаи меҳнатии ӯ аз тарафи кироягир вайрон шудаст, ӯ ҳуқуқ дорад, ки бо дархости худ ба мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ин кироягир таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дорад, мувофиқи шартҳое, ки дар банди 1 моддаи 18-и ҳамин Конвенсия зикр ёфтаанд, муроҷиат намояд.
- Ба шарти риоя шудани меъёрҳое, ки нисбат ба давлатҳои дахлдори иштирокчии созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба амал мекунанд, ин давлатҳои иштирокчӣ кӯшиш менамоянд, ки ба коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда барои дар ҳимояи низоми таъмини иҷтимоии давлати аслии худ ё давлати истиқомати муқаррарb ҳангоми кор дар лоиҳаҳо мондан, имконият диҳанд. Давлатҳои иштирокчии дахлдор бо мақсади пешгирӣ кардани ягон хел радкунии ҳуқуқҳо ё пардохтҳои дукарата дар ин робита тадбирҳои дахлдорро меандешанд.
- Бо расонидани зарар ба меъёрҳои моддаи 47-и ҳамин Конвенсия, инчунин ба созишномаҳои мушаххаси дуҷониба ё бисёрҷониба давлатҳои иштирокчии дахлдор иҷозат медиҳанд, ки пардохти музди меҳнати коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда дар давлатҳои аслӣ ё давлати истиқомати муқаррарӣ ба амал бароварда шавад.
Моддаи 62
- Коргарони кирояи мақсаднок, ки таърифашон дар банди 2 q)-и моддаи 2 оварда шудааст, дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ тааллуқ дошта, дар қисми IV-и ҳамин Конвенсия пешбинӣ шудаанд, ба истиснои ҳуқуқҳои дар бандҳои 1 b) ва с)-и моддаи 43; банди 1 d)-и моддаи 43, ки пешниҳоди манзилро мувофиқи барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ дар бар мегиранд; моддаи 52 ва банди 1 d)-и моддаи 54 пешбинигардида.
- Аъзои оилаи коргари кирояи мақсаднок дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дошта, дар қисми IV-и ҳамин Конвенсия зикр гардидаанд, ба истиснои муқаррароти модаи 53.
Моддаи 63
- Муҳоҷирони меҳнатии бидуни кироя коркунанда, ки таърифашон дар банди 2 h) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия оварда шудааст, аз ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд, ба истиснои ҳуқуқҳое, ки танҳо ба коргарони шартномаи кироя дошта пешниҳод мешаванд.
- Бе расонидани зарар ба моддаҳои 52 ва 79-и ҳамин Конвенсия, қатъ ёфтани фаъолияти иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии бидуни кироя коркунанда боиси қатъ гардидани иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи фаъолияти музднок дар давлати кори кироя, ки ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо дода шудааст, намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозатномаи истиқомат бевосита ба намуди муайяни фаъолияти музднок, ки барои иҷрои он коргарон роҳ дода шудаанд, вобаста бошад.
ҚИСМИ VI
Мусоидат намудан барои фароҳам овардани шароити муътадил, одилона, инсондӯстона ва қонунӣ барои муҳоҷирати байналмилалии коргарон ва аъзои оилаи онҳо
Моддаи 64
- Бе расонидани зарар ба моддаи 79-и ҳамин Конвенсия давлатҳои иштирокчии манфиатдор дар ҳолатҳои дахлдор бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадил, одилона, инсондӯстона барои муҳоҷирати байналмилалии коргарон ва аъзои оилаи онҳо, бо ҳамдигар машварат ва ҳамкориҳо менамоянд.
- Аз ин рӯ, диққати зарурӣ на танҳо ба эҳтиёҷот ва захираҳои меҳнатӣ, балки ба эҳтиёҷҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, инчунин ба оқибатҳои чунин муҳоҷират барои ҷомеаҳои дахлдор, дода мешавад.
Моддаи 65
- Давлатҳои иштирокчӣ бояд хадамоти дахлдор оид ба масъалаҳои ба муҳоҷирати байналмилалии коргарон ва аъзои оилаи онҳо дахлдошта дошта бошанд. Баробари дигар вазифаҳо ба доираи вазифаи онҳо дохил мешаванд:
а) таҳия ва амалӣ намудани сиёсате, ки ба чунин муҳоҷират дахл дорад;
- b) мубодилаи иттилоот, машварат ва ҳамкориҳо бо ҳокимияти салоҳиятдори дигар давлатҳои иштирокчӣ, ки ин гуна муҳоҷират ба онҳо дахл дорад;
с) пешниҳоди иттилооти дахлдор, аз ҷумла ба кироягирандагон, коргарон ва ташкилотҳои онҳо дар бораи сиёсат, қонуну қоидаҳое, ки ба муҳоҷират ва кироя дахл доранд, оид ба созишномаҳо дар бахши муҳоҷират, ки бо дигар давлатҳо баста шудаанд ва, инчунин дигар масъалаҳои дахлдор;
- d) пешниҳоди иттилоот ва расондани ёрии зарурӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла оид ба иҷозатномаҳое, ки талаб карда мешаванд, расмиёту тартиби ба сафар баромадан, рафту омад ва ворид шудан ба сарҳад, буду бош, фаъолияти музднок, баромадан ва бозгаштан, инчунин иттилоот оид ба шароити меҳнат, зист дар давлати кори кироя ва дигар қонуну қоидаҳои зарурии гумрук, асъор, андоз ва дигарҳо.
- Давлатҳои иштирокчӣ дар ҳолатҳои дахлдор барои пешниҳоди хизматрасониҳои дахлдори консулӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо, ки барои қонеъ намудани талаботи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо заруранд, мусоидат мекунанд.
Моддаи 66
Ба шарти риоя шудани банди 2 ин модда ҳуқуқи пеш бурдани фаъолият бо мақсади ба киро гирифтани коргар дар давлати дигар танҳо ба мақомоти зерин тааллуқ дорад:
а) хадамоти давлатӣ ё мақомоти давлате, ки дар он чунин фаъолият пеш бурда мешавад;
- b) хадамоти давлатӣ ё мақомоти давлати кори кироя дар асоси созишномаи байни давлатҳои манфиатдор;
с) мақомоте, ки дар асоси созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба таъсис дода шудааст.
- Ба муассисаҳои эҳтимолии кироягиранда ё шахсони аз номи онҳо фаъолияткунанда низ ҳангоми мавҷуд будани ягон намуди иҷозатнома, ризоият ва зери назорати мақомоти давлатҳои иштирокчии манфиатдор, ки мувофиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи ин давлатҳо таъсис дода шудаанд, мумкин аст барои пеш бурдани чунин фаъолият иҷозат дода шавад.
Моддаи 67
- Давлатҳои иштирокчии манфиатдор дар ҳолатҳои дахлдор ҳангоми андешидани тадбирҳо оид ба бозгашти муташаккилона муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба давлати аслӣ, агар онҳо барои бозгаштан қарор қабул карда бошанд ё агар муҳлати иҷозатномаи истиқомат ё кор ба поён расида бошад ё агар онҳо дар давлати кори кироя бидуни вазъи доимӣ қарор дошта бошанд, ҳамкорӣ мекунанд.
- Дар муносибат бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки вазъи доимӣ доранд, Давлатҳои иштирокчии манфиатдор дар мавридҳои лозима оид ба шароитҳое, ки байни ин давлатҳо мувофиқа шудааст, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷойгиркунӣ ва осон намудани мутобиқшавии (ҳамгироии) иҷтимоию фарҳангӣ дар давлати аслӣ, ҳамкорӣ мекунанд.
Моддаи 68
- Давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла давлатҳои транзит ҷиҳати пешгирӣ ё барҳам додани рафту омад ё кирояи ғайриқонунӣ ё пинҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки вазъи доимӣ надоранд, ҳамкорӣ менамоянд. Тадбирҳое, ки бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти ҳар як давлати манфиатдор андешида мешаванд, инҳоро дар бар мегиранд:
а) тадбирҳои дахлдоре, ки бар зидди паҳнсозии иттилооти гумроҳкунанда оид ба масъалаҳои муҳоҷирати хориҷӣ;
- b) тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва роҳ надодани гузаштани ғайриқонунӣ ё пинҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва татбиқи ҷазои самарабахш бар зидди шахсон, гурӯҳҳо ё сохторҳое, ки ба ташкил, баамалбарорӣ ё кӯмак расондан ба чунин гузаштанҳо машғул мебошанд;
с) тадбирҳо оид ба қабули ҷазои самарабахш нисбат ба шахсон, гурӯҳи шахсон ё сохторҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки вазъи доимӣ надоранд, зӯроварӣ, таҳдид ё тарсонданро ба кор мебаранд.
- Давлатҳои кори кироя дар ҳудуди худ тамоми тадбирҳои дахлдор ва самарабахшро барои пешгирии кирояи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки вазъи доимӣ надоранд, меандешанд, аз ҷумла ҳангоми зарурат нисбат ба кироягирони чунин коргарон чораҳои ҷазоро истифода менамоянд. Тадбирҳои мазкур набояд ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ба киро гирифтан бармеоянд ва кироягирони онҳо зарар расонанд.
Моддаи 69
- Давлатҳои иштирокчӣ ҳангоми дар ҳудуди онҳо қарор доштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки вазъи доимӣ надоранд, тадбирҳои заруриро барои роҳ надодан ба идомаи чунин ҳолат меандешанд.
- Дар мавриде, ки давлатҳои иштирокчии манфиатдор имконияти ба тартиб даровардани ҳолати чунин шахсонро мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи миллӣ ё созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баррасӣ мекунанд, ҳолатҳои воридшавӣ, муҳлати буду боши онҳо дар давлати кори кироя ва дигар мулоҳизаҳои зарурӣ, махсусан мулоҳизаҳое, ки ба вазъи оилавии онҳо дахл доранд, ба таври дахлдор ба эътибор гирифта мешаванд.
Моддаи 70
Давлатҳои иштирокчӣ тадбирҳоеро меандешанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мусоид буда, аз тадбирҳои нисбат ба шаҳрвандони худӣ андешидашаванда кам набошанд ва барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки вазъи доимӣ доранд, чунин шароити меҳнат ва зиндагиро таъмин созанд, ки ба меъёрҳои дахлдор, техникаи бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва принсипҳои шаъну шарафи инсонӣ ҷавобгӯ бошанд.
Моддаи 71
- Давлатҳои иштирокчӣ дар ҳолати зарурӣ барои ба давлати аслӣ баргардондани ҷасади муҳоҷирони меҳнатӣ ё аъзои оилаи онҳо мусоидат мекунанд.
- Дар робита бо масъалаҳои ҷубронпулӣ, ки ба вафоти муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ дахл доранд, давлатҳои иштирокчӣ дар мавридҳои зарурӣ ба шахсони дахлдор барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳалли чунин масъалаҳо дар асоси қонунгузории амалкунандаи миллӣ, мувофиқи муқаррароти ҳамин Конвенсия ва ҳама гуна созишномаҳои дахлдори дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаллу фасл карда мешаванд.
ҚИСМИ VII. Татбиқи Конвенсия
Моддаи 72
- а) Бо мақсади назорат бурдан ба татбиқи Конвенсияи мазкур Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (минбаъд «Кумита» номида мешавад) таъсис дода мешавад;
- b) Кумита дар лаҳзаи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия аз даҳ нафар, аммо баъди эътибор пайдо кардани ин Конвенсия барои Давлати чилу якуми иштирокчӣ - аз чордаҳ коршинос, ки дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, беғаразӣ ва босалоҳиятии эътирофгардида дар соҳаҳои Конвенсия дарбаргиранда мебошанд, ташкил меёбад.
- а) Аъзои Кумита аз тарафи давлатҳои иштирокчӣ аз ҷумлаи рӯйхати номзадҳо, ки давлатҳои иштирокчӣ пешбарӣ кардаанд, бо овоздиҳии махфӣ интихоб карда мешаванд; дар ин ҳол тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ, аз ҷумлаи чӣ давлатҳои аслӣ ва чӣ давлатҳои кори кироя ва намояндагии низоми асосии ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳар кадом давлати иштирокчӣ метавонад як нафарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худаш пешбарӣ намояд;
- b) аъзоён бо ҳузури шахсии худ интихоб мешаванд ва адои вазифа мекунанд.
- Интихоби аввал на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия баргузор мешавад, интихоботи минбаъда бошад, баъди ҳар ду сол. Ҳадди ақал чор моҳ қабл аз таърихи баргузории ҳар як интихобот Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ нома фиристода дархост менамояд, ки дар давоми ду моҳ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд. Котиби генералӣ рӯйхате тартиб медиҳад, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсони ба ҳамин усул пешбарӣ кардашуда бо нишон додани давлатҳои иштирокчӣ, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, ва ин рӯйхатро на дертар аз як моҳ то таърихи баргузории интихоботи дахлдор якҷоя бо тарҷимаи ҳоли шахсони ба ҳамин тариқ пешбаришуда, ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод мекунад.
- Интихоботи аъзои Кумита дар машварати давлатҳои иштирокчӣ, ки аз тарафи Котиби генералӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват карда мешавад, гузаронида мешавад. Дар ин машварат, ки ҳузури аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ кворумро ташкил медиҳад, шахсҳои дар Кумита интихобшуда ҳамон номзадҳое ба ҳисоб мераванд, ки миқдори аз ҳама бештари овозҳо ва аксарияти мутлақи овозҳои давлатҳои иштироккунандаро, ки дар овоздиҳӣ ҳузур доранд ва иштирок мекунанд, мегиранд.
- а) Аъзоёни Кумита ба муддати чор сол интихоб карда мешаванд. Вале муддати ваколатҳои панҷ аъзое, ки ҳангоми интихоботи якум интихоб шудаанд, бо гузаштани танҳо ду сол анҷом меёбад; фавран баъди интихоботи якум ному насаби ин панҷ аъзо ба тариқи қуръакашӣ аз тарафи Раиси машварати давлатҳои иштирокчӣ интихоб карда мешаванд;
- b) интихоби чор аъзои иловагии Кумита тибқи муқаррароти бандҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда баъди эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур барои давлати чилу якум, гузаронида мешавад. Муддати ваколатҳои ду аъзои иловагӣ, ки дар ин маврид интихоб карда мешаванд, бо гузаштани ду сол анҷом меёбад; ному насаби ин аъзоён аз тариқи қуръакашии Раиси машварати давлатҳои иштирокчӣ интихоб карда мешаванд;
с) аъзоёни Кумита мумкин аст дар ҳоли такроран пешбарӣ шудани номзадиашон ба муддати нав интихоб карда шаванд.
- Агар узви Кумита вафот кунад ё истеъфо диҳад, ё изҳор намояд, ки бо ягон сабаб наметавонад вазифаҳои худро дар Кумита ба иҷро расонад, давлати иштирокчии номзадии ин коршиносро пешбарикарда, аз ҷумлаи шаҳрвандони худ коршиноси дигарро ба қисмати боқимондаи муҳлат таъин менамояд. Таъйиноти нав бояд аз тарафи Кумита тасдиқ карда шавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳайати шахсӣ ва шароити заруриро барои босамар ба амал баровардани вазифаҳои Кумита фароҳам месозад.
- Аъзоёни Кумита аз маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид мувофиқи шартҳое, ки Ассамблеяи Генералӣ муайян менамояд, мукофотпулӣ (музд) мегиранд.
- Аъзоёни Кумита ба имтиёзу сабукиҳо ва масунияти коршиносоне, ки супоришҳои Созмони Милали Муттаҳидро иҷро мекунанд ва дар фаслҳои дахлдори Конвенсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 73
- Давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои баррасӣ дар Кумита маърӯзаҳоро дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва ғайра, ки барои ба амал баровардани муқаррароти Конвенсияи мазкур қабул шудаанд, пешниҳод кунанд:
а) дар давоми 1 сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия барои давлати иштирокчии манфиатдор;
- b) минбаъд баъди ҳар 5 сол ва ҳар вақт ҳангоме, ки Кумита дар ин бора дархост намояд.
- Дар маърузаҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешниҳод мегарданд, омилҳо ва душвориҳо агар вуҷуд дошта бошанд, ки ба татбиқи ҳамин Конвенсия таъсир мерасонанд, инчунин маълумот дар бораи хусусияти ҷараёнҳои муҳоҷират, ки ба давлатҳои иштирокчӣ дахл доранд, нишон дода мешаванд.
- Кумита дастурҳои дигареро, ки марбут ба мазмуни маърӯзаҳо мебошад, қабул мекунад.
- Давлатҳои иштирокчӣ ошкоро будани маърӯзаҳои худро дар кишварашон таъмин менамоянд.
Моддаи 74
- Кумита маърӯзаҳоеро, ки ҳар кадом давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад, баррасӣ мекунад ва ба давлати иштирокчии манфиатдор ҳар мулоҳизаҳоеро, ки мувофиқи мақсад медонад, ирсол менамояд. Ин давлати иштирокчӣ метавонад ба Кумита мулоҳизаҳоро доир ба ҳар кадом шарҳе, ки Кумита мувофиқи хамин модда додааст, пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии ин маърӯзаҳо Кумита метавонад аз давлатҳои иштирокчӣ маълумоти иловагӣ талаб намояд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар вақти муносиб то оғози ҳар ҷаласаи навбатии Кумита ба Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат нусхаи маърӯзаҳоеро, ки давлатҳои иштирокчии дахлдор пешниҳод кардаанд бо маълумоти марбут ба баррасии ин маърӯзаҳо ирсол менамояд, то ба Бюро имкон диҳад, ки ба Кумита аз тариқи пешниҳод кардани нуқтаи назари коршиносон аз рӯи чунин масъалаҳое, ки ҳамин Конвенсия танзим мекунад ва дар доираи салоҳиятҳои Созмони байналмилалии меҳнат мебошанд, кӯмак расонад. Дар рафти кори худ Кумита мулоҳизаву маводи ирсолнамудаи Бюроро баррасӣ мекунад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид метавонад инчунин баъди машваратҳо бо Кумита ба муассисаҳои махсуси дигар ва инчунин ташкилотҳои байниҳукуматӣ нусхаи ҳамон қисмати маърӯзаҳои номбурдаро равона кунад, ки мазмунашон ба доираи салоҳияти онҳо дохил мешавад.
- Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва манфиатдори дигар пешниҳод кунад, ки дар бораи ҳамон масъалаҳое, ки дар доираи ихтиёри онҳо қарор доранду дар ҳамин Конвенсия танзим карда мешаванд, барои баррасӣ дар Кумита маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
- Кумита ба Бюрои байналмилалии меҳнат пешниҳод мекунад, ки намояндагонро барои иштирок дар ҷаласаҳои Кумита бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ таъин намояд.
- Кумита метавонад намояндагони дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда ва мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматиро даъват намояд, то ки онҳо дар ҷаласаҳои он ҳангоме, ки масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо баррасӣ мешаванд, ҳузур дошта бошанд ва шунида шаванд.
- Кумита маърӯзаи солонаро ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси иҷрои ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад, ки дар он нуқтаи назар ва тавсияҳое, ки аз ҷумла бар баррасиҳои маърӯзаҳо ва ҳар гуна мулоҳизаҳои Давлатҳои иштирокчӣ пешниҳодкарда асос ёфтаанд, дарҷ мегарданд.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳои ҳарсолаи Кумитаро ба давлатҳои иштирокчии ҳамин Конвенсия, Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ, Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Директори Генералии Бюрои байналхалқии меҳнат ва дигар ташкилотҳои дахлдор ирсол мекунад.
Моддаи 75
- Кумита қоидаҳои расмиёти махсуси худро қабул мекунад.
- Кумита шахсони мансабдори худро ба муддати ду сол интихоб мекунад.
- Кумита одатан ҷаласаҳои худро ҳар сол мегузаронад.
- Ҷаласаҳои Кумита одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегарданд.
Моддаи 76
- Давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия мувофиқи ҳамин модда метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасӣ кардани ахборот дар бораи он, ки як давлати иштирокчӣ эълом медорад, ки давлати иштирокчии дигар уҳдадориҳои марбут ба ин Конвенсия доштаи худро ба иҷро намерасонад, эътироф менамояд. Ахбороти дар ин модда пешбинишавандаро фақат дар ҳолате қабул ва баррасӣ кардан мумкин аст, ки онҳо аз тарафи давлати иштирокчие пешниҳод шудаанд, ки
дар бораи салоҳияти Кумитаро нисбат ба худ эътироф карданаш, изҳорот додааст. Кумита ахборотро қабул намекунад, агар онҳо ба давлати иштирокчие дахл дошта бошанд, ки чунин изҳорот содир накардааст. Ахбороти тибқи ҳамин модда гирифташуда мувофиқи расмиёти зайл баррасӣ карда мешаванд:
а) агар ягон давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия чунин шуморад, ки давлати иштирокчии дигар уҳададориҳои худро марбут ба ҳамин Конвенсия иҷро намекунад, вай ин масъаларо метавонад аз тариқи ахбори хаттӣ ба иттилои давлати иштирокчии мавриди назар расонад. давлати иштирокчӣ метавонад инчунин ин масъаларо ба иттилои Кумита расонад. Дар давоми се моҳ баъди гирифтани ахбор давлати гирандаи он ба давлати ирсолкунандаи ахбор баённома ё ҳар кадом дигар изҳоротро дар шакли хаттӣ бо баёни муфассали ин масъала ва то ҳадде, ки имкон дорад ва мувофиқи матлаб аст, нишон додани расмиёти дохилӣ ва тадбирҳои ислоҳ кардани вазъ, ки доир ба ин масъала андешида шуда буданд, андешида мешаванд ё мумкин аст андешида шаванд, пешниҳод менамояд;
- b) агар ҳалли масъала ҳар ду давлати иштироккунандаро дар давоми шаш моҳ баъди ахборро бори аввал гирифтани давлати гиранда қаноатманд накунад, ҳар кадом аз ин давлатҳо ҳуқуқ доранд масъаларо ба Кумита бо огоҳ намудани Кумита ва давлати дигар, ирсол намоянд;
с) Кумита масъалаи ба вай ирсолшударо танҳо баъди боварӣ ҳосил кардани он, ки ҳамаи воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқ доир ба ин масъала мутобиқи принсипҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ истифода ва сарф шудаанд, баррасӣ мекунад. Ин қоида дар ҳолатҳое амал нахоҳад кард, ки аз назари Кумита истифодаи ин воситаҳо беузр тӯл мекашад;
- d) бо риояи муқаррароти зербанди (с)-и ҳамин банд, Кумита ба давлати иштирокчии манфиатдор бо мақсади дӯстона ва бар асоси эҳтироми уҳдадориҳои дар ҳамин Конвенсия баёнёфта ҳаллу фасл намудани масъала, хизматҳои неки худро мерасонад;
е) ҳангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда, Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад;
- f) аз рӯи ҳар кадом масъалаи барои баррасӣ пешниҳодшуда мувофиқи зербанди (b) ҳамин модда Кумита метавонад ба давлати иштирокчии манфиатдори дар зербанди (b) зикрёфта, муроҷиат карда хоҳиш намояд, ки ҳар гуна маълумоти ба масъала алоқамандро пешниҳод кунад;
- g) Давлатҳои иштирокчии манфиатдор, ки дар зербанди (b)-и ҳамин банд зикр ёфтаанд, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми баррасии масъала дар Кумита намояндагӣ дошта бошанд ва ба тарзи шифоҳӣ ва ё хаттӣ гузориш диҳанд;
- h) Кумита дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ахбори аввалӣ, мутобиқи зербанди (b) ҳамин банд маърӯза пешниҳод мекунад:
- i) агар ҳаллу фасли масъала дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд муяссар шуда бошад, Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва ҳалли бадастомада маҳдуд мешавад;
- ii) агар ҳаллу фасли масъалаи дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд ба даст наояд, Кумита дар маърӯзаи худ далелҳои дахлдори марбут ба масъалае, ки байни давлатҳои иштирокчии манфиатдор ба вуҷуд омадааст, баён менамояд. Маълумотҳои хаттӣ ва сабти гузоришҳои шифоҳӣ, ки аз тарафи давлатҳои иштирокчӣ расидаанд, ба маърӯза замима карда мешаванд. Кумита ба иттилои давлатҳои иштирокчии манфиатдор метавонад инчунин ҳар гуна нуқтаи назаре, ки вай барои ҳалли масъалаи байни онҳо бавуҷудомада мумкин аст муҳим шуморад, расонад.
Дар ҳамаи ҳолатҳо гузориш ба давлатҳои иштирокчии дахлдор фиристода мешавад.
2.Муқаррароти ин модда вақте эътибор пайдо мекунад, ки даҳ давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия мутобиқи банди 1 ин модда изҳорот содир кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба давлатҳои иштирокчии дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби генералӣ бекор карда шавад. Чунин бекоркунӣ барои баррасии ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай ирсолшуда мебошад, монеа намегардад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъда аз ягон давлати иштирокчӣ доир ба ин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул нахоҳад шуд, фақат агар давлати иштирокчии манфиатдор изҳороти нав содир накарда бошад.
Моддаи 77
- Давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия метавонад ҳар вақт мутобиқи ҳамин модда изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро барои гирифтан ва баррасӣ кардани ахборот аз шахсони дар таҳти тобеияти ҳуқуқии вай қарордошта, дар хусуси он ки давлати иштирокчӣ ҳуқуқҳои шахсии онҳоро, ки ҳамин Конвенсия пешбинӣ мекунад, вайрон кардааст, эътироф менамояд. Кумита ҳеҷ гуна ахборотро, ки ба давлати иштирокчии чунин изҳорот содирнакарда дахл доранд, қабул намекунад.
- Кумита ҳар гуна ахборотро мутобиқи ҳамин модда, ки беном бошад ё ба назари вай иборат аз сӯиистифодабарӣ аз ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин ахборот бошад, ё бо муқаррароти ҳамин Конвенсия созгор набошад, қобили қабул намешуморад.
- Кумита ҳеҷ гуна ахборотро аз ягон шахс мутобиқи ҳамин модда мавриди баррасӣ қарор намедиҳад, агар боварӣ ҳосил накунад, ки:
а) худи ҳамин масъала тибқи расмиёти дигари муҳокима ё батанзимдарории байналмилалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ намешавад;
- b) шахси мазкур тамоми воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқиро истифода бурдааст; ин қоида дар мавридҳое амал намекунад, ки истифодаи чунин воситаҳо ба ақидаи Кумита, беасос тӯл мекашад ё эҳтимол дорад, ки ҳимояи самарабахши ин шахсро таъмин намесозад.
- Бо назардошти муқаррароти банди 2 ҳамин модда Кумита ҳар гуна ахбороти мутобиқи ҳамин модда ба он расонидашударо ба иттилои давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия, ки тибқи банди 1 изҳорот содир карда ва гӯё ин ё он муқаррароти ҳамин Конвенсияро вайрон мекунад, мерасонад. Дар давоми шаш моҳ давлати ин иттилоъро гирифта ба Кумита баённомаи хаттӣ ё изҳоротро бо шарҳи ин масъала ва ҳар гуна тадбире, ки дар ин бобат мумкин аст аз тарафи ин давлат андешида шуда бошад, пешниҳод мекунад.
- Кумита ахбороти мутобиқи ҳамин модда гирифтаро бо назардошти тамоми иттилооте, ки аз шахси дахлдор ё аз номи ӯ ва давлати иштирокчии дахлдор расидааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
- Ҳангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад.
- Кумита ақидаи худро ба давлати иштирокчӣ ва шахси дахлдор ирсол менамояд.
- Муқаррароти ҳамин модда вақте эътибор пайдо мекунад, ки даҳ давлати иштирокчии ин Конвенсия мутобиқи банди 1 ҳамин модда изҳорот содир кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба давлатҳои иштирокчии дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби генералӣ бекор карда шавад. Чунин бекоркунӣ набояд ба баррасии ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай ирсолшуда мебошад, зарар расонад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъдаи аз ҳар кадом шахс ё аз номи ӯ равонкардашуда мутобиқи ҳамин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул карда намешавад, агар давлати иштирокчии дахлдор изҳороти нав содир накарда бошад.
Моддаи 78
Муқаррароти моддаи 76 Конвенсияи мазкур бе зараре ба ҳама гуна расмиёти ҳалли ихтилофҳо ё баррасии шикоятҳо дар соҳаҳое, ки ҳамин Конвенсия дар бар гирифта ва дар ҳуҷҷатҳои таъсисии Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ё конвенсияҳои қабулкардаи он баён ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифта ба давлати иштирокчӣ барои чора ҷустан бо истифодаи ҳар гуна расмиёти ҳалли ихтилофҳо тибқи созишномаҳои байналмилалие, ки дар муносибати байни онҳо амал мекунанд, монеа намешаванд.
ҚИСМИ VIII. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 79
Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия ба ҳуқуқҳои ҳар кадом давлати иштирокчӣ оид ба муқаррар намудани меъёрҳои танзимкунандаи иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахолат намекунад. Дар робита бо масъалаҳои дигар, ки ба вазъу низоми ҳуқуқии онҳо ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад, Давлатҳои иштирокчӣ аз маҳдудиятҳое пайгирӣ мекунанд, ки дар ҳамин Конвенсия муқаррар карда шудаанд.
Моддаи 80
Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия набояд чун кам намудани аҳамияти муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки уҳдадориҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо нисбат ба масъалаҳои дар ҳамин Конвенсия баррасишаванда муайян мекунад, шарҳ дода шавад.
Моддаи 81
- Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия ҳуқуқ ё озодиҳои нисбатан васеъро, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар асоси:
а) қонун ё амалияи давлати иштирокчӣ; ё
- b) ҳама гуна шартномаи дуҷониба ё бисёрҷонибае, ки барои Давлати иштирокчии дахлдор эътибор дорад, пешниҳод мешавад, халалдор намесозад.
- Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия набояд тарзе маънидод шавад, ки гӯё ба ҳар як давлат, гурӯҳи ашхос ё шахсони алоҳида ҳуқуқи дар ҳама гуна фаъолият иштирок кардан ё ҳама гуна амалро анҷом доданро медиҳад, ки мумкин аст боиси халалдор гардидани ин ё он ҳуқуқ ё озодиҳои дар ҳамин Ковенсия пешбинишуда гарданд.
Моддаи 82
Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ҳамин Конвенсия пешбинӣ шудаанд, рад кардан мумкин нест. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо овардани фишор, новобаста аз шаклаш, то онҳо ҳар як ҳуқуқи дар боло зикрёфтаро инкор ё рад кунанд, иҷозат дода намешавад. Дар асоси ягон қарордод маҳдуд кардани ҳуқуқҳои дар ҳамин Конвенсия эътирофшуда иҷозат дода намешавад. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини риояи ин принсипҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Моддаи 83
Ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия уҳдадор мешавад, ки:
а) ба ҳар шахс ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Конвенсия эътирофшударо, ки вайрон шудаанд, таъмин созад ва воситаҳои самарабахши ҳимояи ҳуқуқиро, ҳатто агар ин вайронкунӣ аз ҷониби шахсони ба сифати расмӣ амалкарда содир шуда бошад, ба кор барад;
- b) шароите фароҳам созад, ки даъвои ҳар кадом шахс, ки чунин ҳимояро тақозо мекунад, баррасӣ гардад ва аз рӯи он қарори босалоҳияти ҳокимияти судӣ, маъмурӣ ё қонунгузорӣ ё ҳар кадом мақоми салоҳиятдори дигар, ки низоми ҳуқуқии Давлат пешбинӣ кардааст, бароварда шавад ва имкониятҳои ҳимояи судӣ инкишоф дода
шавад;
с) истифодаи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро аз тарафи ҳокимияти босалоҳият вақте, ки онҳо пешниҳод мешаванд, таъмин намояд.
Моддаи 84
Ҳар як давлати иштирокчӣ уҳдадор мешавад, ки тадбирҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигари заруриро барои ба амал баровардани муқаррароти ҳамин Конвенсия андешад.
ҚИСМИ IX. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 85
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуздорандаи ҳамин Конвенсия таъин карда мешавад.
Моддаи 86
- Конвенсияи мазкур барои имзо кардани ҳамаи давлатҳо кушода аст. Вай бояд тасдиқ карда шавад.
- Конвенсияи мазкур барои ҳамроҳшавии ҳар як давлат кушода аст.
- Тасдиқномаҳо ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
Моддаи 87
- Конвенсияи мазкур дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани се моҳ аз рӯзи барои нигоҳдорӣ супорида шудани ҳуҷҷати бистум оид ба тасдиқ намудан ё ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар кадом давлат, ки Конвенсияи макурро тасдиқ мекунад, ё ба он баъди эътибор пайдо карданаш ҳамроҳ мешавад, Конвенсия дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани се моҳ аз рӯзи барои нигоҳдорӣ ҳуҷҷати худро оид ба тасдиқ намудан ё ҳамроҳшавӣ супоридани ин давлат, эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 88
Давлате, ки Конвенсияи мазкурро тасдиқ мекунад, ё ба он ҳамроҳ мешавад, наметавонад, истифодаи ҳар кадом қисми вайро истисно кунад, ё бе ягон зарар барои моддаи 3, истифодаи онро нисбат ба категорияи алоҳидаи муҳоҷирони меҳнатӣ истисно кунад.
Моддаи 89
- Ҳар кадом давлати иштирокчӣ метавонад Конвенсияи мазкурро на барвақттар аз баъди гузаштани панҷ сол баъди барои давлати мазкур эътибор пайдо кардани Конвенсия аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби генералии СММ, якҷониба онро бекор кунад.
- Чунин бекоркунӣ дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рӯзи огоҳиномаро гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, эътибор пайдо мекунад.
3.Чунин якҷониба бекор кардан давлати иштироккунандаро аз уҳдадориҳояш, ки марбут ба ҳамин Конвенсия буда нисбат ба ҳар амал ё бефаъолиятии то рӯзи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба ҷойдошта, озод намекунад ва бекоркунии якҷониба барои баррасии минбаъдаи ҳар гуна масъала, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани чунин бекоркунии якҷониба аллакай мавриди баррасии Кумита қарор гирифта буд, ҳеҷ зараре намерасонад.
4.Баъди эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷонибаи давлати иштирокчӣ, Кумита баррасии ҳар кадом масъалаи навро нисбат ба ин давлат оғоз намекунад.
Моддаи 90
- Баъди гузаштани панҷ сол аз рeзи эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур дархост дар бораи таҷдиди назар кардани ин Конвенсия мумкин аст ҳар вақт аз тарафи давлати иштирокчӣ аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ба миён гузошта шавад. Котиби генералӣ сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлати иштирокчии ҳамин Конвенсия ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд то ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъват кардани конференсияи давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади баррасии ин пешниҳодҳо ва гузаронидани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз рӯзи ирсоли чунин нома ҳадди ақал аз се як қисми давлатҳои иштирокчӣ чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои иштирокчии дар овоздиҳӣ ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шуда аст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда мешавад.
- Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шуданашон ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои иштирокчии ҳамин Конвенсия мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул карда шуданашон эътибор пайдо мекунанд.
- Ҳангоме ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, онҳо барои давлатҳои иштирокчие, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешаванд, аммо барои дигар давлатҳои иштирокчӣ муқаррароти Конвенсияи мазкур ва ҳар кадом ислоҳоти қаблӣ, ки аз тарафи онҳо қабул карда шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонанд.
Моддаи 91
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид мулоҳизаҳоеро, ки давлатҳо ҳангоми имзо кардан, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудан баён кардаанд, қабул карда ва ба ҳамаи давлатҳо ирсол менамояд.
- Ба мулоҳизае, ки ба мавзӯъ ва мақсадҳои Конвенсияи мазкур мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.
- Мулоҳизаҳо мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳиномаи дахлдор, ки ба унвони Котиби генералии Созмони Милал Муттаҳид фиристода мешавад, бозпас гирифта шаванд, ки сипас дар ин хусус ба ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ хабар дода мешавад. Чунин огоҳинома аз рӯзи гирифта шуданаш эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 92
- Ҳар гуна баҳс байни ду ё якчанд давлатҳои иштирокчӣ дар мавриди тафсир ё истифодаи Конвенсияи мазкур, ки аз тариқи гуфтушунид ҳал нашудаанд, бо хоҳиши яке аз онҳо ба баррасии ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз рӯзи супоридани ариза оид ба баррасии ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар мавриди баргузории баррасии ҳакамӣ ба мувофиқа расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо баҳси мазкур мумкин аст вобаста ба мақоми суд ба Суди Байналмилалӣ бо тарзи пешниҳод намудани ариза супорида шавад.
- Ҳар як давлати иштирокчӣ ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани Конвенсияи мазкур ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он метавонад изҳор намояд, ки вай худро побанди уҳдадориҳои аз банди 1 ҳамин модда бароянда намеҳисобад. Дигар давлатҳои иштирокчӣ худро побанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати ягон давлати иштирокчӣ, ки чунин изҳорот баён намудааст, намеҳисобанд.
- Ҳар кадом давлати иштирокчӣ, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад дар ҳар лаҳза бо огоҳ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид изҳороти худро бекор кунад.
Моддаи 93
- Ҳамин Конвенсия, ки матнҳои аслии англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи Конвенсияи мазкурро ба ҳамаи давлатҳо ирсол менамояд.