Моҳи августи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр, муовинон ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилот ва муасссисаҳои дахлдор, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши ҷомеа дар таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ» ташкил ва бургузор карда шуд.

Дар чорабинии доиргардида масъулини Агентӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррурсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ