Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукурзода М. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора зад.

Чунончи, Шукурзода М. ҳамчун шахси мансабдор қасди гирифтани пораро назди худ пеша намуда, моҳи феврали соли 2025 барои дар доираи ваколатҳои хизматиаш ба манфиати намояндаи порадиҳанда М.М. иҷро кардани амали муайян, яъне нисбати додари номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ қарордошта оғоз накардан ва қатъ намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, маблағи 20000 сомонӣ аз шаҳрванд М.М. талаб намуд.

Сипас, худи ҳамон моҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шукурзода М. баъд аз ба сифати пора гирифтани маблағи пулии 20 000 сомонӣ аз шаҳрванд М.М. дар дохили воситаи нақлиёти худ дар ҳудуди шаҳри Исфара дастгир карда шуда, маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ў ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Шукурзода М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ