Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки Абдуқодирзода А.А. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлол» (ҳозира Вобканд)-и ноҳияи Қубодиён кору фаъолият намуда, давоми фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
Чунончи, Абдуқодирзода А.А. қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, дидаву дониста аз он ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, моҳи марти соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд К.Ш.Ҷ. даромада, аз охирин барои аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлол» (ҳозира Вобканд)-и ноҳияи Қубодиён ҷудо намудан ва ҳуҷҷатгузорӣ карда додани се адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ як адад автомашинаи тамғаи «ТOYOTA CAMRY» соли бароришаш 2009-ро бо арзиши 75000 сомонӣ талаб карда гирифт.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуқодирзода А.А. парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷинояти дар моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуотӣ Агентӣ