Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Нурматов Ҷ.Р. дар мансаби сардори шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ зад.
Чунончи, Нурматов Ҷ.Р. моҳи марти соли 2025 баъди расман ворид шудани аризаи шаҳрванд Ё.С.Ҳ. вобаста ба ҳолати доду гирифти маблағи пулӣ бо шаҳрванд К.О.С. онро барои баррасӣ ба муфаттиши шуъба Бадавлатзода Р.Ҳ. вобаста намуд. Зимнан Нурматов Ҷ.Р. қасди ба даст овардани даромади муфтро назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Бадавлатзода Р.Ҳ. барои рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд К.О.С. аз охирон маблағи 40000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтанд.
Ғайр аз ин, Нурматов Ҷ.Р. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, бо ҳамин роҳу усул дар се ҳолати дигар ба воситаи дигар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ барои ба манфиати шаҳрвандон ҳал кардани натиҷаи баррасии маводҳои санҷишии дар истеҳсолоти муфаттишони шуъбача қарордошта, бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ҷамъ маблағи 137 000 сомониро гирифта, онро якҷо бо шарикони ҷиноятии худ ба манфиати шахсиашон сарф намуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Нурматов Ҷ.Р. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 319 қисми 3 ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Ошкори ҳолати гирифтани пора аз тарафи шахсони мансабдор
2025-08-14
Шумораи боздидҳо: 910