Бо гузаронидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сиддиқов Б.Б. муайян карда шуд, ки номбурда дар вазифаи сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва баъдан муҳосиби ин муассиса кору фаъолият карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматиаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятхои қасдона зад.
Чунончи, Сиддиқов Б.Б. қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро назди худ пеша намуда, давоми солхои 2022 – 2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш меъёри музди маоши моҳонаи кормандони Беморхона ва дигар пардохтҳоро дар маълумотномаҳои ба раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Варзоб пешниҳодшуда қасдан барзиёд нишон дода, баъдан дар асоси супоришномаҳои пулгузаронии қалбакӣ давра ба давра ҷамъ маблағи 1 147 744 сомониро ба суратҳисоби корти бонкии худ гузаронида, онро ба манфиати шахсиаш хароҷот карда, тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид.
Инчунин, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш бо рохи фиреб ба боварии сармуҳосибони як қатор муассисаҳои давлатии дар ҳудуди ноҳияи Варзоб фаъолияткунанда даромада, давоми солҳои 2022 – 2025 бо роҳи нодуруст тартиб додани ҳисоботҳои муҳосибии онхо ҷамъ маблағи 247 440 сомонии муассисаҳои болозикрро ба суратҳисоби бонкии худ гузаронида, дар натиҷа онро тасарруф кард.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Сиддиқов Б.Б. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон
2026-04-01
Шумораи боздидҳо: 115