Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки Атаҷонов Н.Р. аз моҳи феврали соли 2020 то октябри соли 2024 дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «30 солагии Истиқлолият-2019»-и шаҳри Турсунзода кору фаъолият намуда, давоми фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба ҷиноят зад.
Чунончи, Атаҷонов Н.Р. қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ назди худ пеша намуда, тахминан моҳҳои январ-феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд С.И.Р. даромада, аз номбурда барои аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии «30 солагии Истиқлолият-2019»-и шаҳри Турсунзода барои ҷудо карда додани 2 га қитъаи замин ҷиҳати бунёди боғи ангур маблағи 42000 доллари ИМА ва тахминан моҳҳои январ-феврали соли 2022 аз шаҳрванд К.А.С. барои ҷудо карда додани 1 га қитъаи замин барои бунёди боғи ангур маблағи 21000 доллари ИМА гирифт.
Атаҷонов Н.Р. баъди гирифтани маблағҳои зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиҷоти шахсиаш сарф намуда, ба тасарруфи худ даровард, ки бо ин кирдори қасдонааш ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Атаҷонов Н.Р. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338¹ қисми 2 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуотӣ Агентӣ