Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки Паҳлавонзода А.А. дар вазифаи сардори шуъбаи омори ноҳияи Ҷайҳуни Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
Чунончи, Паҳлавонзода А.А. қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ назди худ пеша намуда, дидаву дониста аз он ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, моҳи ноябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ш.М.А. даромада, аз охирин барои аз ҳудуди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷудо намудан ва ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 420 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 42.000 сомониро талаб карда гирифта, ягон амали муайянро ба манфиати шаҳрванд иҷро накарда, маблағи зикршударо ба тасарруфи худ ворид намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Паҳлавонзода А.А. парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷинояти дар моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.