Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Латифов У.А. нишон дод, ки номбурда аз 8 феврали соли 2021 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора зад.
Чунончи, Латифов У.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, моҳи марти соли 2025 зимни муроҷиати соҳибкори инфиродӣ П.Н.М. вобаста ба қатъ кардани фаъолияти соҳибкориаш аз фурсати муносиба истифода бурда, барои иҷрои амали зикршуда маблағи 55000 сомониро ба сифати пора талаб намуд.
Сипас, Латифов У.А. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, давоми моҳи марти соли ҷорӣ дар якчанд маврид дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз шаҳрванд П.Н.М. ҷамъ маблағи 49572 сомониро барои қатъ кардани фаъолияти соҳибкории номбурда ба сифати пора гирифт, ки дар натиҷа баъди гирифтани маблағи ниҳоӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса дастгир гардид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Латифов У.А. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ