Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Назризода Т.М. муайян намуд, ки номбурда аз 19 декабри соли 2019 то 9 феврали соли 2024 дар маснаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст задааст.
Чунончи, Назризода Т.М. қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи қаллобӣ назди худ пеша намуда, моҳи июни соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор А.Р.М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи гирифта додани иҷозати МИҲД ноҳияи Ҷайҳун ва эҷод кардани монеагӣ барои ивази қубурҳои обгузари фарсудашудаи ҳудуди деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти Панҷи ҳамин ноҳия маблағи 245 000 сомониро талаб карда гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Назризода Т.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо андешидани чораҳои дахлдор зарари расонидашуда пурра барқарор карда шуд. Парванди ҷиноятӣ баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ